Бахшҳо

Тавсифи Жириновский аз меваи Тоҷикистон ва пешниҳодаш барои бозгашти марзбонҳои рус

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз меваю сабзавоти барвақтии Тоҷикистон тавсиф карда, аз он, ки марзбонҳои рус марзи Тоҷикистонро тарк карданд, изҳори таассуф намудаст.

Жириновский дар суҳбат бо “Русская Служба Новостей” нафареро, ки барои рафтани марзбонҳои рус аз Тоҷикистон тасмим гирифтааст, аблаҳ хонд: “Кадом аблаҳ ин тасмимро гирифт? Биёед ин нафарро ба додгоҳ кашем”.

Ӯ даъват кардааст, ки аз Тоҷикистон барои бозгашти марзбонҳои рус ба марз бо Афғонистон дархост шавад: “Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон он қадар тӯлонӣ нест. Онро мебандем. Инчунин сарҳади Қазоқистон бо Узбакистонро баста, бо ин ду минтақа низоми раводидро ҷорӣ мекунем”.

Ба гуфтаи Жириновский маҳз дар пайи рафтани марзбонҳои рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон интиқоли героин ба Русия афзоиш ёфтааст.

Дар баробари пешниҳоди низоми раводид, раиси Ҳизби либерал демократи Русия аз меваю сабзавоти барвақтӣ ва бомаззаи Тоҷикистон тавсиф карда, изҳор доштааст, ки ба ҷои хариди маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур бояд бештар маҳсулоти Тоҷикистон, Узбакистон, Молдова, кишварҳои назди Балтика харидорӣ шавад: “Дар давраи Русияи подшоҳӣ, вақте губернияи Тошканд буд, сокинони Осиёи Марказӣ ба Русия намеомаданд, он ҷо меистоданд ва мо дар ҷояшон меваю сабзавоту пахтаю пашму дигар маҳсулотро харида, бо воситаи нақлиёти худамон ба Русия меовардем”.

Ӯ пешниҳод кардааст, ки дар замони муосир низ дар Русия Вазорати савдои хориҷӣ ташкил шавад, ки тариқи инҳисорӣ ба ҷои маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур маҳсулоти Осиёи Марказиро харидорӣ намояд: “Ҳар чизеро, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, харидорӣ кунем. Аллакай моҳи март мо аз Тоҷикистон метавонем, карами барвақтӣ, олу, гелос, клубника ва ғайраро харидорӣ намоем. Он ҷо ҳама чиз барвақтӣ аст. Аммо ба мо маҳсулоти резинии Африқоро меоранд. Барои чӣ?”

Жириновский зикр кардааст, ки мавқеи ҳизбаш дар мавриди муҳоҷирон тағйир наёфтааст. Ӯ дар идома алайҳи онҳое баромад намудааст, ки дар пайи қазияи дояи сарбӯр бо ҳадафҳои сиёсӣ алайҳи муҳоҷирон садо баланд мекунанд: “Ҳатто коммунистҳо дар сомонаашон “Стоп мигратсия” шиор гузоштанд”.
Мӯҳр
adl
И мардака зуруш омадай бо тарафи точико гаштай. Ба ёд дорем гапои хами мардаки милатгарора ки гуфта буд Точикистон бори зиёдати дар думи Россия часпидай. Он вакт шикамаш сер буд зидди мо буд. Холо ки шикамаш холист дод мезанад ки меваи точико хубай. Мо туро ва хукумати туро шинохтем жириновский ки чи ният дори. Аз хамин хотир мо точико бояд махсулоти ватани худро на танхо ба руссия балки ба дигар давлатхо бояд фурушем ки аз ин вобастагии русхо халос шавем. Ман дар назар дорам меваю сабзавотро.

Жриновский, вакте сарбозони рус буд, ду баробар героин аз Точикистон мегузашат, холо ин кам шудааст, боз лоф мезани ки сархадбонони рус героинро гузаштани намемонданд.

Ин руссхо иникадар сархади мо ба часпидан....

nabi farhor
Мо набояд сари вакт ба хамаи гуфтахои Россия рози шавем.Бигзор барои меваи Точикистон ро вориди Россия кардан мо шартхо гузоорем,то сабукие барои мухочирони мо бошад.Ин Жирновский дигару дигараш хамааш барои фоидаи худашон харф мезананд.

ЖИРИНОВСКИЙ ЧО МЕНА СЕБИ ТОЧИКИРО БОНЕНШ АЗ СЕБХОИ ХИТОИ ХУРДАН ГИРАД ВА БЕМОР ШАВАД

БАЛЕ ТО ДИРУЗА ТОЧИКХОРО ЧАШМИН ДИДАН НАДОШТ АММО ИМРУЗ КАЙФИ СЕБШ КИ ОМАД ТОЧИКХО ДАР ЁДАШ ОМАД Э САТКАИ СЕБИ ТОЧИКШ КНА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)