Бахшҳо

Маслиҳати Шӯрои уламо ба Шаҳодат, ки шавҳараш шиа аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Шаҳодат, як зани тоҷик, ки шавҳараш аз аҳли шиа аст, маслиҳат додааст, ки ақидаҳои худро ҳифз кунад.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки худро Шаҳодат муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки бо шавҳараш аз аҳли шиа беш аз як сол хонадор аст: “Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам”.

Шӯрои уламо ба Шаҳодат чунин посух додааст: “Миёни шиаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақоиди онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Илова бар ин, ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин, бо чунин афрод никоҳ қатъиян манъ аст”.

Шӯрои уламо дар идома таъкид кардааст, он касоне ҳам аз аҳли шиа, ки ақидаашон ба ҳадди куфр нарасидааст, аз роҳи залолат ва гумроҳӣ берун нестанд: “Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далели яқинӣ собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯи онҳо назар намекунем. Ҳайф, сад ҳайф бар ин мусулмонон, ки ба ин гуна ашхос муҳаббат меварзанд ва бо инҳо издивоҷ мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки Расули Худо (с) аз инҳо норозӣ аст ва ононро аз ҳавзи Кавсар меронад”.

Бо зикри ин Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҳар фарди ҷомеа, ки пайрави аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, зарур хондааст, ки ақидаи солими худро ҳифз намояд, зеро ки саодати абадии ҳар инсон дар партави ақидаи саҳеҳи ӯ ҳосил мешавад. Шӯро дар хитоб ба Шаҳодат илова кардааст, “хоҳари азиз, худ ва фарзандони ояндаи худро аз ҳар гуна ақидаҳои нодуруст эҳтиёт кунед”.
Мӯҳр
ВКД ва дигар ниодхои кудратии кишвар кучоро нигох мекунанд?
КГБ кучоро?
То вакте муфтии ханафи рахматии Неъматзода буд инхели даъво ва саволхои ташкилшуда набуд.
Мо Бадахшонихоро ки мазхабамон шиа аст.
Шиа гайри мо ки аст дар Точикистон?
Духтароямонро бо Кулобихо акд кардем Ханафи шуданд мо чизе нагуфтем.

Мебахшед
далели яқинӣ- ачаб... далелхои Нютону Галилею Кеплер чи хели далел бошад. агар дин аслан далеле медошт ё аслан илм мебуд яке аз кориёни Куръон ва ё муфассирону мухаддисону "уламо" кори Эйнштейн ё Сино ё Рози ё Коперник ё Букроти хаким ё чомоспи хаким ё дигаронро анчом медоданд охир дин бародари ман далел надорад факат эхтимолот ва як акида ва дунёнигари ба тарзи худ аст бо далел кор надорад бо диктовать кардан кор дорад. албатта баъзе иддаохое ки хаст хаммаашро дониш имруз рад кардааст бинобарин муллоён мунтазири рузи фардо хастанд ки шояд дар оянда донишмандони гарби ягон иддаояшонро исбот кунанд.

Juz taassof nemitavon chize digari b shuroye ulamoye TJ guft bobate in hame durugh k bofte to yek shahrvandro betarsonad. Pas bo in uwsof k shuro naql karde, yeki az ulamoye markaz boyad baroye in bonuye tojik khutbeye taloqro jori kunad digar!

Мошаллох, фатвои дуруст ва хакикат ,Эй кош хаминхел фатво ва мавизахо 5- 6 - сол пештар мешуд ин рофизихо дар давлати мо то инчо немерасиданд,

Инсон
Бадахшони дуруст мегуяд офарин, мо вакте масъалаи точик ва Точикистон ва ё форсизабонон пеш меояд бояд ба акл такя кунем, набошад парокандаги пеш меояд бародарро аз бародар ( манзурам бадахшони агарчи исмоилист бародари мост точики Хучанду дигар хиттахо агар баъзеаш насрони шудааст бародари мост ва хохари мо ) хохарро аз хохар фарзандро аз падару модар хамчунон ки дар садри ислом шуда буд .. ( нигаред ба масъалаи Абулахаб ки кудои паёмбар буд ва нахост мусулмон шаваду духтарони паёмбарро писаронаш талок доданд ва Аллох дар ин масъала дахолат кард) мо парокандагиро намехохем мо масъалаи точикро ва точикистонро болотар аз хар навъ фикру чахонбиниву дин медонем ва мехохем ки кишвари дунявиамон ба суи тараккиёт ва пешрафту рушд харакат кунад ки то Уктабри болшевики албатта пас аз Сомониён ( ки точикон кариб мисли Андалус арабро наздик буд факат бо Багдоду Яману Арабистон махдуд кунанд, ки нашуд аз дасти эшонхои он давра ва сайиду арбазадахои он замон) надоштем нигаред нависандагони он давраро мо факат ба китоби точикони Б Гафуров ки комилан илми ва аклписанд аст пайрави намуда инсониятро дар дарачаи авал гузошта мазхабро дар дарачаи дуввум ва дар синахо ва мазору масчидхо пинхон хохем кард вагарна вой бар холи мо ва агар касе мехохад мазхабгарои ва махалгарои ва фатводихиро идома дихад мархамат ба кишвари хамсоя Афгонистон ва Покистон..

ман
Тоҷики Бадахшон,
озодагон чаро каментхоро намемонед? йо шумо хам пайравони абусуфену мовия хастед?

