Бахшҳо

Шоҳидии писари “Эмом хубак”: “Зафар бедняк”-ро барои 110 000 $ бо қайчӣ задам

Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов маъруф ба “Эмом хубак”, ки бо иттиҳоми қатли Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк”, боздошт шуда, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад, сабаби даст задан ба ин ҷиноятро эълон кард.

Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Мақсудов сабаби муноқиша бо Азимовро маблағ гуфтааст: “Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам”.

Обид Мақсудов изҳор доштааст, ки ба “Зафар бедняк” бо қайчӣ ҳамла кардааст.

Вазорати умури дохилӣ дар гузориши нави худ, бархилофи хабари қаблиаш, ки гӯиё Обид Мақсудовро падараш - Эмом Мақсудов, соҳибкори тоҷик як рӯзи баъд аз қатли “Зафар бедняк” ба мақомот таслим намудааст, эълон кард, муттаҳамро худи кормандони милисаи шаҳри Душанбе боздошт кардаанд: “Баъди содир намудани ҷиноят Обид Мақсудов дар яке аз биноҳои шаҳри Душанбе паноҳ мебарад ва баъде, ки кормандони милиса макони ӯро дақиқ мекунанд, ӯ худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофтааст. Дар натиҷа дасту пояш мешикананд”.

Манбаи “Озодагон” аз Вазорати умури дохилӣ қаблан хабар дода буд, ки дар баробари Обид Мақсудов дар марги Зафархон Азимов як нафари дигар низ муттаҳам мешавад, ки феълан мавриди кофтукоб қарор дорад. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо олоти дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".

Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шудааст.

Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмом хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Дар гузашта бародари Эмом -- Билол Мақсудов бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии 57 кило маводи мухаддир ҳабс шуда буд.

Зафархон Азимов, ки рӯзи 19 феврал ҷасадаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт, аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мешавад, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.
Мӯҳр
Озод
Бефаросат ай 5-ум этаж хта намепартой чони хама халос.

мехмон
Ин Эмом ,,хуяк" ва дигару дигараш кай тамом мешуда бошанд !!??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)