Бахшҳо

Радди истирдоди Худойдодова ба Душанбе ва раҳоияш аз боздоштгоҳи Белорусия

Додгоҳи Белорусия аз истирдоди Шабнам Худойдодова, сокини 30-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад, хаддорӣ карда, ӯро аз боздошт раҳо намудааст. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқ, ки қаблан ба дифоъ аз Худойдодова садо баланд карданд, хабар додаанд. Ба иттилои онҳо, Шабнам 22 феврал ба озодӣ баромадааст.

Шабнам Худойдодова, муттаҳам дар узвият ба созмони “Гуруҳи 24” 12 июни соли 2015 зимни убури марзи Русия ва Белорусия боздошт шуда, дар боздоштгоҳи шаҳри Брест нигоҳдорӣ мешуд. Аввалин шуда дар бораи ин қазия Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар блогаш хабар дода, афзуд, ки Худойдодова, 20-уми декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соҳиби як духтарча мебошад. Ба навиштаи Отаева, Шабнам дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад кардааст ва ҷониби Тоҷикистон ӯро аз рӯи моддаи 37-и Кодекси ҷиноӣ, --“ҷавобгарии шарикони ҷиноят” дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст: “Худойдодова 12-уми июн озими Белорусия шудааст, то аз намояндагии СММ оид ба гурезаҳо мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Тибқи иттилои раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, Худойдодова баъди он дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифт, ки Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуд: “Шабнам Худойдодова солҳои охир дар Русия иқомат мекард. Моҳи январи соли 2015 хонаи ӯ дар Тоҷикистон мавриди кофтукоб ва модару дигар наздиконаш бозпурсӣ шудаанд. Ӯ хабар ёфта, ки нақшаи рабудани ӯ аз Русия тарҳрезӣ шудааст ва ба Белорусия рафт, то аз намояндагии СММ мақоми паноҳандагӣ дархост кунад”.

Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазия хостори ҷилавгирӣ аз истирдоди Худойдодова ба Тоҷикистон шуда буд, зеро ба навиштаи ин созмон дар Ватан ба ӯ барои изҳори ошкорои андеша шиканҷа ва ҳабс то 20 сол таҳдид мекунад: “Ҳукумати Белорусия низ уҳдадориҳои байналмилияшро дар мавриди манъи истирдод ба кишваре, ки ба боздоштшуда шиканҷа таҳдид мекунад, иҷро намояд”.

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо пахши як изҳорот аз мақомоти Белорусия хоста буд, Худойдоваро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Дар изҳороте, ки 2 июли соли 2015 пахш гардид, инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шуда буд, шаҳрвандонашро барои баёни андеша таъқиб накунад.
Мӯҳр
Мухочир
Ахмадхуча акнун рав дар назди Сафорати Белорус эътироз бкун ки чарон Шабнамро озод кардед чаро Шабнамро ба точикистон равон накарденд))) вая вай карда бшин дар назди Сафоратхо))))

Озоди муборак боша апашка Худо нигахбонатбошад. Ин хукумати мо хамаро мисли судхои худаш гумон кардааст ки ба чор танга инсонро мефурущанду ё мекушанду ба 30сол зиндон мекунанд.
Бори дигар озоди муборакМухочир,

Ошики як шоира.Нева
...Ъашт мох паси панчара...

...Духтари точик адолатхох шуд..
Аз шиканчи миллаташ огох шуд.

Тк агар барои шикоятхох паси панчара шуди,пас ман асири хусни зебои ту шудам,акнун ман тайерам,ки паси мижгонхои ту панчаравор бишинам.
Таблак мезанам,духтари кулоби ба ракс ой,э чонам ба ракс ой,
Ман садкаи Шабнам чакканпуши гарибам,сад боп ба ракс ой.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)