Бахшҳо
09 мар 2016 17:30Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазири Эрон: Агар Занҷонӣ маблағро диҳад, ҳукми қатлаш бозбинӣ мешавад

Мустафо Пирмуҳаммадзода, вазири адлияи Эрон мегӯяд, агар Бобак Занҷонӣ, соҳибкори маҳкумшуда ба қатл бо мақомоти додгоҳӣ ҳамкорӣ кунад, ҳукмаш бозбинӣ хоҳад шуд.

Пирмуҳаммадзода 8 март дар суҳбат бо расонаҳои Эрон изҳор доштааст, вақте дар суратҳисобҳои бонкиямон маблағро мебинем, эълон мекунем, ки Занҷонӣ бо мақомот ҳамкорӣ мекунад. Ин мақом шарҳ додааст, ки ҳамкорӣ маънои бозпас додани маблағҳо ба буҷаи Эронро дорад.

Қаблан қувваи қазоии Эрон гуфт, Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи ин кишвар ба марг маҳкум шудааст.

Ғуломмуҳсин Эжеӣ, сухангӯи қувваи қазоӣ гуфтааст, додгоҳи ибтидоӣ ҳамроҳ бо Занҷонӣ ду тани дигарро ҳам ба иттиҳоми “фасод дар замин” ба эъдом маҳкум кард. Расонаҳои эронӣ аз қавли Эжеӣ менависанд, ин се афрод, ки исми ду тани дигараш ифшо нашудааст, “ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ, маҳкум шудаанд”.

Зуҳро Ризоӣ, мушовири ҳуқуқии бонки Занҷонӣ ин ҳукмро “ноодилона” хонда, гуфтааст, ин парвандаи танҳо як қарздории оддӣ буд. Ӯ дар суҳбат бо бахши форсии ВВС таъкид кардааст, “вақте хабари пардохти қарзҳо аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, сафорати Амрико ба онҳо (бонкҳои Тоҷикистон) тамос гирифт ва ҳамин масъала боис шуд, ки Тоҷикистон номаро қабул накунад. Дар он замон таҳримҳо алайҳи Эрон бардошта нашуда буд. Тоҷикистон низ манофеи миллии кишварашро тарҷеҳ дод ва нахост бо бонки Бобаки Занҷонӣ ва давлати Эрон ҳамкорӣ дошта бошад”.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.

Ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон ба Занҷонӣ нисбат дода мешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)