Бахшҳо

Шӯрои уламо эълони пешвои миллатро дар доираи суннат ва Ислом хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния эълони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ҳайси пешвои миллат, дар доираи суннат ва дини муҳаммадӣ хондааст.

Шӯрои уламо бо ҳимоят аз қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз имом-хатибони масоҷид ва кулли муслимини кишвар даъват кардааст, ки онро чун санади волои ҳуқуқӣ ва фарогирандаи беҳтарин суннатҳои маънавии миллати тоҷик бипазиранду дар фаҳмондани муҳтавои он ба мардуми кишвар саҳм гузоранд.

Тибқи ин изҳорот хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз беҳтарин фарзандони ин марзу бум - Анӯшервону Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дифоъ аз исломи пок заррае кам нест: “Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бо маънавиёти дини муҳаммадӣ ва рукнҳои муҳими ахлоқи исломӣ комилан мувофиқ аст. Худованди Ғолиби Боҳикмат дар марҳилае ин марди накӯномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано буд”.

Уламои Тоҷикистон адолатро муҳимтарин ва бузургтарин сифати раҳбар хондаанд, ки шариати Ислом ба он аз ҳама бештар арҷ мегузорад. Шӯро аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят овардааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Одилон дар назди Худованд дар минбарҳое аз нур қарор доранд, онон, ки дар ҳукмашон, хонаводаҳояшон ва роҳбарие, ки ба онҳо дода шудааст, адолатро риоя мекунанд».

Дар идома ривоят аз Расули Худо (с)-ро зикр кардаанд, ки фармудааст: «Якрӯза адли подшоҳ аз ибодати шастсолаи як мард беҳтар аст».

Дар охир Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикистонро бо қабули қонун дар бораи пешвои миллат табрик гуфта, саодати ҳарду ҷаҳонро аз даргоҳи Худованди бузург ба дуо хоҳон аст.
Мӯҳр
Девона
Фахмо. Туши свет по полной программе )))

odamkhudo
agar khudovu rasul chunin gufta boshand,dilam az inho ham girift.

Muhojir
bo az din difo karda budast

Мирзо
Аз кадом ислом ин афрод сухан мегуяд?Бигуед аз барои Худо аз кадом ислом?

беном
Якбора Худо эьлон кунем (астагфуруллох),чи мешавад?

Тути зи ту омухт ширинсуханиро...

Хазорон шкурона ки маро аз ин кавм наофариди...Худоё товба ин кас нотарсида аз Худо чизе хохад мегуяд.....

Адл гучода хай? Хама баровар не свет факат дар душанбе пастаяна хаст. Дар нохияхо нест. Ман рози не инхел адл бошад.

Точикак
Хех, мо то имруз бехабар будем, ки бастани масчиду манъи рафтани чавонон ба он аз "исломи пок" будааст.

Ба пешвои Милат корамон нест бигзор бошад.
Лекин ба Муфти гуфтаниам,ки Ба ин рафтору гапхои бемантикат Дар назди мардум- О-шудаи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)