Бонки Миллӣ 3 миллион $ пораи Занҷониро тахайюлоти Султонӣ хонд

Бонки Миллии Тоҷикистон иддаои мақомоти тафтишотии Эронро, ки гӯиё Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи ин кишвар барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллӣ се миллион доллар ришва додааст, беасос хонд.
Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ахиран дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфтааст, тоҷири боздоштшудаи эронӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон додааст, аммо мушаххасан аз порагир ном набурдааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи ин изҳорот имрӯз, 8-уми январ иттилоияи расмӣ пахш карда, таъкид намудааст, қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд: “Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи номбурда аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад.”
Дар иттилоия омадааст, ки гуруҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон омада, тасдиқ намудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия робитае надорад.
Аммо Султонӣ мегӯяд, Бобак Занҷонӣ ҳангоми барои аввалин бор эҳзор шуданаш дар Маҷлиси Эрон санадеро аз номи Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда, иддао намудааст, тавассути ин бонк пули нафтро ба Бонки марказии Эрон интиқол додааст: “Занҷонӣ санадеро пешниҳод кард, гӯиё қоиммақоми Бонки миллии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки ӯ пули нафтро ба Бонки марказии кишвар интиқол додааст. Аммо Бонки марказӣ дар ин бора вокуниши расмӣ нишон надод, то ин ки бо баррасӣ мо намояндагони Маҷлис мутаваҷҷеҳ шудем, Занҷонӣ се миллион доллар ба қоимақоми Бонки миллии Тоҷикистон ришва додааст, то ин санадро қалбакӣ кунад ва ӯ ҳам бо ин санади сохта ба Маҷлис омада даъво кунад, ки пули нафтро додааст.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист. Ба гуфтаи Ширинов, дар санади мазкур мӯҳри Бонки Миллӣ вуҷуд надорад ва дар ин маврид бо муовини раиси Бонки Марказии Эрон низ гуфтушунид доштаанд, ки онҳо низ қонеъ шудаанд: “Ман ин сандаро дидам, ин санад дар мо аст, танҳо як коғаз аст. Маълумоти свифт гуфтанӣ чиз аст, ки дар рӯи коғаз чоп мешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |