Президент дар боғи нави Ҳисор ниҳолҳои гелос, олу ва себ шинонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 феврал дар ҳашари ниҳолшинонӣ барои бунёди боғи нав дар ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор иштирок кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 сокини ноҳия иштирок карда, дар майдони 340 гектар ниҳолҳо, аз ҷумла дар майдони 72 гектар гелос, 67 гектар олу ва наздики 13 гектар себ шинонданд.
Ба иттилои манбаъ худи Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ якчанд ниҳоли гелос, олу ва себ шинонда, боғи навро боғи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ном гузоштаанд. Дар маҷмуъ тибқи барномаи давлатӣ солҳои 2016 — 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |