Бахшҳо

Шарҳи расмӣ: Чаро Э.Раҳмон дар Данғара Донишгоҳи тиббиро таъсис дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 25 феврал қарори ҳукумат дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро имзо кард.

Дар қарори имзонамудаи раисиҷумҳур омадааст, ки “бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида шаванд”.

Ҳукумати Тоҷикистон лимити автомобилҳои хизматӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 1 адад муқаррар кардаст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи қарори ҳукумат барои таъсиси Донишгоҳи нави тиббӣ дар Данғара изҳор доштааст, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, ба хусус дар вилояти Хатлон, ки зиёда аз 3,5 миллион аҳолӣ дорад, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад: “Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад. Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш меёбад”.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳоло ба ҳар 10 ҳазор сокини Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст: “Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад”.

Манбаъ афзуд, заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.
Мӯҳр
Ин донишгох да Кургонтепа ташкил мешавад на дар Дангара. Чун ки вазирхо омада бинои донишкадаи Энергетикиро ки соли гузашта таъмир шуда буд диданд ва гуфтанд ки ба Донишгохи Тибии хатлон дода мешавад. донишкадаи энергетики бошад ба савхози Файзали кучонида мешавад....

мехмон
Табибони бо пул дипломхарида ба ки даркор? Бигузор дар хорича хондагихо омада дар Точикистон имтихони санчиши гузаранд.

Базаи модди-техники дорад ин донишгох?

Вафо
Хуб мешуд,ки вазири тандурусти хар як хатмкунандаро назди табибони собикадор,пуртачриба вобаста намоянд,то ки онхохам як табиби хуб шавад,аммо дар точикистон факат фарзандони худашона корро нишон медиханд.аз шахсони дахлдор хохиш доштем,ки дар бораи хамин пешниход фикр мекарданд.

Вафо
Хуб мешуд,ки вазири тандурусти хар як хатмкунандаро назди табибони собикадор,пуртачриба вобаста намоянд,то ки онхохам як табиби хуб шавад,аммо дар точикистон факат фарзандони худашона корро нишон медиханд.аз шахсони дахлдор хохиш доштем,ки дар бораи хамин пешниход фикр мекарданд.

Ман бисёр мехостам, ки хаммаи сохтмонхо ва ободихое ки таги солхои охир мешавад, аввал дар Кулобу Дангара шавад ва бачахако ба ватанои худшон кучида хамончо фаъолият мекардан ва мо Душанбегихо каме Душанберо ба тартиб медаровардем. Аз доду вою дашномхои онхо монда шудем.

мехмон
Душанбенец.,
Чи Ватани Кулобию Дангараги аз Точикистон чудо хаст ? Ё марзе дорад ? Махалпараст! Душанберо русхо обод карданд фахмиди ? Ба мо точикон мешуд хатто сохиби давлат хам намебудем. То Инкилоби Октябр ки будем ? Fуломи мангиту кипчок. Fуломи аморати Бухоро будем. Таърих гувох хаст.

Беном
Дар дангара кушоянд нагз мешавад зеро дар кучахои Кургонтеппа тамбашави наклиёт зиёд мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)