Бахшҳо

Ҷавони тоҷик дар Брянск арӯс меҷӯяд

Як ҷавони 29-солаи тоҷик барои пайдо кардани бахт ба вилояти Брянски Русия рафтааст. Ӯ тавассути як нашрияи маҳаллӣ мехоҳад ҷуфташро пайдо кунад.

Фирдавс Шокиров, як зодаи Тоҷикистон, ки чанд сол қабл ба Русия кӯч бастааст, қасд дорад, бо хонуми русе издивоҷ намояд. Барои ин вай ба рӯзномаи “Десница” муроҷиат кардааст. Ӯ гуфта, дар шаҳри Почеп манзил харидорӣ карда ва мехоҳад ҳамсари ояндааш аз Брянск бошад: “Ман дар бораи духтарони Брянс зиёд шунидаам. Мегӯянд, онҳо хеле бомуҳаббату содиқанд. Маҳз барои чунин як бону ман ба вилоят омадам”.

Ба навиштаи рӯзнома Фирдавс маълумоти олӣ дошта, аз рӯи тахассус омӯзгори забони англисӣ мебошад. Ӯ гуфта, дар Душанбе зода ва ба воя расидааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардаву дар пойтахти Тоҷикистон донишгоҳро ба анҷом расондааст. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон дӯстдухтар дошт, аммо баъди он ки падарашро маҳбас карданд, хонаводаи духтар аз онҳо рӯ гардонд: “Баъди ин дигар ба духтарони тоҷик нигоҳ накардам”.

Фирдавс гуфтааст, баъди ин воқеа чанд сол қабл ба Русия омад ва нахуст дар Маскав дар яке аз ширкатҳои бонуфуз ба фаъолият пардохт: “Дар наврасӣ орзу доштам ба русдухтар издивоҷ кунам. Ҳоло вақти амалӣ кардани ин орзу расидааст. Нахуст мехостам дар пойтахти Русия издивоҷ кунам, аммо муваффақ нашудам. Бештари онҳое, ки шинос мешудам, мехостанд аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кунанд, қисми дигарро тоҷик будани ман метарсонд”.

Ба гуфтаи ӯ, баъдан Брянскро барои зиндагӣ ихтиёр кард ва мехоҳад минбаъд ҳаминҷо ба сар бубарад: “Медонам, ки рӯзномаи шуморо духтарони зиёди хубе мутолиа мекунанд ва бовар дорам миёни онҳо нафаре, ки орзу дорам ҳаст”.

Ин ҷавони тоҷик гуфта, аслан мехоҳад, бонуи орзуҳояш то 28-сола бошад ва агар кӯдак ҳам дорад айбе нест.

Акс аз торнамои province
Мӯҳр
мухочир
Духтарои точика хитойи афгоно бгиран ту инчода урус бков

Муслим
Ассалому алайкум
Бо ,ки хонадор шудан ин хаккиту аст Фирдавс , аммо хамсаратро бояд мусулмон намои ва намозхониро ба у ед дихи, боки боке надорад.мухочир,

Тоҷик
Худо бигира ту мулоимхунука

Вафо
Офарин бачам як духтари чавони русро интихоб куну ба таври худ тарбия намо ва албата мусулмон кунша хам дар ин дунё шафоат меёби хам дар он дунё

Ну ладно пойдёт с ребёнком тоже.. Чтлбы получить гражданство

е
Зани русда сахар да чогаш кофе мебиери. Бо бегахи баъди ужин косаву табакро мешуи. Аввал хамин корхоро ед гиру баъд зани рус бигир.

ho u baroi shahrvandi mekhohad zani rus bigirad . naboshad digar chi dukhtarero ki nadoniyu nashinosi baroi chi ba zani megiri...........?????

Хай нестай, модам ягон ауси урус, суме нест ки туй пуй кнем. Уруса мегири як никохш мекни тамом, на калин мега на ош пош. Осони бадай, да и кризис сум нест!

