Бахшҳо

Бонки миллӣ: Нархҳо муътадиланд, расонаҳо ҳангома месозанд

Бонки миллии Тоҷикистон хабари расонаҳо дар бораи боло рафтани нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввалро ҳангомасозӣ хонда, таъкид кардааст, ки нарх дар бозорҳои кишвар муътадил мебошад.

Ин ниҳод имрӯз, 9 феврал бо пахши як иттилоия изҳор доштаст, ки нархҳо соли 2015 муътадил буданд ва он болоравие, ки дар моҳи январ сабт шудааст, таъсири бардавоми буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳамарӯза нархҳоро дар кишвар пайгирӣ мекунад ва иқрор кардааст, ки моҳи январ нархи бархе аз маҳсулот, ки аз хориҷ ба ивази асъори хориҷӣ ворид мегарданд, боло рафтааст: “Дар айни замон, тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад. Ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад”.

Тибқи таҳлили Бонки миллӣ нархи маҳсулот дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ поинтар буда, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ доранд.

Ин ниҳод намояндагони васоити ахбори оммаро муттаҳам мекунад, ки рӯзҳои охир бе таҳлили амиқ хабарҳоеро оид ба тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои кишвар ба нашр мерасонанд, ки ба авзои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ доранд: “Дар шароити феълии буҳронӣ сару садоҳои беасос боиси ба эҳсосот ва ҳангома дода шудани шаҳрвандон ва афзоиши омилҳои интизорӣ гардида, барои бо мақсадҳои ҳаннотӣ боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад”.

Бонки миллӣ оромию таҳаммулро барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор муҳим хонда, таъкид намудааст, ки дар назар аст, шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон оҳиста-оҳиста коҳиш ёфта, бо андешидани чораҳои зарурӣ вазъ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд: “Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу нозуки авзои молиявию иқтисодӣ, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, мо, ҳамагон, шаҳрвандони гиромӣ ва аз ҷумла, рӯзноманигорони асил бо масъулияти баланди касбию шаҳрвандӣ ба вазъи феълӣ муносибат намуда, диққати худ ва ҷомеаро бештар ба унсурҳои ба маротиб ҷиддитар, аз қабили ривоҷ додани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тавлиди маҳсулот дар кишвар, эҳтироми пули миллӣ ва истифодаи дигар фишангҳоеро, ки барои ба даст овардани ин мақсадҳо мусоидат менамоянд, равона созем”.

Мӯҳр
Тибқи таҳлили Бонки Миллӣ нархи маҳсулот дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ поинтар буда"

аз музди маоши давлатхои ИДМ ва "покупательный способность"-и онхо дарак хабар маълумот доред акалан?

Салом ба банки Милли ва озодагон дар бозори имруза хамон банкиро хурда хобанд кай парвои бозор мекунанд ба инхо серка барра мебиеран ки мера бозор ланкрузерои 100,000$ савор кай фикри мардуманд боз закон мебурорад пула хурда хов мера

рачаб
шарм кунед бонки милли - нархи бозор дар осмон мардум камбагал - ино вохима меган

точикистонро тухмат мекнан нархи долар хам хеч вакт боло нарафтааст

дар ғами миллат
Вакте буҳрон набуд, "мо рузноманигорони гиромӣ" ва "рушди соҳибкорӣ" ба ёди шумо масъулон намерасд. Акнун ба ёдатон рушди соҳибкорӣ зад? Дар вакти бепуливу нодорӣ? Ин фикра бояд барвакттар, чор панҷ сол пештар, вакте кумакҳои хориҷӣ сарозер мешуд, мекардед...Мардум оши худоӣ кофта гаштаст ки шикама сер кунад, шумо акнун "дар ғами миллат".

Мундукбой
Дуруст, хамин хизби нахзату муллохои тамаллуккору, расонахо намебуданд, хукумати дехотии мо тамоми фермахои чорводори ва бахши агросаноатии кишварро замонави карда нархи як кило гуштро то 5 сомони мукаррар мекард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)