Бахшҳо

Буҳрон дар “мардикорбозор”: 20 рӯз шуд, коре нест...

Теҳрон Файзов, коромӯз

Буҳрони иқтисодӣ ва бозгашти дастаҷамъии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия, сафи корҷӯёнро дар мардикорбозорҳои Душанбе зиёд кардааст. Корҷӯён мегӯянд, гарчанде ҳаққи хизматро дар бозори меҳнат дар муқоиса ба як соли пеш ба маротиб кам кардаанд, вале наметавонанд корфармое пайдо кунанд.

Машраб Ҳакимов, сокини 54 солаи ноҳияи Восеъ, яке аз корҷӯёни мардикорбозори маҳаллаи “Гипрозем»-и шаҳри Душанбе, мегӯяд, 20 рӯз мешавад, мунтазири пайдо кардани кор аст.

Ҳакимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қариб ҳама кор аз дасташ меояд, лекин дар мардикорбозор корфармое нест, ки барои иҷрои коре ӯро даъват намояд: “Кризис аст, кор нест. То соли 2003 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Маскав мерафтам, аммо бемор шудаму дигар рафтан натавонистам. Корҳои электрикӣ ва сварка кардан метавонам”.

Ба гуфтаи Ҳакимов монанди ӯ зиёданд нафароне, ки дар мардикорбозор наздики як моҳ мунтазири кор ҳастанд: “Бекорӣ ва рӯз то бегоҳ интизор нишастан корҷӯёнро аз мағозаҳои назди мардикорбозор қарздор кардааст. Аз ҳамин ошхонаи назди бозор ҳама қарздоранд. Руйхати қарзашонро бубинед ба маблағи то 200-300 сомонӣ ғизо хӯрдаанду наметавонанд ҳаққашро пардохт кунанд”.

Ҳамсуҳбатамон афзуд, дар ярмаркаҳои ҷойҳои кори холии давлатӣ иштирок кард, аммо он маошеро, ки пешниҳод мекунанд, ҳатто барои роҳкиро намерасад: “Хароҷот зиёд. Шахсан ман як рӯз дар маршути №19 рафтам, аз ман 2 сомонӣ талаб кард. Гуфтам тирезата бин як сомонию шаст дирам навишта шудааст. Гуфт, ин кам аст, ҳеч чӣ намешавад. Қариб 70-80 фоизашон ҳамин хел мекунанд. Аммо мо дар ин мардикорбозор даҳрӯзаҳо мешавад, ки тамоман кор намеёбем”.

Ҳакимов гузаштаро зикр кард, ки рӯзе то ду се корро пайдо мекарду анҷом медод: “Аммо ҳозир ҳоли мардуми коргар дар ин ҷо вазнин аст. Дар Маскав ҳам ҳол бад аст. Боз нархи равғану орд низ қимат шудаст”.

Бекории мардикорҳои Душанбе дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия бозгашти оммавии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия идома дорад. Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия моҳи январи соли равон бо нашри як гузориш иттилоъ дод, ки тайи як моҳи ахир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин Русия 3,8 фоиз кам шудааст.

Дар пасманзари ин раванд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паём ба парлумон ба масъулини давлат дастур дод, ки ба бозгашти муҳоҷирон омода бошанду дар дохили кишвар ҳар чӣ бештар ҷойҳои нави корӣ муҳайё кунанд.
Мӯҳр
Шукрулло
Шукрона кунед, шукрона.

Саид
Ба фикрм дар точикистон кариб хама бекораи.

и мардикор шарманда кард у бояд мегуфт ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта дах баробар хуб шудааст ба фикрам тв хои худамонро тамошо намекунад ки аз сан.ати сухан дур мондааст

Аз ами фарханги шигрона буд ки то хамин пастихо расидем

То як ноамни нашавад мо ба амнияти озодию ороми ва серию пуррива намерасем.

Точикистонро ман хамчун кишвари пешрафта ва демократию озод мебинам.э рахмон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)