зафар курбонов
шукри
Худо мазхаби Имом Абу Ханифа ахли суннат ва чамот волотарин мазхаб, мебошад, такгири куркуронаи мазхаб дин акида ин бадбахтиаст, фикр намекунам ки инсон ба хотири дуне зан е шавхар дину акидаашро дигар кунад. боки худованд окилу доност. ман ба ягон дину оин е мазхабу равия чизе гуфтани нестам ва онхоро хам хукуки ботил эътироф кардан надорам чун на мучтахидам на муфити на кози, лек акидаамро гуфтам ба ин хак дорам

Марди рох.Чорсу.
Тоҷики Бадахшон,
Худои бузург,наход дину мазхаб ишку мухаббвтро поймол созад?.Дигар илоче нест?Агар дину оин махз,танхо махз мустакиман сабабхои болоравии ичтимоиети оилавиву рушту камоли миллат мешуд,пас чаро хазорхо оилахои мансуб ба як мазхабу равияи ачдодии худ мансуб вайрон мешав ранду алок мурсан оивораву сарсон мегарданд.Агар.рафтаву писари ман духтари ьадахшониро дуст дорад,пас ман танхр барои мазхаби у рози нашавам? Дар Россия чандин духтарони миллати худро дидаам,ки бо осетиягихову тоторбачахо ва хатто русхо ба шавхар баромадаанд.Шуо фикр накунед,ки модарони онхо шояд рус бошад,не аз оилахои пурра точики.Аз хурди инчо мактабхон шудаанду ба воя расидаанд.Чи илоч,онхо ъам бахт мехоханд.Пас мо хушбахт бошему нигарем,ки кай онхоро точикрни хцди ба зани мегиранд?.

ma yak savol ba hamu kase ki mega din dalel nadorad doram. o vakte ki meguy agar dindoro yo koriyo ba savod mebdan koroi sino rozi va digaron ro mekard. o barodar khudat chankadar az zindagii sino va rozi medoni? ozodagon khohishan gapi har besavoda chop naknen kiyan iyo?
hozir yak nafari digar yagonchi bnavisad chop nameknen. shumoham agar harkas ba din shubha vorid kard chop kunen va javoboi shubha horo nanavisen

ман
ман,
Коменти ман кучо шуд? Озодагон кушиш кун озода бош...

Ботилшикан
Аввалан касонеки мегуянд дин дируг аст ва далел надорад мо мегуем "тушпароро хом шумурдед чучаро барвақт!" дини мо комил аст ва хамаи он чи ки гуфта мешавад далел дорад.
Касоне ки ба Қуръон бовар надоранд як китобе хаст дар сомонаи IslomHouse.com ки дар бораи муъчизахои Қуръон навиштаанд фаровир карда хонеду баъдан андеша кунед ки кай Қуръон нозил шуда буд ва ин чи Китобе будааст ки 1400-сол пеш хамаи чизхоро баëн кардааст ва харгиз кухна нашудааст.

Комменти манро чаро намегузоред!

амаков
муфтиет рост мегуят бояд мо аз акидаи мазхаби ханафи нагардем онро хифз намоем

НАРГИС
ЧИ ШИАВУ ЧИ СУННИ РОХБАРИ ХАМАИ МО ХУДОИ МУТАЪОЛ АСТ, ИН ЧИ ТАФРИКААНДОЗИ БАЙНИ МАЗХАБХО, МО ТОЧИК АСТЕМУ БАРОИ ПЕШРАФТИ ЧОМЕА БОЯД ЧУНИН СУХАНОН ХАЛАЛ НАРАСОНАД, ИН ШУРОИ УЛАМО ЯГОН ХУКУКИ МАЪНАВИ НАДОРАД КИ ЧУНИН ГАП МЕЗАНАД, ШИАМАЗХАБУ СУНИМАЗХАБ ХАМА МУСУЛМОНАНДУ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ПАЙРАВИ ДОРАНД, КОРМАНДОНИ АМНИЯТ ИН МАСЪАЛАРО ЧИДДИ БИНЕД,

Одамо уже ай Марс 4 сотихи замин гирифтестан, и миллати пешкадами мо хозирам тема барои абсуждени кофтестан. "Озодагон" худатонро хурмат кунед,айб аст

шахрванд
Э мардум, дар асри 21 зиндаги дорем. Аз бачои пешрафти зиндагиро бахс кардан то хол равияомузи мекунем. Худованд якаву ягона аст, хар инсон танхо худаш бо кадом рох рафтанашро интихоб мекунад. Дар Дубайу Эрон магар диндорон нестанд? Нигаред ба ин давлатхо ки сатхи зиндагонии мардумашон чи кадар баланд аст. Наход мардуми точикистон аз мардуми онхо бесаводтар бошад? Бас аст гапхои бемани. рафта кор кардан лозим аст, иктисодиетро бардоштан лозим аст. Агар мардум мугамбери кунад зури як худи давлат намерасад ба ободии мамлакат.

Памирец шиит
Ложные представления о шиитах. Шахид Асар;Вот - некоторые из обычных заблуждений суннитов относительно шиитов. Автор статьи при ее написании консультировался с двумя шиитскими учеными в Америке: доктором А. С. Хашимом из Вашингтона и имамом Мухаммадом Али Элахи из Детройта.
Некоторые шииты считают, что ангел Джибраиль (мир ему) сделал ошибку: пророческой миссией должен был быть наделен не Мухаммад (да благословит его Аллах и приветствует), а Али (да будет доволен им Аллах).
Это неправда. Таких ложных утверждений не допускает ни один шиит.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)