Бахшҳо

AVDATA: Тоҷикистон ҳавопаймои корӣ надорад

Оҷонсии машваратии “AVDATA/JetNet” гузориши ҷадидаш дар бораи теъдоди ҳавопаймоҳои корӣ ё ба истиллоҳ “бизнес-ҷет”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони алоҳида истифода мешаванд, нашр намудаст.

Оҷонсӣ танҳо ҳавопаймоҳои кориеро ҳисоб кардааст, ки дар феҳрасти миллии кишварҳои ҷаҳон сабт шудаанд ва муайян кардааст, ки теъдоди аз ҳама зиёди чунин ҳавопаймоҳо-19 ҳазору 894 адад дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд.

Дар қаламрави собиқ кишварҳои шӯравӣ, Русия бо 189 ҳавопаймои корӣ пешсаф аст: “Қазоқистон-38 ҳавопаймои корӣ, Украина – 32, Эстония -20, Озарбойҷон – 13, Белоруссия - 13, Литва-11, Латвия – 9, Туркманистон -3, Гурҷистон-3, Арманистон – 3, Қирғизистон - 2, Молдова -1, Узбакистон-1 ҳавопаймои корӣ дорад, ки на ба мусофиркашонии оммавӣ, балки барои рафтуомади доираи соҳибкорон таҷҳизонида шудаанд”.

Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳавопаймои корӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама зиёд ҳавопаймоҳои корӣ cабт шудаанд, Амрико бо 19894 ҳавопаймо, Бразилия-1611, Канада -1335, Мексика -1305, Венесуэла -764, Олмон-764, Австралия -590), Британияи Кабир - 517, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ-435 ва Фаронса бо 410 ҳавопаймо шомил гардидаанд.

Гузоришгарон бо зикри он, ки раддабандӣ бо назардошти ҳавопаймоҳои сабтшуда дар феҳрасти миллӣ таҳия шудааст, таъкид мекунанд, ки имкон дорад доираҳои соҳибкории кишварҳои алоҳида ҳавопаймоҳои худро дар минтақаҳои офшорӣ ё феҳрасти дигар кишварҳо сабт кардаанд. Дар гузориш инчунин ҳавопаймоҳои нафарҳои аввали давлатҳои ҷаҳон сарфи назар шудаанд.
Мӯҳр
Сохибкорони мо сарфаю сариштакор хастанд-да-а-а.( е,ки ч,анток, барин худро нишон додан намехоханд)

БАРОДАР СУХРОБ!!!

СОХИБКОРИ БОАКЛ ХУДНАМОИ НАМЕКУНАД. ЯК СОХИБКОРИ БЕЧОРАИ МО ЯК БОР ДАХОН КУШОД, НАСИБ БОШАД АГАР ЗИНДА БОШЕМ УРО 29 СОЛ ПАС МЕБИНЕМ ДАР ОЗОДИ.

ТОЧИКРО ГУЛОМИ ДАР ПЕШОНИШ НАВИШТАГИ БУДАСТ, АФСУС!!!

ОЗОДАГОН КОММЕНТХОИ МАН РУЗХОИ ОХИР ЧОП НАШУДА ИСТОДААНД. НАТАРС!!!

Сохибкорони мо дар замин кор карда натавониста истодаанд, аз дасти беадолати ва андозу корупция, аз кучо боз дар самолёт дар осмон кор меёбанд. Бечора мардуми мо комат рост кунанд, мешиканандашон. Холо мардуми мо сар карда аз зиёион то дехконон зомби шудаанд. Ман хайронам, ки аз руяшон дида мешавад, ки дилашон чи мехохаду лек забонашон тамоман гапи дигарро меуяд. Ба мисли оне, ки шох гуфт -гов мепарад, мардум бовар надораду, лек чавоб медихад- бале мепараду паст паст мепарад....

мехмон
Доштани чунин самолёт шарт нест. Бизнесро бобоёни мо бо корвон хам мекарданд. Магар бо чунин тайёра сайркунанда моли арзон вориди чумхури мекунад ? Аз чунин самолёт харидан 5000 сар модагови ширдех аз Молдова биёранд бехтар.

Э ГУМШ КНЕН ИТАРИ НАГЕН КИ БО ХАМИН ХУКУМАТДОРОНИ МО ХАМАИ МУШКИЛИХОРО МОНДА ДУМИ ХАВОПАЙМОХАРИРО МЕГИРАНД МАРДУМИ БЕЧОРА ГУШАВУ ТАШНА ИНХОРО ФАКАТ ДАР ХУДНАМОИ МОНИВУ ХАЛОС 1 ЧАХОН ТАШАКУР

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)