Бахшҳо

Қасди “Давлати исломӣ” барои таркондани бинои пулиси Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шамсиддин Фатҳиддинови 30-сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28-сола, сокинони ноҳияи Ҷиликул хабар дод, ки қасд доштаанд, бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро тарконанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Шамсиддин ва Самовиддин аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Манбаъ мегӯяд, Шамсиддин Фатҳиддинов то ҳадде пойбанди ғояҳои ифротии “Давлати исломӣ” шудааст, ки омода будааст, худро бо мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия битарконад. Тибқи шоҳидии Фатҳиддинов, “мошин маводи тарканда дошт. Фармон доданд, ман рафтам шиштам. Баъд Набӣ дарро кушода гуфт, Шамс фуро, ту даркорӣ Тоҷикистон меравӣ”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Фатҳиддинов ва Саймубиддинов тариқи Туркия ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргашта, қасди инфиҷор доштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ Шамсиддин баъди гирифтани дастур аз масъулини “Давлати исломӣ” ба Самовуддин супориш додааст, ки зарфҳои газро барои таркондани бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон пайдо кунад. Худи Шамсиддин Фатҳиддинов дар гузориши видеоии ВКД шоҳидӣ дод, ки “ба ман гуфтанд, мошин меёбӣ? Гуфтам ҳо, мошин аз падарам ҳаст. Гуфтанд мошини падаратро мегирӣ, балонҳоро бор мекунӣ ва мекафонӣ. Баъд ба мо видеоро равон мекунанд мо пули даҳ мошинро ба хонаат равон мекунем”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар пайи як амалиёт қасди ин афрод ошкор шуда, феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.


Дар акс аз тарафи чап Шамсиддин аз рост Самовиддин
Мӯҳр
Шамол
Агар худро метарконди харом мемурди.ба чои хизмат ба ватан хиенат кардани буди.бори кач ба манзил намерасад.инхо хама оки падар ва модаранд.ашхосе ки рохи Сурия мегиранд хама гумрохонанд.дар асл хамин ашхос намозхои худро ба чой намеоранд.аз ислом бехабаранд.умуман хама бемаьрифатанд.аз мехнати халол мехаросанд.марги шумо-хоинони халку миллати Точикистон!

Ланати Худо бар ту э номусалмон,гайр аз таркондан дигар набуд хизмат нест ки куни .хаму нафароне ки дар пулису амният кор мекунан вазифашон хизмат кардан ба миллату ватан аст.Садкаи хамин хели миллат шави хоини миллат.Худованд миллати мора нигахбон боши Омин.

Худогӯ
вуҳаҳаҳааҳаҳаҳаҳаҳаҳа,
хуб содаякет. О буродаро, Фаронсаву Белжик бо ин ҳама иқтидори амниятиву дастгоҳҳоои истихборотӣ аз ҳамлаҳои террористӣ пешгирӣ карда натавонистанду шумо ошкор мекунед????
Фақат Худо гӯед, ки ДОИШ наояд. Дар як рӯз хоку чангатонро мебарорад. Худо гӯед...

nigina
mousul ne musel dar suriya nest dar iraq ast khabara ki ishtiboh doden diga odam bovar namekuna

.
Бабские сказки. Афсона набофед, илтимос.

nabi farhor
Ин беаклро бинед.

чиликул
Ин афсонахои шуморо дигар касе бовар намекунад. Барои инки дуругхоятонро исбот кунед тамоми миллатро терорист баровардед. Бас аст дуругу тухмат. Агар инхо таркондани мебуданд шумо хеч кор карда наметавонистед. Афгонхо бо ду силохи пусида хар руз ду се касро оирифта мебаранд аз дастатон хичи намеояд. Факат шумо хар касеро дидед ки намоз мехонаду камакак риш дорад у аз назари шумо ифроти аст. Бас кунед нобуд кардани чавонони точикро

Рости гап ман бовар надорам, ки чунин амали чинои пешгири шуда бошад. Бародар рост гуфт. Давлатхои абаркудрат пешгири карда натавонистанду милицияи мо бо ин хама бемасъулиятие ки доранд пешгири карда бошанд. Ин як сахна аст ва боз отвлекающий маневр.

Ин Касофат Миллату Ватанша Мефуруша.Абади Зиндонш Кнен.Курнамак Нону Намаки Хами Сарзамина Хурди Бо Мекафони.Касофати Курнамак

Ин маънои онро дорад ки ин ДОИШ-хо душмани давлати Точикистон хастанд.Аз баъзе аз бесаводони мо истифода бурда Точикистонро бо дастони чунин предательхо боз ноором кунанд онхо душмани Ислом хастанд.
Дар ягон чои Куръон навиштаги нест,ки халки бегунохро новобаста аз дину оин куштану тарконданд.
Офарин ба Амнияту Органхои хукуки ки чунин шахсонро дар вакташ кабиданд ва иншоиллох умед дорем, ки тамоми тарафдорони ДОИШ-ро нест мекунед.

бекорхуча
Мосул в Ираке не в Сирия

далерҷан
салом миллат
боз як саҳначаи вкд ва кдам аст.
инҳо бо ин саҳначаҳои ҳаҷвияшон дона дона мусулмонбачаҳоро туҳмат зада мегиранд аввал пул металабанд ва баъд ба 25сол зиндон меандозанд.
давлатҳои пешрафтаи дунё Аврупо наметона ошкор кунад ин ҷиноятҳоро ту ай куҷо инқадар илму таҷриба дори ки тавонисти. ҳаммаш саҳнача ва лаҳзаҳои гуворо аст.
бас кунен шайтанат ва иғвогарриро. Худо лаънат кунад ин Дииш ро ва ҳамфикронашро. Худо худат мардуми моро дар амони худаш нигоҳ дорад.

Сафарзода
Вокеан боиси нигарони аст ,ки наход барои як ваьдахои пучу холие, ки аз чониби шахсони манфиятчуй бахри амали шудани максадхои худ аз тамоми воситахои бешарафона ва беномусона, ки барои онхо шарафу номус ва ахлок хеч эьтиборе надорад, находпобанди ин кавми вахшиенае, ки барои онхо инсон арзише надорад хам фикри ин гурухи палид шуд.
Амо чавонони мо низ бинобар сабаби надоштани маьлумотхои кофи дар бораи ин гурухи терористие, ки бо сарпарасти Гурухои манфиятчуй рохбалади карда мешавад ва максади асосиашон ин ба даст овардани манфият мебошад дигаронро курбони манфиятхои милли худ менамоянд.
Бинобар ин ба ин чавононеки ба ин гурухои нохалаф пайвастаанд дар доираи конунхои амалкунанда чазо дода шавад
Наход, ки аз бахри зану фарзанд , падару модар ва дар умум аз хамаи наздикони худ фаромуш намуда даст ба ин амали терористи ки дигар оилаи худро бадном намудаед ки дигар аздасти фарзандоне, ки бо як азобу азият ба воя расонидаанд, сари онхоро дар чомеа паст намудаен,ки ин нобахшиданист.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)