Бахшҳо

Пурсиш: Чаро талабгорони кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу назоратӣ зиёданд?

Озмунҳои ҷойи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ, монанди Агентиҳои мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, ҳамеша довталабони зиёд дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки моҳонаи пешниҳодшуда дар ин ниҳодҳо 700-800 сомонӣ мебошад. “Озодагон” ин навбат аз соҳибназарон пурсид: ЧАРО ТАЛАБГОРОНИ КОР ДАР МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ НАЗОРАТӢ ЗИЁДАНД?


Абдулло РОЗИҚЗОДА, шореҳи масоили иқтисодӣ
Ба ҳама маълум аст, ки бо 700 сомонӣ бо нархҳои кунунӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан мушкил аст. Барои оилаи фарзанддор бо ин маблағ аслан имкони пеш бурдани зиндагӣ номумкин аст. Аммо бо ин вуҷуд барои корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ будан бисёриҳо талош меварзанд. Чунки кормандон ин ниҳодҳо дар ҷомеа соҳиби нуфузу қудрат ҳастанд. Масалан, кормандони дигар ниҳодҳои давлатӣ, аз корманди оҷонсии мубориза ба коррупсия метарасанд. Ҳамин аст, ки бисёриҳо талош меварзанд, шомили ин оҷонсӣ шаванд.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Замоне худам дар ин гуна озмунҳо ширкат кардаву соҳиби ҷойи кор шуда будам. Соли 1999 буд. Он вақт Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нав таъсис мешуд. Мо ҳама имтиҳонҳоро гузаштем ва бидуни кадом монеъа қабул шудем. Чун он замон дар қабули кормандон намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мустақим ширкат мекарданд. Ёд дорам, ки имтиҳонҳо низ то ҳадде шаффоф мегузаштанд. Ва бо ҳамон имтиҳону ҳамон озмун 14 сол дар он ниҳод кор кардаму аз лейтинантӣ то рутбаи майор расидам.

Аз таҷриба мегӯям, ки инсонҳо баъзан аз сари шавқ ва майлу рағбат дар ин гуна озмунҳо ширкат мекунанд. Ҳоло агар бубинед ин ниҳодҳо маоши баланд ҳам надоранд, вале довталабон ҳастанд. Ман зинаеро нагузаштам, ки олуда ба ягон фасод бошаду гӯям, ки ба ин хотир. Худам ки он замон бекор будам, ширкат кардам. Шояд дигарон ҳам ҷойи кор мекобанд ва мехоҳанд бо истифода аз фурсат соҳиби ҷойи кор шаванд. Дар ҳоле ки хатмкардагони бахши ҳуқуқ зиёданду ҷойи кор на ба ҳама мерасад. Аз сӯйи дигар озмунҳо то ҷойе шаффоф сурат мегиранд ва роҳбарони ниҳодҳо имкон доранд мутахассисони беҳтаринро интихоб кунанд.

Чизи дигар ҳам ҳаст. Шояд теъдоди зиёд барои он ба ин озмунҳо мераванд, ки медонанд аз ин тариқ ба баъзе корҳои дигар ҳам даст задан мумкин аст. Тавре мебинем, вақтҳои охир дар бораи бо ришва боздошт шудан ва ё даст ба тиҷорату интиқоли маводи мухаддир задану дастгир шудан, хабарҳои зиёд мерасанд. Иддае ба ин бовар ҳам ҳастанд, ки корманди ин гуна мақомот метавонад даст ба фасод занад. Ин гуна ҳолатҳо истисно нест. Вале хушбин бояд буд. Инсонҳо кор мекобанд, аз ин рӯ мераванду ширкат мекунанд.

Ёқуби Саид, хабарнигор
Суоли “Озодагон” то ҷойе худаш посух дорад. Яъне, бо вуҷуди 700 сомонӣ будани маош довталабон ба он хотир ҳуҷҷат месупоранд, ки умеди “даромадҳо”-и дигарро ҳам доранд. Ин ҳам воқеият дорад. Вале сабаби аслии розӣ будан ба маоши 700-сомонӣ ва талош кардан барои соҳибии ин курсӣ он аст, ки мардум кор надоранд. Аксарият розианд, ки кор дошта бошад, ҳадди ақал бо 500 сомонӣ ё аз ин камтар ҳам. Ман фикр мекунам, омили аслии довталаб шудани аксарият ҳамин аст.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дар Тоҷикистон корхонаҳо аз кор мондаанд ва бизнеси миёна ва хурд то ҳол ташаккул наёфтааст. Ҷавонон аз кору фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ худдорӣ мекунанд. Чун дар ин бахш музди меҳнат ва дигар кафолатҳои иҷтимоии соҳа талаботи ҷавононро қонеъ намегардонад. Бинобар ин, онҳо кушиш мекунанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуда, худро одами муҳиму ваколатдори давлатӣ эҳсос намоянд. Бидуни шакк, аксарияти онҳо мушоҳида мекунанд ва мебинанд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ имтиёзҳои муайян ва имконияти гирифтани даромади иловагиро низ доранд.

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар
Сабаби зиёд будани довталабон дар озмунҳое ки моҳонаашон аз 700-800 сомонӣ беш нест, ба ҳамагон маълум аст: танҳо ба хотири “даромадҳои ғайрирасмӣ”. Гуфтанист, ки моҳонаи 700-800 сомонӣ, худ як таҳкурсии қавии фасоди идорӣ ва ришвахорист, чунки яке аз сабабҳои умдаи пайдоиши фасоди идорӣ - маъоши ночизи кормандони ин ниҳодҳост. Масалан, агар Вазорати маориф барои муаллимон барои маоши 1200-15000 сомонӣ озмун эълон кунад, боварӣ дорам, ки довталабон нисбат ба мақомоти номбаршуда даҳҳо маротиб камтар ба он таваҷҷуҳ мекунанд. Чун ки дар мактаб фоидаи ғайрирасмӣ қариб ки нест. Хулоса, ин ҷо гап сари киса ва даромадҳои ғайрирасмӣ мераваду халос.

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Пеш аз ҷавоб бояд қайд кард, ки худи ин “озмун”-ҳо ба ҷуз “ба чашм хок пошидан” дигар мақсаде надоранд. Ва баъд, дар кишварҳои яккатоз ва сохтори пулисидошта, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум - дину иҷтимоиёту зану кӯдаку илму фарҳангу иқтисоду ҳуқуқу ғайра сохторҳои қудратӣ ҷойгузин ҳастанд, кормандони ҳамин сохторҳо дар дарёфти фоидаи осон муваффақ ҳастанд. Оддӣ карда гӯем: дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон пулкоркунӣ осон аст.
Мӯҳр
Назари ман хамчун сохибкори тачрибадор ин аст, ки максади довталабон ба макомоти хифзи хукуку назорати барои дарёфти маблагхои иловаги яъне ришваситон мебошад. Дар даврахои шурави мегуфтанд, ки яхудиро гуфтанд, ки кори рохбариро мегири бо маоши баланд ё анборро бо маъоши паст? Яхуди анборро интихоб кардааст. Таги солхои дарози тачрибаи сохибкори дидам, ки ин намояндахо бо чунин маъоши паст чи гуна касрхо сохтанду чи манманихо карданд. Як нархи мошини онхоро мо дар дахсолахо кор карда наметавонем, аммо онхо дар як сол кор дар корупсия ва агентии назорати маводи нашъаовар, меёбанд. Гуфтани хастам, ки ин озмунхо хам спектакл аст. Худотона гаранг накунед. Дар ончо пеш аз озмун таъин мешаванд. География рол бози мекунад на биография. Як назар ба географияи кормардонашон кунед, хамма аз як минтакаю як дара... озодагон ин дарди дили ман чоп кунед пурра илтимос!!!

Ин озмунхо ба фиксия табдил ёфтанд. Дар баъзе аз сохторхои давлати аз он хатто даст кашида, ба усули бобои бозгаштанд. Озмунхо танхо хамон вакт натича медиханд, ки ба тарики мустаким бидуни таъсири идорахои давлатии ба кор кабулкунанда тарики холгузории тестии сатхи дониши довталабон гузаронида шаванд. Вале "чиновник"-хои точик ба ин усул гузаштани нестанд, чунки боз яз як сарчашмаи даромади гайрирасми махрум мешаванд))) Тавре мегуянд: "Гушт бигандад намакаш барзананд, чора чи бошад, чу бигандад намак?" Хамин аз вазъи вокеии Точикистони офтоби! Чоя бги, маълм...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)