Ташкили муассисаи нави давлатӣ бо 224 ҷои кор дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор, низомнома, теъдод ва маоши кормандони муассисаи нави давлатиро тасдиқ кардааст, ки ба нигоҳдории иншооти варзишӣ машғул хоҳад буд.
Тибқи қарори Убайдуллоев, муассисаи давлатии навтаъсиси «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ» 224 нафарро бо кор фаро мегирад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ 57 майдончаи варзишӣ, ки то ҳол аз ҳисоби буҷаи Душанбе бунёд гардидаанд, бо мудир, мураббӣ, посбон ва рӯбанда таъмин мешаванд ва мутаносибан-715, 580, 340 ва 320 сомонӣ маош мегиранд. Маблағе, ки барои пардохти маоши коргарони муассисаи давлатии нав аз буҷаи Душанбе сарф мешавад, барои як сол 1 миллиону 346 ҳазору 760 сомонӣ ҳисоб шудаст.
Раиси шаҳри Душанбе ҳадаф аз ин қарорашро нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки майдонҳои варзишӣ, фароҳам овардани имконоту шароити мусоид барои камолоти варзишгарони касбӣ, ташаккули фишангҳои муттаҳидсозӣ ва дӯстӣ байни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткориву рафторҳои ношоиста миёни ҷавонон арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |