Бахшҳо

Худоӣ Шарифзода ҷоизаи байналмилалии Саъдиро гирифт

Худоӣ Шарифзода, адабиётшиноси варзидаи тоҷик ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии Саъдиро ба даст овардааст. Ин ҷоиза ба профессори тоҷик барои таълифи китоби “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” аз сӯи Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон эҳдо шудааст.

Худоӣ Шарифзода дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, ин китобро соли 2014 таълиф намудааст: “Дар ин китоб назари Фирдавсӣ ба шеър, ҳунари офаринандагии шоир ва ҳамчунин дигар масоили назарии шеъри форсӣ дар замони Фирдавсӣ, аз ҷумла заминаҳои зуҳури шеъри ҳаммосӣ таҳқиқ шудааст”.

Профессор Худоӣ Шарифзода яке аз адабиётшиносони маъруфи ҳавзаи кишварҳои форсизабон буда, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 1970 дар мавзуи "Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI" рисолаи номзадӣ ва соли 1987 дар мавзуи "Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ" (асрҳои Х-XV) рисолаи докториро ҳимоя кардааст. Дар солҳои 1989-1993 мудирияти кафедраи фолклор ва методикаи таълим, солҳои 1993-97 садорати факултаи филологияи тоҷик, солҳои 1993-2009 мудирияти кафедраи таърихи адабиёти тоҷикро дар ДМТ ба дӯш дошт. Ҳоло мушовир ва профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик мебошад.

Зери роҳбарии профессор Худоӣ Шарифзода 36 унвонҷӯ рисолаҳои номзад ва доктори илмро дифоъ кардаанд ва эшон муаллифи китобҳои "Услуб ва камолоти сухан" (1985), "Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик" (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), "Каломи бадеъ" (1991), "Шоир ва шеър" (1998), "Озурдагон ва умедворон" (2001), "Савти Аҷам" (2002), "Балоғат ва суханварӣ" (2002), "Рози ҷаҳон" (2003), "Назарияи наср" (2004), "Суннатҳои адабӣ" (2007), "Сухан аз адабиёти миллӣ" (2009), "Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ" (2012), "Сездаҳ мақола" (2013), "Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ" (2007), "Ашъори ҳакимон ва орифон" (2011, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), Ибни Сино: "Пирӯзинома", "Фанни шеър" (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода), "Мунтахаби "Тарҷумон-ул-балоға" ва "Ҳадоиқ-ус-сеҳр" (1987), "Шоирони аҳди Сомониён" (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор), "Мероси Сомониён" (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор) мебошанд.
Мӯҳр
Баходур
Хабаратон нодуруст. Ба он хотир ки ин чоизаро Ройзании фархангии Эрон дар Точикистон такдим карда, на Эрон. Бояд онро ислох намоед.

Шоиршав.
Дар мо ин кадар бисер адабиетшинос.Як шоир умрашпо бо когазу квлам мегузаронад,шоир гуфтв,боз як каси дмгар дар бораи у шоир менависад,мешавад адабиетшинос.Холо боз мебини,ки як филолог дар бораиин муаллим менавмчаж,мешавад,«Н.и.Ф.Ягон олим пайдо мешавад,ки аз кухи Хочамастон тилло барораду,аз каьри Вахш нафт?

Мардуми мо хама шоиру адабиёдшиносу афсонагу хастанд, лекин ин шеру шоири шиками мардума сер намекунад. Хуб мешуд дар сохаи саноатсози чоизахо тартиб дода мешуду кормандони андозу корупция аз тамаъчуи даст мекашиданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)