Сарвазири Покистон: Гардиши мол миёни Душанбеву Исломобод ба $500 миллион расонида шавад
Навоз Шариф, сарвазири Покистон дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори рушди ҳамкориҳои дуҷониба шуда, таъкид кардааст, дар се соли оянда гардиши мол миёни Душанбе ва Исломобод бояд ба 500 миллион доллар расонида шавад.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Навоз Шариф таъкид кардааст, ки сарони ҳарду кишвар дар заминаи афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар дастур содир кардаанд ва барои амалӣ шудани ин дастурҳо вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар бояд ҳамкории ҷиддӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров қайд намудааст, ки коҳиши гардиши мол миёни ду кишвар боиси нигаронии ҷонибҳо буда, ҷиҳати татбиқи дастури сарони кишварҳо оид ба зиёд намудани гардиши мол дар се соли оянда бояд ҳамкориҳо тавсеа дода шаванд. Номбурда қайд намудааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф, “КАСА-1000” нақши муҳим хоҳад бозид.
Ба игуфтаи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, барои содда гардонидани интиқоли бор аз қаламрави Покистон лозим аст ҳарчӣ зудтар Созишномаи сеҷонибаи савдои транзитӣ байни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон ба имзо расонида шавад: “Инчунин дар назар аст, ки Тоҷикистон ба наздики ба Созишномаи чоргонаи Чин-Покистон-Қазоқистон ва Қиргизистон дар бораи боркашонии транзити ҳамроҳ гардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |