Бахшҳо

Э.Раҳмон, Тураҷонзода, Холиқзод... Эълони чеҳраҳои сол аз сӯи "Нигоҳ"

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” чун анъана, дар арафаи Наврӯзи аҷдодӣ, бо ҷалби беш аз 50 коршиноси тоҷик чеҳраҳои соли Тоҷикистон дар бахшҳои гуногунро муайян кардааст.

Тибқи иттилои ҳафтаномаи “Нигоҳ”, дар бахши “Сиёсатмадори сол” аксари ширкаткунандагон ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд, чун бино ба хулосаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон дар як соли охир тавонист ба пуррагӣ нерӯмандтарин оппозитсияи даруниро шикаст диҳад ва оппозитсияи бурунаро, ки ба тозагӣ сар баланд мекард, низ хунсо намояд ва нагзорад, ки онҳо ба ҳам оянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев “Мансабдори сол” эълон шудааст. Ва барои ин ҳамагон ба се нуктаи муҳим таваҷҷуҳ кардаанд, ки яке он ки вай мансабдори бавиҷдон аст, дуюм дар миёни ҷомеа аз эҳтироми хоса бархӯрдор аст ва сеюм ташаббускор аст.

“Нигоҳ” имсол натавонистааст, иқтисодчии солро муайян кунад, чун ба бовари аксари коршиносон ҳатто Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо пешгӯиҳояш дар мавриди беқурбшавии пули миллӣ ва Лутфулло Сайидмуродов барои таҳияи барномаи зиддибуҳронӣ баҳои аксариятро соҳиб нашуданд. Аз ин рӯ ғолиби “Иқтисодчии сол” имсол эълон нагардидаст.

Муродалӣ Алимардон “Бонкдори сол” ва Гулбаҳор Маҳкамова “Соҳибкори сол” эълон шудаанд.

Ба иттилои “Нигоҳ” ин бор аксари ширкаткунандагони пурсиш Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро “Руҳонии сол” гуфтаанд, гарчанде садои ин руҳонии маъруф тайи як сол аслан шунида намешуд ва масҷиди маъруфи хонадон бастаю сомонаи Оли Тӯраҷон ҳам дигар фаъол нест.

Светлана Герасименко барои ковишгари Розетта, ки ба ситораи думдори Чурюмова-Герасименко нишаст ва чанд пайёми илмӣ ирсол кард, аз ҷониби таҳлилгарони “Нигоҳ” “Олими сол” эълом гардид ва Мирзонабӣ Холиқзод “Журналисти сол”. Дар мавриди Мирзонабии Холиқзод аксаран бар ин натиҷа расиданд, ки манбаъҳои хабарии ӯ “Озодӣ”-ро ҳамоно ба расонаи таъсиргузору фазосози муҳити сиёсӣ-иттилоотии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.

“Адвокати сол” эълон шудани Бузургмеҳр Ёров ба иттилои “Нигоҳ” пешгӯишаванда буд, чун пусарусодотарин ва хабарсозтарин чеҳраи соли гузашта маҳз ӯ буд. Ба ҳадде ки созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ба дифоъ аз ӯ бархостанд. Вале "Оппозитсияи сол” Шабнам Худойдодова, узви боздоштшудаву раҳошудаи Гуруҳи-24 (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) эълон шуд.

Дар варзиш Дилшод Назаров, ки соли сипаришавандаи шамсӣ натиҷаҳои беҳтарин дошт, “Варзишгари сол” ва Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд “Дипломати сол” эълон шуд.

Дар муҳити адабиву ҳунарӣ Исфандиёри Назар “Адиби сол”, Қурбони Собир “Ҳунарманди сол”, Ҷонибек Муродов “Сарояндаи сол” ва Барзу Абдураззоқовву Муҳиддини Музаффар “коргардони сол” дар театр ва синамо эълон шудаанд.

Имсол номинатсияи “Милисаи сол” ба Фирӯз Раҳматов тааллуқ гирифтааст. Вай як зани 38-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот дод.

Ва аммо ҷоизаи махсус “Ифтихори ҷомеаи шаҳрвандӣ” насиби ҳуқуқшиноси маъруф Файзиниссо Воҳидова шудааст. Зеро маҳз ӯ дар бастагӣ бо масоили рӯзмарра нотарсида мавқеъи худро эълон кард ва ҳамеша парвандаҳоеро зери ҳимоя мегирад, ки дигарон ҷуръат намекунанд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” бар асоси солшумории аҷдодии шамсӣ фаъолият карда, ҳамасола дар арафаи Наврӯз чеҳраҳои соли гузаштаро муайян мекунад.
Мӯҳр
Хоркаш
Инҳо кӣ худошон? Аксараша номашона бори аввал мебинем.
Чӣ хел боз чеҳраи сол мешудаянд?!

Сорбони Ошик.Нева«
«Нигох»хам назари танг доштааст.Мумкин аст як чанд пешниход кунам?Аз хисоби садхо хазор мухочирони коринаход,ки «як «Мухочирзани сол» ёфт нашавад? Рузноманигор Харамгули Кодироваро дар умрам надидаам,««Рузноманигори чабрдидаи сол» эьлон шавад. Ман хамчун хонандаи «Озодагон» «Ошики сол»,эьлон шавам.Ягон премияву чоиза намехохам,хамин хел гайриконкурси.

салим
Турачонзода чиба хомуш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)