Бахшҳо

Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)

Манобеи “Озодагон” аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Обид Мақсудов, писари “Эмом хубак”, ки бо иттиҳоми қатли Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк”, боздошт шуда буд, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Обид Мақсудов дар муноқишаи шоми 18 феврал дар назди Наврӯзгоҳи пойтахт ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи махсуси Вазорати умури дохилӣ таҳти назорати табибон қарор дорад. Манбаъ афзуд, дар баробари Обид Мақсудов дар марги Зафархон Азимов як нафари дигар низ муттаҳам мешавад, ки феълан мавриди кофтукоб қарор дорад.

Обид Мақсудовро падараш - Эмом Мақсудов, соҳибкори тоҷик як рӯзи баъд аз қатли “Зафар бедняк” ба мақомот таслим намуда буд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Обид Мақсудов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти парванда алайҳи ӯ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон итилоъ дода буд, ки Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо корди дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".

TojNews бо такя ба манобеи худ мегӯяд, 55 ҳазор доллари таваққуфгоҳи мошинҳо боис ба муноқиша миёни наздикони Эмом Мақсудов ва Зафар Азимов шудааст: "Ҳардуи инҳо дар як гӯшаи шаҳр таваққуфгоҳи мошинҳои умумӣ доштаанд".

Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш бо моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон-авбошӣ дар ҳолати махсусан хавфнок, суд шудааст.

Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмома хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Дар гузашта бародари Эмом -- Билол Мақсудов бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии 57 кило маводи мухаддир ҳабс шуда буд.

Зафархон Азимов, ки рӯзи 19 феврал ҷасадаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт, аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мешавад, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.


Дар аксҳо: Обид Мақсудов

Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)

Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)


Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)

Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)
Мӯҳр
Эмом Хубак не, Эмом Хуяк!!!!!!!!!!!!!!!!

Сарлаха бояд ин тавр монда мешуд:
Қатли “Зафар бедняк” аз тарафи "Эмом Хубак"

Ана расм
Озодагон, ин расм ба матн хеч иртибот надорадууу. Ин расм аз мунокишаи точику киргиз дар сархад, Мардума фиреб мекнед

мирзо
Хабаргузории Озодагон дар холе сомонаи шумо машхур ва серхонанда аст бояд ин масъулиятро ба зима гиред:ба самъи масъулини хукумат,органхои дахлдор,мудофиа,вазорати амнияту сархад бирасонед бо-номаи махсус ки мунокиша ва масъалаи марзу бум миёни Киргизистон ва Точикистонро кай халу фасл менамоед?дар холе парчами-ин кишвари хамсоя то хануз дар боми хонахои точик овезон асту илова шахрвандони точикро шахрвандии давлати худ пешниход кардаанд то кай хомуширо пеша мекунед?гайрату шучоат ва хису нангу номуси милли доред ё не?ШопРаҳимбек,

Шумо мехостед дигар сарлавха бошад. Зафар бо фармони Точидин командир ва Сухроби Оьид Максудовро ба катл расонданд. Но жизнь бумеранг как они убили Киема так он и получил и по приказу этих же людей....

У як наркобарони пеши Точикистон АСТ дуруг нагуед камтар суханхои хак нависед
ШопРаҳимбек,

Сурат сурати кияй аку - Зафархон Азимов ё Обид Мақсудов? Кира кобем, бо телефонҳои 221-21-21, 221-15-42, 221-00-15 ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳем?

nabi farhor
Ин мунокишахо хамааш аз масти хаст.Дар ин хел гуруххо кризис вучуд надорад.Як бор фикр намекунанд,ки конун вучуд дорад.

Камол
И Обид ай кудакиш хамихели буд. Чанд нафари дигарро низ парондагиаст аммо тенч мекардануш акнун ин Зафар бизнесмени калон, ки хаст мачбур шидан Обида ба хбс гиран лекин боз мебини ки 5-6 сол пас аз махбас мебуроя

Баъди хондани ин матлаб эхсос мекуни мардуми точик хама авбошанду чинояткор, яке ба духтараш тачовуз мекунаду мекушад дигар ба хотири пул дигариро ба катл мерасонад, аз боло то пойин хама хилоф, горат дузди фиребгари.
Ту хам сайти Озодагон дарди дили мардумро ба пурраги чоп намекуни,аз тарси он ки пагох сайтро махкам мекунанд.
Ба доди мардуми бечораву бекас ки мерасида бошад.

Модоме,ки бо моддаи 237 кисми 3 дархолати ретсидиви махсусан хавнок суд шуда бошад,аз ин бармеояд,ки у гайр аз авбоши пеш аз ин боз дигар чиноятхои вазнину махсусан вазнин содир кардааст...ШопРаҳимбек,

Tojik
Бо доштани 1 таваккуфгох ва ё корхонаи ба давлат таалукдошта ё магозаи масолехи сохтмони одам сохибкори муваффак намешавад. Бо чунин давлатдорию сохибкории муваффакона Точикистон дар ин ахвол аст.

беном
Ана кор ранги дигар гирифт дар ича як каси дига хам бдай меган. Хай гноха дар калаи у мезанан ба хами тамом. Корча зан дар озоди

Достон
Сухроба чиба намекован у хам гунахгорай...Зафара хаму бурд пеши Обид..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)