Ошики як шоира.
Фирдавсшох ошики мазхабу миллат надорад.Русдухтархо аз духтарони точки феьлан фарк доранд..Медонам,ки кадом духтари точки,кадом марди хоричиро мегирад.Афгонхову арабхову туркхо ва хитоихо Райта аз рустохо духтари дехконсурату рузгордор ва чавонзанхои бешавхару бузургсолро намегиранд..
Ба Онхо духтарони миниатюрниву фигурадору пардоздору орову торо года шуда лозим АСТ.Бештар ба духтарони шахринишину ба хунармандони сахнави монандро ба зани мегиранд.Духтарони точки бошанд,ба хамон тоифахои бою сарватмпнд моиланд.Аз хеч кас маслихат мапурс,гапи ягон касро гуш накун.Духтарону чавонзанхои точки,аз Харон афгону араби факиру Нобору каландаршаклу качкул ба даст безоранд.Бой,сарватманд дили Онхо мехохад..Ишку мухаббат нест.Духтарони рус Паси дорогиву нодориат намегарданд..Дилат агар ишку мухаббат дошта бошад,хамон дилатро,чонатро дуст медоранд..Он касоне,ки ишора ба он мекунанд,ки ба зани гирифти УРО мусулмон кун,алхазар аз як хел мусулмонии шумо точикони азизам..Дар Точикистон числом хаст,мусулмониву инсоф нест..Занхову духтарони рус,тифлакони партофтаи занхои узбеку точикро тарбия доранд..Хайати эчодии "Озодагон",илтимос чоп кунед.Банда мушохида мекунам,ки андешахои чандини Манро сарфи Назар кардед..Ба бахс касеро интизор нестам..

Ҳоҷӣ
Э бача, беваҳои худамон кам буданд, ки он ҷо занковӣ рафтӣ?Боз "кӯдак ҳам дорад, айбе нест" будааст...Давида биё. ки духтарҳои худамонро хитоиҳо гирифта истодаанд!

Фирдавс, амали хайр пеша кардаӣ, Як фарҳанги хонадории тоҷикиро нишон деҳ!

мехмон
Фирдавс ! Додарчон як аппарати самагонтайёркуни хам бихар. Ягон ящик сигарети арзон аз Точикистон биёр. То хело вакт азоб намекаши. Фейрии бо буи лимон бихар косаву табак ки шушти дастата намезанад.

ЗАФАР КУРБАНОВ
ба акидаи ман пасттарин ва безебтарин духтар/зани точик аз зеботарин ва бехтарин зани гайри точик болотар меистад. занони мо бехтарин занхоо аст. ба кадри зан - модари точик расидан лоим, бародар Фирдавсбой

Маълим
И бачара, ба фикрам, як ҷояша мурча ҳанӯз нагазидааст.
Чизҳое, ки ӯ мегӯяд, ҳамааш субъективӣ аст, яъне хоси ҳар шахси алоҳидаанд, ки аз оила, таълим ва тарбияи гирифтаи ҳар шахс вобастаанд.
Фирдавс шояд аз рафтори он дустдухтари собиқаш дилсард шуда бошад, лекин аз пушти як нафар баҳо додан ба тамоми халқ ё миллате кори оқилона нест. Ба ӯ тавсия медиҳам, ки шитоб накунад, рафта дар дигар кишварҳо сайругашт кунад, тавонад он ҷо як ё ду сол зиндагӣ кунад. Ана баъд, ҳар чизе ки мегуфт, шахсан ман қабул мекардам.
Дунё фаротар аз он чист, ки мо мебинем ва мешунавем.
800 сол пеш бобои Мавлавӣ гуфта буданд: Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме...

Маъруф Намозович
Ребёнок от смешанных браков это хорошо, но парень будь осторожен в высказываниях и помни своя рубашка ближе к телу.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)