Бахшҳо

Шаҳрванди Узбакистон мехост беҷазо монад...

Пулҳои “бе дарди миён” ҳамон тавр, ки ба даст омаданд, зуд аз даст мераванд. Шаҳрванди Узбакистон, ки мешавад аз ӯ “андозсупорандаи ноинсоф” ном бурд ва шарафу обрӯяшро ҳамроҳии сабукрави худ аз даст дод, ба ин боварӣ ҳосил кард.


Мушкилоти қарзро пардохт накардани вомгирандаҳо дар назди ташкилотҳои қарздиҳӣ – мавзӯи ҳамешагии қарздиҳандаҳову қарзгирон аст. Аксари шаҳрвандони бофаҳм талош мекунад, ҳарчӣ зудтар қарзи худро пас гардонанд, аммо гуруҳе низ ҳастанд, ки онҳоро мешавад “чормағзҳои сахт” номид.

Қарздорони қалобро “чормағзҳои сахт” мегӯянд. “Сахт” барои он ки гумон доранд, ҳама чиз аз дасти онҳо меояд ва баргардонидани қарз зарур нест. Имрӯз дар бораи чунин як нафар мегӯем. Юсуф (ном тағйир дода шудааст), шаҳрванди Узбакистон, ҳанӯз чанд ҳафта пеш ҳатто тасаввур намекард, ки барои қарзи гирифтааш, ки гумон дошт, аз ёдҳо фаромӯш шудааст, ҷавоб гуфтан лозим меояд. Чанде пеш ӯ аз ҷониби кормандони бозрасии автомобилӣ (ГИБДД) шаҳри Маскав дастгир шуд. Юсуфро дар асоси маълумотнома, ки вайро ҳамчун қарздори ширкати “Мол Булак” муаррифӣ мекард, пайдо намуданд. Онҳо ин қарздорро ба ихтиёри пристав-иҷрочӣ супориданд ва дар ин хусус ба қарздиҳанда, яъне ширкати “Мол Булак” хабар доданд.

Ба хабарнигори Anhor.uz муяссар гардид, ки бо Юсуф вохӯрад ва аз ӯ ба чанд саволаш посух бигирад:

-Кай ва барои чӣ қарз гирифтед?
-Соли 2012 қарз гирифта будам. Аз ҳамдеҳаи худам дар бораи ширкати “Мол Булак”, ки ба муҳоҷирон қарз медодааст, хабар ёфтам. Ба яке аз дафтарҳои ширкат барои маслиҳат муроҷиат намудам. Ба ман ҳамаи шартҳои гирифтани қарзро аз ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ сар карда, то синну соли қарзгир нақл карданд.
Пас аз он ки ҳамаи маълумотро гирифтам, бо чанде аз шиносҳоям дар тамос шуда, ба онҳо пешниҳод кардам, ки қарз гирем. Онҳо зуд розӣ шуданд ва мо омодагиро барои гирифтани маблағ оғоз намудем.

-Дар зери ибораи “омодагиро оғоз намудем” чиро дар назар доред?
- Медонистем, ки “Мол Булак” моро тафтиш мекунад ва хавфе мавҷуд буд, ки ба мо пул надиҳанд. Аз ин хотир тамоми суолҳоеро, ки эҳтимол дошт аз мо пурсанд, гуфтугӯ кардем, яъне дар сурати пешниҳоди чунин суолҳо чӣ гуна бояд ҷавоб гардонем.

-Маълум мешавад, ки аз аввал нақшае доштед?
-Дар асл чунин нақша надоштем. Вале ман фикр намудам, ки чӣ гуна қарзро бармегардонам. Ин маро аз ҳама охир ба ташвиш меовард. Пас аз он ки маблағро гирифтем, ҳар кас ба роҳи худ рафт, то пулҳои гирифтаашро харҷ кунад. Ман мошин харидам. Симкортамро партофтам. Чӣ хеле мегӯянд, “ҳаёти навро сар кардам”. Он рӯзро чун як хоби оддӣ фаромӯш намудам ва дар Маскав зиндаиамро идома додам.

-Шумо ҳеч вақт фикр намекардед, ки дер ё зуд аз огаҳӣ меёбанд?
-Ҳеч ба сарам ҳам намеомад, ки ба даст меафем. Акнун бояд маблағи тамоми гуруҳро пардозам, зеро намедонам, ки қарздорони дигар дар куҷоянд. Ман бо онҳо иртиботамро канда будам.
Шарм медорам. Ман намехоҳам, ки дар ин бора хешовандону ҳамсояҳои ман дар Ватанам огоҳ шаванд.

Иҷрочиёни суд дар ҳузури мо ва кормандони ширкати “Мол Булак” тартиб додани рӯйхати амволеро, ки дар назди қарздор буд, оғоз намуданд. Соату телефони мобилӣ гирифта, мошинашро ҳабс карданд. Бар илова, ба Юсуф қарор дар бораи шурӯи истеҳсолоти иҷроия оид ба манъи муваққатии вуруд ба Русия супорида шуд.

Маълум аст, ки шахс танҳо бо роҳи сахттар кардани ҷазо нисбати он ба тартиб одат мекунад. Қазияи Юсуф бори дигар исбот мекунад, ки масъулият барои кирдорҳои худ бар зиммаи ҳар шахс аст ва ҳар кас мувофиқи корҳои худ ҷазо мегирад.

Раҳбари идораи ҷустуҷӯ ва рӯёнидани қарзи “Мол Булак” мегӯяд, бар асоси қонун қарздиҳанда ҳақ дорад, маблағи дар шартнома бо қарзгир сабтшударо пурра рӯёнад: “Дилхоҳ додгоҳ ҷониби қарзгир хоҳад буд, зеро мувофиқи қонун ӯ ҳақ аст”.

Ба қавли ӯ, новобаста ба шартномаи басташуда “Мол Булак” ба истиқболи баъзе қарздорони худ меравад. То охири зимистони соли 2016 барои қарздорон аксияи “Некӣ туҳфа кун” гузаронда мешавад, ки имкон медиҳад қарзҳо бо шартҳои осон баргардонида шаванд: “Мо ба қарздорони ширкат имкон медиҳем, ки то охири зимистон қарзҳроро пардохта, аз ҷазо халос шаванд. Аз оғози баҳор сар карда, ширкат ният дорад бидуни истисно нисбати ҳамаи қарздорон ба таври оммавӣ истеҳсолоти иҷроияро шурӯъ намояд. Чораҳо андешида шуда, дар асоси санадҳои судии ФМС-и Русия вобаста ба вайрон кардани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ манъи ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русия ва баромадан аз он муқаррар мешавад”.

Нияти Юсуф барои анҷоми “қаллобии пул” ва барнагардонидани қарз амалӣ нашуд. Ҳар кор, ки анҷом надиҳӣ, дер ё зуд ошкор мешавад. Дар ин маврид панди омӯзандае дар байни мардум ҳаст: “Ҳарчанд то охир пинҳон кунӣ, аммо он рӯи об мебарояд”. Онҳое, ки ба “қаллобӣ” даст заданианд, бояд сари ин ҷумлаҳо андеша кунанд.

Ба хатти фаъоли телефони “Мол Булак” 8-800-555-71-71 (занг дар ҳудуди Русия ройгон аст) тамос гирифта, дар мавриди дарёфти қарзҳои худ, иттилоъ бигиред.


Anhor.uz
Мӯҳр
банкир
шухи накун бо арбоб, мезанад ба хар боб

salim
in khel ham meshavad?

карза гирифти сари вакт бурда супори чи кор мекуната??? аз пушти ту дах бечораи дигар дар азоб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)