Бахшҳо
04 мар 2016 12:25Тоҷикистон / Сиёсат

А.Фелалиев: Журналистон бояд аз ғайриқонунӣ дахолат кардан ба мурофиаи судӣ худдорӣ намоянд

Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 4 март дар мулоқот бо Девид Кей, гузоришгари вижаи Созмони милалли муттаҳид дар умури ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён аз вазъи озодии матбуот дар кишвар суҳбат кардааст.

Муҳаммадато Султонов
, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Фелалиев дар ин суҳбат иброз доштааст, “тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Хурсандиовар аст, ки матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шудааст”.

Ба иттилои манбаъ, Акрамшо Фелалиев таъкид намуда, ки ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад: “Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд, имрӯз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рӯзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ кардану омӯхтан ҳастанд. Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд”.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагон афзудааст, рӯзноманигорон бояд аз амалияи ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти мақомоти тафтишотӣ, мурофиаи судӣ ва монанди онҳо, ки баъзан мушоҳида мегардад, худдорӣ намоянд ва дар риояи муқаррароти қонунгузории мамлакат намуна бошанд: “Парлумони касбии мамлакат дар фаъолияти хеш ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судманди хабарнигорони ватаниро ҷонибдорӣ менамояд. Дар сурати ироаи чунин таклифҳои созандаву пешниҳодҳои манфиатовар аз ҷониби васоити ахбори оммаи гуногуни давлативу ғайридавлатӣ, парлумон аз онҳо пуштибонӣ хоҳад кард”.

Манбаъ мегӯяд, Девид Кей, гузоришгари вижаи СММ дар навбати худ гуфта, “хеле шодам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони касбии мамлакат ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён дар Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни босуръати пешрафти техникаи муосири иттилоотӣ Тоҷикистон ба рушду такомули воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои техникии иттилоотию телекоммуникатсионии миллии худ ғамхорӣ зоҳир намуда, робитаи Ҳукумати кишвар бо воситаҳои ахбори умум қавитар гардидааст”.
Мӯҳр
журналистон хак надоранд гайриконуни ба мурофиаи суди дахолат кунанд факат суд хак дорад гайриконуни амал кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)