Бахшҳо

Дархости гузоришгари СММ аз парлумон барои маҳдудсозии ҳаққи ҳукумат

Созмони Милали Муттаҳид хулосаҳои аввалияи Девид Кэй, гузоришгари ин созмон оид ба ҳуқуқи инсонро, ки аз 3 то 9-уми март дар Тоҷикистон қарор дошт, нашр намудааст.

Дар иттилоия, ки 10-уми март дар сомонаи расмии СММ нашр шудаст, аз қавли Девид Кей оварда шудааст, ки тайи як соли охир маҳдудсозии аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма аз ҷониби ҳукумат афзоиш ёфтааст. Ӯ аз кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон барои мардуми Тоҷикистон дар конститутсияи кишвар зикр карда, таъкид намудааст, ки ин меъёрҳо нақз мешаванд, зеро ҳукумат ба саркӯби дигарандешон, маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоъ ва интернет ва тангсозии ҷои ҷомеаи шаҳрвандӣ даст мезанад.

Дар баробари нигаронӣ аз бастани ҲНИТ, пешниҳоди омма нашудани далелҳои гунаҳкории аъзои боздоштшудаи ин ҳизби мамнуъ, ҳамла ба аъзои “Гуруҳи 24”, таъқиби ҳуқуқшиносон ва дигар мунтақидон, дар иттилоияи СММ аз парлумони Тоҷикистон дархост шудааст, то қонунеро қабул намояд, ки ҳуқуқи ҳукумат барои бастани сомонаҳо, интернет ва алоқаи мобилиро маҳдуд кунад.

Гузоришгари СММ инчунин таъкид намудааст, ки бо баҳонаи таъмини амният маҳдудсозии фаъолияти аҳзоби муътадили сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи баръакс медиҳад ва ин раванд дар дарозмуддат нооромию вазъи мутшанниҷро ба вуҷуд меорад.

Дар баробари камбудиҳо СММ аз омодагии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо бо ниҳодҳои гуногуни умури ҳуқуқи башар истиқбол карда, изҳор доштааст, ки бо ҳукумати Тоҷикистон талошҳо барои такмили фазои ҳуқуқию сиёсии кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар охири иттилоияи СММ таъкид шудааст, ки гузоришгарони вижа аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башари созмон барои омӯзиши вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои гуногун таъин мешаванд ва ин мақом ифтихорӣ буда, гузоришгарон корманди СММ нестанд ва барои корашон маош намегиранд.
Мӯҳр
Боре яке аз дустон дар даврони студенти бемор гашта буд ва бо хам ба пизишк мурочиат намудем, пизмшк ба дустам гуфт: Системаи дифоии бадани шумо заиф гашта аст, бинобар ин ман ба шумо тавсия мекунам хурокихои гушти ва магзу меваро бештар тановул кунед, акаллан хар руз як дафъа хуроки гушти ва магзу мавиз бихуред.
Дустам чавоб дод: Агар ман метавонистам ин хурокихоро хар руз бихурам асосан бемор намешудам ва пеши шумо хам мурочиат накарда будам.
Ин дархости СММ хам мисли хамон тавсияи пизишк ба дусти студентам мебошад, чун агар Точикистон мачлиси конунгузории мустакил медошт, ки хукумат то ин хад афсоргусехта намешуд. Мушкили асли ин аст, ки Точикистон имруза мачлиси конунгузори мустакил надорад, то пеши рохи ин хукуматро бигирад.

ОФАРИН ГУЗОРИШГАР СУСТ НАМОН КИ ИНХО ВООБЩЕ ГУЗАРОНДАНД

Аз афташ малум буд ки у корманди СММ нест. Амняти ЧТ аз максадхои нопокаш хабар доштааст ки уро ба назди азои ХНИТ рох надодааст. аз суханронияш малум аст ки у як ди№!л аст.

Бе маош ки кор кунад... шояд маошашро Кабири пардохт карда бошад.

Donishjui
Хатлони,
Ozodagon iltimos menamoyam, sharhi bemanoro ba monandi khatloni chop nanamoed, ba shevai kuchagi guem ira kala kadu mefahma.....

Депутатхои мухтарам ва номухтарами мо, барои чи дар бораи Точиксодиротбонк чизе намегуед, мардуми одди мехохад маош гирад, Шумо бошед 8000 сомон гирифта дар дахонатон об гап намезанед.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)