Бахшҳо

Камол Насрулло дар бораи номҳои арабӣ, ҳиҷоб ва асолату тарсуии тоҷикон

Камол Насрулло, шоири халқии Тоҷикистон бо нашри як матлаб таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоли мардуми мо хондааст, ки ҳанӯз Носири Хусрав, Умари Хайём, Абӯалӣ Сино, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон муборизаи беамон бурдаанд.

Оқои Насрулло бо нашри як матлаб дар хабаргузории “Ховар” изҳор доштааст, ки нахуст мо бояд динро бо хурофот омехта накунем, зеро онҳое, ки хурофотро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин ва “Қуръон” баромад мекунанд: “Ҳол он ки хурофот душмани дин аст ва обрӯи онро мерезонад. Зеро маънои хурофот сафсата, яъне дурӯғ, найранг аст”.

Мисол аз зиндагӣ...

Муаллифи матлаб ҳодисае аз ҳаёт дар яке аз деҳоти Тоҷикистонро мисол овардааст, ки ба гуфтаи ӯ собит мекунад, ки хурофот ва муллоҳои мутаассиби мо чи андоза метавонанд мардумро роҳгум занонанд ва корҳое кунанд, ки шоистаи суннатҳои неки миллати башардӯсти мо нестанд: “Чанде пеш дар яке аз деҳоти Тоҷикистон як зани рус, ки шавҳараш ӯро баъд аз ҷанг бо худ овардаву солиёни зиёд-қариб як умр дар ин деҳа бо ҳам зиставу соҳиби фарзандҳо гардиданд, вафот кард. Ин зани рус ба куллӣ тоҷик шуда буд. Ӯ ба тоҷикӣ сухан мегуфт, либосҳои тоҷикӣ мепӯшид, ҳама одобу суннати тоҷикӣ ва шариати исломиро риоя мекард ва дар ҳамин руҳия фарзандонашро низ парваридаву ба воя расонида буд. Шавҳари ӯ пеш аз ӯ тарки дунё кард. Рӯзе, ки ин зан фавтид, муллои деҳа ба иллати он, ки ӯ мусулмон нест, иҷозат надод, ӯро дар қабристони деҳа бигӯронанд. Ва дар он деҳа касе ёфт нашуд, ки пеши роҳи ин ҳукми беадолатонаи муллоро бигирад. Маҷбур шуданд он занро дар қабристони деҳаи ҳамсоя гӯронанд”.

Камол Насрулло ин ҳодисаро далели хурофоту таассуб ва убур аз сарҳади инсонигарӣ хонда, афзудааст, ки он натиҷаи эътиқоди кӯр-кӯрона ба таассубу хурофот ва муллоҳои ифротгаро аст: “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз пешвоёни дину тариқати ислом буд, вақте аз дунё даргузашт, аз паси ҷанозаи ӯ яҳудиву насрониву буддоиву мусулмон бо ҳам мерафтанд ва тафриқаи динӣ садди роҳи эътиқоду инсонигарии онҳо нагардида буд. Ва аслан Худо яктост ва ба тамоми башарият тааллуқ дорад”.

Халқи мо тарсу шуд...

Дар мавриди сабаби гирифтории мардуми мо ба таассубу хурофот Камол Насрулло изҳор доштааст, ки он танҳо ноогаҳӣ нест: “Миллати мо дар тӯли таърихи гарону вазнину хунин борҳо зери ҷабру зулм, шиканҷаву зӯровариҳои истилогарон қарор гирифтааст. Садсолаҳо ӯро ғорат мекарданд, сар мебуриданд, хунаш мерехтанд. Тамоми шаҳрҳои замоне ободи он борҳо қатли ом дидаву бар хок яксон шудаанд. Ин ҳама даҳшатҳо ин халқро то ҷое ба ҷонаш расонд ва тарсу ҳаросро ба сиришти ӯ, дар тафаккури ӯ ҷо намуд. Ана ҳамин тарс, тарс дар пеши фардо, дар пеши тақдир, дар пеши мушкилоту масъалаҳои чигил халқи моро сахт тарсу кард ва боварӣ ба фардоро аз ӯ даррабурд. Имрӯз як сабаби гирифторӣ ба хурофот ана ҳамин тарси ботин дар пешорӯи мушкилот, ана ҳамин бовар надоштан ба худ, ба нерӯи созандаи худ ва ба фардои худ аст. Тарси рӯ ба рӯ шудан ба мушкилот, даст ба гиребон шудан бо он, аз сари роҳ бардоштани ин монеаҳо боис мешаванд, ки роҳи осони ҳалли мушкилро дар хурофот ҷӯё шаванд. Мо бояд ин тарсро аз ниҳоду сиришти халқамон бизудоем”.

Қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо аслашон муғуливу туркист...

Муаллиф идома додаст, ки суннатҳои баланди миллии мо ҳеч муносибате ба хурофот надоранд, аммо онҳое, ки таассуб ва хурофот манбаи даромадашон шудааст, бисёре аз ин падидаҳоро нишонаҳои суннату одоби миллӣ нишон доданӣ мешаванд: “Масалан, суннатҳои миллие, мисли гаҳворабандон, мӯйсаргирон, рӯйбинон ва даҳҳои дигар суннатҳои миллие мебошанд, ки бо ҳадафҳои неку мақсадҳои наҷиб амалӣ мегарданд. Дар онҳо озодагиву покӣ, гигиенаи миллӣ зоҳир шуда, ҳар яке дар тарбияи кӯдак саҳме дошта, ӯро дар рӯҳияи одобу суннатҳои солим тарбият менамоянд. Аммо падидаҳои номатлубе чун қайтармаву аласт, бахшигӣ ва ғайраҳо, ки аслашон муғуливу туркӣ буда аз замони тороҷи чингизиҳо боқӣ мондаанд, ягон муносибате ба суннатҳои волои мо надошта, ҳама фиребу макру дурӯғанд ва бар ваҳшонияту бефарҳангӣ бунёд ёфтаанд”.

Мусалмонӣ гузоштани номҳои арабӣ ва пӯшидани либосҳои арабӣ нест...

Ба ақидаи Камол Насрулло масъалаи ҷиддии дигар дахолат ба фарҳанги либоспӯшии мо мебошад: “Солҳои охир аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд симои халқи моро таҳриф кунанд, суннатҳои волои либоспӯшии моро аз байн бубаранд, боз ҳам дар зери ниқоби гӯиё дину шариат кӯшишҳои фаъолона шуд ва мардуми содабовари мо қариб буд ба он гирифтор шаванд. Теъдоди онҳое, ки аз баҳри либосҳои миллӣ баромадаву саропо сияҳпӯш гардидаанд ва симову хулқу атвор ва ҳатто рафторҳои ношоистаи худро дар паси ин ниқобҳо пинҳон карданӣ шуданд, зуд афзуданд ва ҳамин тавр зуд фош ҳам гардиданд”.

Шоили халқии Тоҷикистон мегӯяд, муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нест, аммо либоси миллии мо, фарҳанги мо, маънавиёт , симои миллии мост: “Дар кишварҳои мусулмонӣ ҳам халқи ҳар кишвар, бо вуҷуди ягонагии дину мазҳаб, фарҳанги хоси либоспӯшии худро дорад. Мусулмон будани онҳо садди роҳи либоси миллӣ доштани онҳо нест”.

Мо тоҷикон бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист...

Дар мавриди номгузорӣ Камол Насрулло изҳор доштааст, ки бо иваз кардани номҳои тоҷикӣ ба арабӣ мусулмонии мо на афзун мешавад, на кам: “Аслан ягон миллати дигаре ба хотири мусулмон будан аз баҳри номҳои миллии худ баромадаву номҳои арабӣ қабул накардааст. Аммо боз ҳам мо — тоҷикон ҳар корро бояд ба ифрот расонем. Бояд нишон диҳем, ки мо бештар мусулмонем, ҳатто номамон арабист. Ҳол он ки мусулмон будан маънои араб буданро надорад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дини мубини Исломро қабул кардаанд,аммо фарҳанги миллии номгузории худро маҳфуз медоранд. Чаро боз ҳам мо нопойдорем...”.

Ба гуфтаи Камол Насрулло таҷрибаи замони кӯтоҳи мо нишон дод, ки ҳиҷобҳои сиёҳи зоҳиран исломӣ на танҳо соҳибони онҳоро мусулмон намекунанд, балки, баръакс, агар инсон покният набошад, дар паси пардаи онҳо метавон симову маънову рафтори ношоистаи ғайриисломиро пинҳон кард: “Хулоса, пӯшидани либосҳои арабӣ ва гузоштани номҳои арабӣ ҳанӯз маънои мусулмон шуданро надорад. Аммо, чунон ки гуфтем, вақте либоси миллии худро аз даст медиҳем, симои маънавии худро аз даст медиҳем, вақте номҳои тоҷикии худро аз байн мебарем, мо маънавиёти худро аз байн мебарем. Ҳар миллат, ҳар халқ бо фарҳанги таърихиву хоси худ бояд арзи вуҷуд кунад ва бохтани ин фарҳанг, бохтани асолати хеш аст. Зиёда аз ин, халал ворид овардан ба фарҳанги либоспӯшӣ ва фарҳанги номгузорӣ зиён овардан ба маънавиёти миллист. Ва зиён овардан ба маънавиёти миллӣ зарба задан ба асолати миллӣ ва ҳувияти миллист”.

Дар охир шоири халқии Тоҷикистон гуфтааст, вақте мо асолати миллӣ мегӯем, халқу миллати худро даъват ба асилзодагӣ ба наҷобати воқеии таърихии худаш мехонем: “Вақте мо дар бораи ҳувият мегӯем, ин даъват ба шинохти худ, шинохти имрӯзу дирӯзи худ, шинохти наҷобату хуҷастагиҳои миллии хеш аст, ки дар бисоту сиришти миллати мо таърихан вуҷуд дорад”.
Мӯҳр
Фирузи Ардашер
ҳами одам худаш фаҳмид ки манзураш чист?!
на либоси дар танат буда миллист на забону баёнат асолати тоҷикӣ дорад ва на...

О шоири халки Камол Насрулло! шумо ачиб харф мезанед!? О вакте паёмбари ислом бехтарин номхоро барои мусулмонхо тавсия карда рафтааст ва ислом чорчуб ва мукаррароти худашро таъриф карда факат дар як сурат метавон ба ин гуфтаи шумо чомаи амал бахшид факат дар сурати рад кардани ин тафаккур дигар вариант вучуд надорад

Фарух
То мард сухан нагуфта бошад Айбу хунараш нухуфта бошад....Ахсант шоири халкии мо.Хамон муллое ки нагузоштааст ун занро дар кабристон гур кунанд бовар кунед дар панчшанбехурии хамон зан якум аст.ва баьд агар у рус бошад значит ба фикри ту кофар пас ноне ки халки точик мехурад харом аст!!!!!!О Ризкдиханда аллох аст вале сабаб хамин русхо шуданд ку ..о муллои мунофик о паншанбехуриву чумахури нарав кани..о фарзанжони хамун зани рус аз руссия пул равон мекунанд то ки ту баринхо нонатон дар равган аст мухтарам мулло!!!!Бехад дар хурофот гутида рафтагием худо окибаташро нек биерад..бахшиш

Макола аз як тарафр маколаи хуб , аммо аз дигар тафар ноогохии муалиф аз ахкоми шариат маколаро коста гардондааст. Масалан он зане ки дар гуристон гур нашуд ва мувофик ба ахкоми фикхи мазхаби ханафи бояд хам гур намешуд , инчо айби муллои махала нест. Чаро шумо тамоми мушкилихои мушкилихои миллатро дар муллохо мебинед ? Имруз идораи тамоми хокимиятхои давлати дар дасти худи шумост на дар дати муллохост канд занеду ислох кунед.

оворагон
Хамин шоирба илтимосдорам либоси точикиро якбор пушида нишондихад 2 номхои точикиро номбар кунад КАМОЛ НАСРУЛЛО точики аст ва.

ОFои Камол шумо метавонед номхои точикиро аз араби чудо намоед? Шумо шоир хастед аммо аз гуфтахоятон бар меояд, ки саводи кофи надоред! Чунки 80% и калимахои точики аз калимахо ва колаббандихои араби иборат мебошад!Фирузи Ардашер,

Абдуллох
Хуш ба холи нафароне ки вокеъан ифтихори милли ва фидоии миллат хастанд. Аммо бояд ин ифтихор моро миллатгаро ( натцист) нагардонад. Камол Насрулло шахси ватандустанд . Вале ман аз он хайронам , ки чаро аз вичдон кор намегиранд. Бубинед устод инчо аз либоси араби эрод гирифтанду чаро дар мавриди либоси аврупои фуругузори кардаанд? Оё боре ба либоспушии фарзандонашон ахмият додаанд? Ман хамеша зидди кур курона таклид кардан будам . Ягон нафаре дар оилаи ман либоси гайримилли бабар накардаасту намекунад . Ифтихори миллии ман аз касе кам нест , аммо ман ифтихорро ба миллатгарои омехта нахохам кард. Дар бобати номгузори бошад , хаминро гуфтани хастам ки номгузори хечгох ба шахсият ё миллият мукобил нест. Бузургоне ки ном гирифтед ( Сино, Рудаки, Саъди, Хофиз хатто асосгузори давлати сомониён) хамаги номи араби доштанд . Хатто насаби Устод Насруллох аст . Магар ин номхо онхоро араб сохт? Гурури миллиашонро кам сохт?
Албатта бояд номхои точики зебо ва хоси миллат аст , аммо набояд як шоир то ба ин дарача худро машгул созад. Бовар дорам аз ин дида масъалахои мухимтар хастанд , ки бояд сари он машгул бошем.

ОFои Камол шумо метавонед номхои точикиро аз араби чудо намоед? Шумо шоир хастед аммо аз гуфтахоятон бар меояд, ки саводи кофи надоред! Чунки 80% и калимахои точики аз калимахо ва колаббандихои араби иборат мебошад!

Дар бораи либос бошад, чаро аз либосхои аврупои харф намезанед/ ? Оё танхо либоси араби ё хичоб фарханги бегонааст? Тарики телевизион дар барномаи МУД таррохон танхо либосхои урён бо муди аврупоиро нишон медиханд чаро аз он харф намезанед?

Имон
Инхо магар мушкили равони доранд,ки ёвагуи мекунанд?Шумо пайравони Бобаки хуррамдинед,Номатонро дигар кунед,ки арабист!

Афсус ки он марде ки ин зани русро ба ватани мо овардаву зиндаги кардааст натавонистааст уро хамчунин мусалмонхам кунад. Мулло дуруст кардааст ки нагузоштааст дар кабристони мусалмонхо гайри дини моро гуронанд. Мардуми точик чохил нашавед то ба газаби Аллох гирифтор нашавед. Шоир Камол Насрулло фикрхои солим гуфтааст лекин у хам катори дигар хам миллатон бе чуръат аст ва чи коре барои гурури милли кардааст?

Чаро Камол Насрулло аз шахспарстихои мо точикон ва шоирони мо чизе нагуфтанд?

Али
О бародар номатон араби,либосатон аврупои,брутатон зардуштист,хататон крилли...

бисер боэхтиет сухан кардааст чи хеле ки ту ба хости дилат либос мепуши занхо хам чунинанд туро кушанд хам челаку токи намепуши лекин занхо мепушан

Дар бораи тарсуии точикон хато гуфтед! Бале тарсухо вучуд доранд ба мисли шумобаринхо.

Устод бисёр суханони хуб гуфтаанд, локин як чизро бояд кайд кард? Хичобро барои занхо Худованд дар куръон фарз гардонидааст. Барои зани мусалмони точик оё ягон хичоби милли хаст, ки пушад. Ман ёд дорам, ки занхои пеш, момохои мо фаранчи мепушидан. Холо фаранчи пушанд хуб аст хамчун хичоби милли ё сатре ки холо баромадааст. Дар сурати тарк кардани фарз зан ва шавхару падару бародарашон гунахкор мешаванд. Дар ин бора шахсоне, ки зиди сатри исломианд чи мегуянд? Дар ин бора мехохам фикри устодро шунавам. Агар чоп мешуд минатдор мешудам.

мехмон
Мухтарам шоир навиштаанд , ки танхо точикон номхои араби доранду халос. Устод Шуморо бо як мухочири бесавод баробар мекунам! Кахратон наояд ! Чунки кулли мардуми мусалмон номхои араби доранд. Африкоихо то Ислом Абдулло буданд ? Кариб 90 % - и Кавкоз мусалмониро кабул кардаву факат номхои Магомед ( Мухаммад ) ,Курбон, Рамзан , Муса, Али , Чабраил, Патимат (Фотима), Мадина, Аиша(Оиша) ва гайраи арабиро доранд. Ин кадар чахонбинии танг зеби Шумо нест.
Магар бо номхои Авесто, Зардушт, Чамшед, Оламафруз, Кова фархангу маданият , илму иктислдиётро пеш мебарем? Ё номхои араби моро тарсу кардаанд , порахур кардаанд , лаганбардору дуруябоз кардаанд ?
Сабаби пастии маърифат , иктисодиётро дар як чизхое мечуед , ки хам хандаовар хаст хам номакбул !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)