Мулоқоти намояндагони Маҷлиси Эрон бо Занҷонӣ дар зиндон

Намояндагони Маҷлиси Эрон бо Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштаи ин кишвар дар маҳбаси Эвин мулоқот хоҳанд кард.
Дар ин бора расонаҳи эронӣ такя ба суханони Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ хабар дода, ҳадаф аз ин мулоқоти намояндагони маҷлиси кишвари хеш бо Занҷониро гирифтани посух ба чанд пурсиши фаннию марбут ба нафт арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои манобеи хабарии Эрон ин вохурӣ қарор аст, имрӯз 1 июн дар зиндони Эвин, ки Занҷонӣ дар он нигаҳдорӣ мешавад, баргузор гардад.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.
Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |