Ирсоли парвандаи қаллобии бародари А.Ғоиб ба Суди Олӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрукро ба анҷом расондааст. Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 25 март аз Додситонии кулли Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, парвандаи Наҷмиддин Саидов ва се гумонбари дигарро як ҳафта қабл ба Додгоҳи олӣ ирсол кардаанд. Аммо манбаъ аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ кард.
Моҳи гузашта Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов ба додситонӣ ворид гардидаст. Мирзохонзода илова намуд, дар ин қазия чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки парвандаҳояшон вориди додситонӣ шудаанд. Додситонӣ он замон ҳам шахсияти муттаҳамони дигари ин парвандаро ифшо накарда буд.
Қаблан расонаҳо, иттилоъ иттилоъ доданд, Наҷмиддин Саидов, ки моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид, бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз боздошт раҳо шудааст. Тибқи иттилои нашршуда Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |