Бахшҳо

Ҳисоботи раиси “Тоҷиксодиротбонк”: Бояд чораҳои солимгардониро амалӣ кунем (АКС)

Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” дар ҷаласаи солонаи саҳмиядорони бонк аз фаъолияташ дар соли 2015 ҳисобот дода, суду зиёнро ба баррасӣ гузоштааст.

Тавре аз ин бонк ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Пирзода таъсири буҳрони ҷаҳониро ба фаъолияти бонк тасдиқ карда, таъкид намудааст, ки ҳадафи аввалиндараҷааш дар соли ҷорӣ татбиқи чораҳои солимгардонӣ мебошад. Ӯ саҳмдорони бонкро бо Наврӯз ва 24-умин солгарди таъсисёбии "Тоҷиксодиротбонк" табрик карда, илова намудааст: “Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи Бонк дар соли ҷорӣ, амалинамоии чораҳои солимгардонӣ ва тақвияти пайгиронаи рушди босуботи молиявӣ, беҳтарнамоии самаранокии фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи инчунин ҳисоботи кумитаи аудити Бонк дар бораи фоидаву зарар дар соли 2015 ироа гардид, аммо ҷузъиёти онро ифшо накард.

Қаблан беҳбуди фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати воломақоми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) буд.

Бино ба иттилои Бонки миллӣ ҷонибҳо стратегияи нави фаъолият ва эҳтимоли ҷалби сармоягузорони нави хориҷӣ ба "Тоҷиксодиротбонк"-ро баррасӣ намуданд.

Ин талошҳо дар дар ҳолеянд, ки мизоҷони ин бонк аз мушкилоти фаъолияти он шикоят намуда, изҳор медоранд, ки барои гирифтани маблағ аз кортҳояшон вақту нерӯи зиёдро сарф мекунанд. Корафтодагон мегӯянд, дар бисёре аз банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк” пули нақд нест ва барои гирифтани маблағ дар дафтари марказӣ ҳамарӯза навбат меистанд.


Ҳисоботи раиси “Тоҷиксодиротбонк”: Бояд чораҳои солимгардониро амалӣ кунем (АКС)

Ҳисоботи раиси “Тоҷиксодиротбонк”: Бояд чораҳои солимгардониро амалӣ кунем (АКС)

Ҳисоботи раиси “Тоҷиксодиротбонк”: Бояд чораҳои солимгардониро амалӣ кунем (АКС)

Ҳисоботи раиси “Тоҷиксодиротбонк”: Бояд чораҳои солимгардониро амалӣ кунем (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)