Бахшҳо

Сафорати Эрон нармафзори табдилгари хатти форсӣ ба кирилӣ ва баръксро фаъол кард

Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон нармафзореро бо номи “Беҳрӯзиён” фаъол кардааст, ки навиштаҷоти форсиро ба кирилӣ ва кирилиро ба форсӣ баргардон мекунад. Ин нармафзор дар вебгоҳи Пажуҳишгоҳи форсӣ тоҷикӣ қобили дарёфт ва истифода қарор гирифтааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар маросими сиву ҳафтумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ гуфт, ки илова бар нусхаҳои роёнаӣ, нусхаҳои таҳти веб ва қобили истифода дар анвои системаҳои омили гӯшиҳои телефони ҳамроҳ низ фароҳам шуд, ки ба манзури истифодаи ройгони умум дар вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нишониҳо боргузорӣ шуд.

Ҳасан Қарибӣ, мудири ҷадиди Пажуҳишгоҳ ба “Озодагон” гуфт, ки ин нармафзор ба манзури таҷлил аз заҳматҳои равоншод Абдураҳими Беҳрӯзиён, сарпарасти собиқи Пажуҳишгоҳ ба номи эшон гузошта шудааст: “Марҳум Абдураҳим бо талоши бевифқа муваффақ ба тарроҳӣ ва иҷрои нармафзоре гардид, ки хатти кириллиро ба форсӣ табдил менамуд. Вай дар гоми баъд даст ба кори таҳияи нусхаи мубаддили хатти форсӣ ба кириллии ин нармафзор гардид, ки дасти тақдир иҷозаи такмили онро надод”.

Ба гуфти Қарибӣ тафовути нармафзори мавҷуд бо мавориди мушобеҳ, баҳрагирӣ аз матнҳои форсӣ ва тоҷикӣ (кириллӣ) дар танзими додаҳо ва қобилияти худсозӣ ва такмили тадриҷии он аст.
Мӯҳр
Салом! Исломи бо инки дар форси ёи нисбат дорад вале дар Чумхурии Исломии Эрон бо харфи калон навишта мешавад мисли: ИМА ё фамилияи як шахс масалан хамин Фагони. Бо ташаккур

Ошики як шоира.Дури.
Хозира чавонон на ба харфи кирилли навишта метавонанду на ба форси.Боз дар оянда хам фарзандони Онхо бесавод мемонанд.Асри 21-асри бесаводиву кахолати МО мебошад.Он тарафаш ба худо маьлум.Хохишмандам фахмонед,ки маьнои "вижа","вожа","веб" чи мебошад?
Нармафрозиашро фахмидам,ачаб сифати занонае будааст.Намешавад,ки ба чавонони МО,тарзи истехсоли бензину газро омузанд.МО ,чи мардуми точки хамаамон яку якбора филологу забоншиносу домуллову мусикинавозу шеьрхон шуданием?Замони пешравии илму тараккиети техники,МО дар кадом асрем.Японхову хитоихо бо:"еь,доь, пинь,меь",чахонро гирифтанд,МО бошем,вел,мелу хелу вебу зеб,гуфта гаштемгаштем.Рафики ман маьшукаашро Гулбашакархонбовафогул номидааст..Холо чанчолхо аз пеш АСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)