Бахшҳо

Суоли “Озодагон”: Иқдоми Масов пайрав пайдо мекунад?

Академик Раҳим Масов, раҳбари пешини Пажуҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи қалами осор ва мукофотҳои дар озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардааш дар ҳаҷми ним миллион сомонӣ тасмим гирифта, дар ноҳияи Ванҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бисозад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки иқдоме мисли тасмими Масов дар ҷомеаи мо нодир аст, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: ОЁ ИҚДОМИ МАСОВ ПАЙРАВ ПАЙДО МЕКУНАД?


Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Барои сохтани мактаб шарт нест, ки аз касе пайравӣ кунӣ. Хоҳиш ва ҳиммат дошта бошӣ, бе пайравӣ аз Масов ҳам сохтан мегирӣ. Дар гумон аст, ки нафаре байни мансабдорону пулдорон (дар аксари вақт ин ду якеанд) пайдо шавад, ки аз Масов ибрат гирад. Аммо дар ин замони буҳрон, ки ҳукумат имконияти сохтани мактабҳои навро надорад ва чанд соли дигар ҳам нахоҳад дошт, баъид нест, ки кори академик Раҳим Масов идеяи хубе ба мақомот диҳад ва чанд нафарро аз ӯ “пайравӣ кунонанд”.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Мо орзу мекунем ва умедворем, ки дигарон ҳам аз ин гуна иқдомот пайравӣ кунанд. Мо миллионерҳое дорем, ки на як, балки даҳҳо мактаб сохта дар чунин вазъи мушкил кишварро обод карда метавонанд. Аммо Масов дигару он пулдорҳо дигаранд. Раҳим Масов худ парвардаи ҳамин гуна як мактабе буд, ки ба пулу мол ҳарис набуданд. Ин тоифа ҳоло кам монда ва онҳо сарват надоранд. Вале сарватмандони имрӯз парвардаи мактаби дигаранд ва гумон аст пайравӣ кунанд. Ҳарчанд гуфтаанд, ки “ҳар беша гумон мабар, ки холист...”

Агар таваҷҷуҳ карда бошед, бузургтарин сарватмандони олам афроди дасткушоду саховатпешаанд. Онҳо талош мекунанд аз худ номи нек монанд ва калонтарин барномаҳои хайрияро сармоягузорӣ мекунанд, мактабҳо месозанд, дармонгоҳҳо, бемористонҳо бунёд мекунанд. Ҳоло ки академик Масов даст ба чунин иқдоми ҷавонмардона зад ва агар ин ҳамаҷониба ташвиқ шавад, бахусус аз шабакаҳои ТВ давлатӣ ва Пешвои миллат бо як ҷумла аз он тамҷид кунад, сафи ин гуна афрод
меафзояд.

Фаррух САЛИМОВ, муовини декани факултаи равобити байналмилалии ДМТ
Дар хусуси иқдоми Масов, чӣ гӯям? Дар ҷомеаи мо фаъолияти эҳсонкорӣ он тарзе ки дар давлатҳои муосир ба назар мерасанд, нест. Албатта ангуштшуморанд онҳое, ки метавонанд ба чунин корҳои хайр даст зананд, лекин хамонҳо низ аксаран аз чунин корҳо пайравӣ намекунанд. Сабабҳо гуногунанд:
1) Надоштани чунин маданият (новобаста ба он ки мо ҳама мусулмонему шарқӣ, лекин дур аз чунин мафкур)
2. Набудани ҳавасмандгардонии чунин аъмол аз ҷониби давлат ва ё дигар институтҳои иҷтимоӣ;
3. Нобоварӣ ба оянда;
4. Тарс аз он ки шахси эҳсонкор зери фишори мақомоти давлатӣ қарор мегирад;
Лекин боварӣ дорам, ки дар ҷомеаи мо теъдоди шахсоне, ки мехоҳанд ба кори хайр даст зананд, хеле зиёданд. Масов исбот намуд, ки чунин ҳам ҳаст.

Қиёмиддин САТТОРӢ, журналисти мустақил
Аввалан ман намедонам, ки устод Р. Масов ин қадар маблағро аз куҷо пайдо кардааст. Баъдан мо пулдорони зиёд дорем, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар, вале мо навкиса ҳастем ва ба мисли бародарон Третяков метсенат нашудаем. Вагарна осори ҳунари рассомии асри моро як нафар зани рус бо номи Юлия ҷамъоварӣ намекард ва ба маърази намоиш намегузошт.

Абдулқодир АЛАВӢ, донишманди тоҷик
Агар масабдорон ин корро мекарданд, устод Масов аз пайи ин корҳо намешуд, чун бидид умеде намондааст, худаш ба ин кор даст зад. Магар ба мансабдорон ҳанӯз умеде монда? Инро шумо аз ман хубтару беҳтар медонед, чун шумо ба онҳо наздиктар ҳастед.
Мӯҳр
Сафар
Мансабдорону точирони мо мактаб не, масчид месозанд, то сафи террористони исломиро зиёд кунанд.

ватандуст
ман аз хукумат хайронам ки чаро ин кадар ташвик ва таргиб мекунад барои мактаб сози ва на программаи дарсии хуб дорад ва на муаллимхои хубу бо тачриба хатто муаллимхо худ бесаводанд ягон шароити хуби дарси хам нест дар фасли замистон мутаасифона хукумати мо нокомии худро аз дини мубини ислом мебинад шабу руз дар гами бастани масчидхо хастданд ва тарошидани риши мардум хаёл мекунанд ки мо агар дини иломро аз байн барем мо пеш меравем харгиз бо ин хаёли хоматон ба максад намерасед иншоаллох агар метонист ленину сталин ва комунистхо метонистанд локин имруз аз онхо хеч кас ёд намекунад онхо дар заболаи ториханд аммо исломи ноб дар дилхоий мо чуш мезанад иншоаллох аллоху акбар ва лиллохил хамд.

шариф
шинидам ки Масов ба хучате ки сарзамини точикистонро ба Хитой додааст имзо накардаст. гуфтас ки ман ба ин санади нангин имзо намекунам. Агар хамин хел бошад ба итари одам бояд унвони пешвои милат дихан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)