Бахшҳо

Садриддини Наҷмиддин: Қисме аз пули консертҳоро ба қаҳрамони 6 каратаи Тоҷикистон медиҳем (ВИДЕО)

Садриддини Наҷмиддин, овозхони саршиноси тоҷик мегӯяд, як қисмати маблағи ҷамъшуда аз консертҳои Душанберо барои табобати Алиҷон Маҳкамови 8-сола, қаҳрамони 6 каратаи Тоҷикистон оид ба дзюдо медиҳанд.

Садриддини Наҷмиддин имрӯз, 15 март дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, як қисмате аз маблағи консерти муштаракаш бо Ғизол Иноят, сарояндаи шинохтаи афғонро барои Алиҷон ихтисос хоҳанд дод.

Алиҷон Маҳкамов, сокини шаҳри Душанбе буда, аз бемории саратон ранҷ мебарад. Саидмурод Маҳкамов, падари Алиҷон соли сипаришуда ба дафтари “Озодагон” омада, барои табобати писараш аз мардум кумак хоста буд. Ба дунбол, Садриддини Наҷмиддин ҳам бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардуми саховатпешаи Тоҷикистон даъват намуд, дар наҷоти Алиҷон ёрӣ расонанд.

Ба гуфти падари Алиҷон фарзандаш аз 3-солагӣ ба гуштӣ машғул шуда, истеъдоди фавқуллода дорад. Ӯ дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, ҷойҳои аввалро соҳиб шудааст. Қаҳрамони шашкаратаи кишвар оид ба дзюдо аст. Саидмурод Маҳкамов мегӯяд, дар қувваозмоиҳо рақибони ҳатто аз вазнаш зиёдро то 10 сонияи аввал мағлуб мекунад: “Доварону мурабиҳо аз ӯ умеди калон доштанд. Мегуфтанд истеъдоди Худодод дорад".

Табибони Ҳиндустон барои табобати Алиҷон 15 ҳазор доллар талаб карда буданд. Аммо Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, баъди он ки ин маблағ ҷамъоварӣ шуд, пизишкор арзиши муолиҷаро гарон кардаанд ва ҳоло падари Алиҷон тасмим дорад, фарзандашро барои табобат ба Маскав барад: “Ман то ҷое имкон доштам, кумак расондам. Як қисме аз консерти наврӯзии мо ҳам ҳаққи Алиҷон аст. Ман бо Алиҷон дар робита ҳастам. Боварӣ дорам, ки Худои бузург ба Алиҷон шифо медиҳад”.

Консерти Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят рӯзҳои 20,21 ва 22 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегардад.

Садриддину Ғизол соли сипаришуда таронаи “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбонро иҷро карданд ва он зуд шуҳратёр шуд. Клипи он танҳо дар се моҳ марзи як миллион бинандаро убур кард, ки барои Тоҷикистон “рекорд” маҳсуб мешавад. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои тамрини овозхонии ин ду сароянда нашр гардид ва хабар дода шуд, ки Садриддину Ғизол чанд таронаи дигари муштарак мехонанд. “Номи ту бошад бар лабам”, “Соқиё, маро дарёб” ва “Ту ситорамӣ” аз шумули онҳо гуфта мешаванд.

Баъд аз консерти Душанбе Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят дар Австралияву Канада ва Амрикову Бритониё ҳам ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

ВИДЕОИ КУМАКХОҲИИ ПАДАРИ АЛИҶОН


Мӯҳр
р
Бас аст концерт дар ин давраи бухрони. Равед аз паи ягон кори дигар шаведу пули мардумро кашида нагиред.

Хамин мардуми точик аз бепули ва киммати шикоят накунанд, мебини барои билет чанг мешавад, дар хона аз барои бепули кати зану бачаш чанг мешавад

"Ғизол Иноят, сарояндаи шинохтаи афғон" не, балки афгонистони!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)