Бахшҳо
07 янв 2015 15:38Тоҷикистон / Тема дня

“Занҷонӣ барои санади қалбакии Бонки Миллӣ 3 млн $ пора додааст”

Мақомоти тафтишотии Эрон иддао доранд, Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи ин кишвар барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додааст.

Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфтааст, тоҷири боздоштшудаи эронӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон додааст, аммо мушаххасан аз порагир ном набурдааст.

Султонӣ мегӯяд, Бобак Занҷонӣ ҳангоми барои аввалин бор эҳзор шуданаш дар Маҷлиси Эрон санадеро аз номи Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда, иддао намудааст, тавассути ин бонк пули нафтро ба Бонки марказии Эрон интиқол додааст: “Занҷонӣ санадеро пешниҳод кард, гӯиё қоиммақоми Бонки миллии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки ӯ пули нафтро ба Бонки марказии кишвар интиқол додааст. Аммо Бонки марказӣ дар ин бора вокуниши расмӣ нишон надод, то ин ки бо баррасӣ мо намояндагони Маҷлис мутаваҷҷеҳ шудем, Занҷонӣ се миллион доллар ба қоимақоми Бонки миллии Тоҷикистон ришва додааст, то ин санадро қалбакӣ кунад ва ӯ ҳам бо ин санади сохта ба Маҷлис омада даъво кунад, ки пули нафтро додааст.”

Дар Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд аз ин қазия хабаре надоранд ва дар пайи омӯзиш эҳтимол мавқеи Бонки миллиро баён хоҳанд кард.

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист. Ба гуфтаи Ширинов, дар санади мазкур мӯҳри Бонки Миллӣ вуҷуд надорад ва дар ин маврид бо муовини раиси Бонки Марказии Эрон низ гуфтушунид доштаанд, ки онҳо низ қонеъ шудаанд: “Ман ин сандаро дидам, ин санад дар мо аст, танҳо як коғаз аст. Маълумоти свифт гуфтанӣ чиз аст, ки дар рӯи коғаз чоп мешавад.”
Мӯҳр
Орзу
Албатта, дар зиндон, ки бошад аз талхии чонаш сафсата мегуяд. Аз тарси чонша номи ягон Иронира намегира. Дар танхои бе иштироки ягон воломакоми Ирони ин кадар маблаги калонро шустанаш, аз тарафи Занчони бисёр шубхаовар аст.

Tojik
Агар 3 миллионро чонишин гирифта бошад хам бо раис таксим шудаги бояд бошад.

бе ном
То шамол нашавад барги дарахт намечунбад, надода бошад хеч вакт намегуфт, ки додам, санадро ки дар дасташ дошта бошад, хакикат аст.

Озодагон нав ай хов хесте? ин хабар 10 руз зиёд шуд интишор шуданша чи ика дер хабар метие? Мард боше чоп куне!Орзу,
Орзу,
Орзу,

Эроншинос
Қоиммақомро дар мо муовини якум мегӯнд.
Муовини якум Юсуфиён Ҷамшед будастиян, аз ҳамон кас напурсидетон, Озодагон?

точик
Бояд ин масъала тахкики журналисти шавад то муфтхурону порахурон ошкор шаванд то кай обруи миллати точикро дар дунё мебаранд, бас будагист?!!!

Согдиец
Офарин, Бобакро хам фиреб додаанде, ман коили коил, гапушш кокккай!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)