Масъулини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мегӯянд, ҷасаде, ки ҳамроҳ бо кӯза дар ноҳияи Истаравшан пайдо шуд, ба қарни қарни V-VIII милодӣ тааллуқ доштааст.
Икром Турсунов, мудири шӯъбаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, имрӯз 3 март ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, "мо онро қисман барқарор кардем. Баландиаш тахминан 1 метру 10 см буда, паҳноии он 74 сантиметрро ташкил медиҳад ва он ба давраи то Исломӣ ва Зардуштӣ муталлиқ аст”.
Ҷаноби Турсунов мегӯяд, докторҳои илмҳои таърих, профессор Набиҷон Раҳимов маълум кард, ки он ба қарни қарни V-VIII милодӣ мутаалиқ аст.