Бахшҳо
30 мар 2016 14:01Тоҷикистон / Сиёсат

Қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуот

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 30 март лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро қабул карданд.

Олимҷон Салимзода, вакили палатаи поёнии парлумон ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, баъд аз таҳлилҳои гуруҳи корӣ, ки барои дубора баррасӣ кардани ин тарҳ таъсис ёфта буд, лоиҳа барои қабул омода гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз тарҳ берун карда шуд, чун ин меъёр дар санадҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, чизе ки дар ин лоиҳа дида мешавад, дар қонунҳои алоҳида мавҷуданд: “Вале ин ҷо мушаххастар нишон дода шудаанд”.

Ба таъкиди оқои Зуҳуров, дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки дар сурати қонуншиканӣ аз ҷониби расона Додситонии кулл унвонии идораи расона бо талаби ислоҳи камбудӣ амри хаттӣ мефиристад: “Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо баъдан ба суд муроҷиат мешавад ва суд муайян мекунад, ки расона то куҷо ба қонуншиканӣ роҳ додааст”.

3 феврали соли равон Маҷлиси намояндагон меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро, ки Вазорати фарҳанг метавонад дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накарда, онро барои номукамал буданаш бозпас гардонид. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон он замон дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)