Бонки Миллӣ фоизи қарзҳояшро боло бурд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарораш аз 8 феврали соли равон, меъёри бозтамвилро дар кишвар як фоиз боло бурда, дар сатҳи 9 фоизи солона муайян кардааст.
Дафтари матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 19 феврал бо пахши як иттилоия далели ин иқдоми роҳбарияташро зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар хондаст.
Инчунин раёсати Бонки Миллӣ қарор кардаст, фоизи қарзҳое, ки барои ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби ин ниҳод пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар карда шаванд: “Қарорҳои мазкур аз 1 марти соли равон татбиқ мегарданд”.
Меъёри бозтамвил, дастгоҳи муҳими назорати пулию қарзӣ мебошад, ки тавассути он Бонки Миллӣ метавонад, ба бозори байнибонкӣ ва меъёри қарзҳое, ки ба шаҳрвандон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дода мешаванд, таъсир расонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |