Бахшҳо

Интиқоди Одили Нозир аз бепарвоии ҳунармандони театри Лоҳутӣ: Чаро аз хонаатон ҳимоя намекунед!

Одили Нозир, донишҷӯи тоҷик, мудири шуъбаи адабиёт ва фарҳанги ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, бо нашри як мактуби кушода аз бепарвоию бетарафии ҳунармандони театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ интиқод кардааст, ки дар баробари тасмими тахриби бинои ин театр вокунише нишон надодаанд.

Дар ҳоле, ки мақомот тасмим гирифтаанд, ба ҷои бинои Театри академӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ дар маркази Душанбе бинои бисёрошёна созанду кормандони театрро ба бинои кинотеатри “Тоҷикистон” кӯчонанд, Одили Нозир навиштааст, ки худи ҳунармандони ин театр бо мухолифони тахриби бино ҳамовоз нашуданд. “Озодагон” мактуби сарвои Одили Нозирро бе тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Мӯҳтарам ҳунармандони Театри академӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ!

Ман Одили Нозир! Шояд аз ангуштшумортарин (ба синну сол) ҷавоне, ки бо хоҳиши худ театр меравам ва он ҳам ҳамеша ба театри шумо! Фикр мекунам, дар репертуари шумо намоишномае набошад, ки ман онро тамошо накарда бошам (дар се соли охир). Аз «Муҳаббат» сар карда, то «Хизматгори ду Хоҷа»-ву «Чодари найранг»-у умуман қариб ҳамаашро. Дар ҳамин се- чор соли охир (ҷуз ҳамин сол) рӯзи матбуотро ҳам он ҷо мегузаронидем. Ман дар саҳнаи муқаддаси он чанд бор баромад ҳам кардаам ва он ҷо ҷоиза ҳам гирифтаам. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ман нисбати ин бинои муқаддас эҳтиром дорам. Ман ҳунарнамоии Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов (Худо раҳматашон кунад) Ҳошим Гадо, Хайрӣ Назарова, Мушаррафа Қосимоваро (доим саломат бошанд) аз наздик надидаам, аммо ҳамин, ки вориди бинои театр шудам, аз таърихи дур садои марғуладори Маҳмудҷон Воҳидовро мешунавам…
Аз даҳлезҳои ороми ин бино «мепарварам»-гӯйиҳои Тӯҳфа Фозилова ҳамеша садо медиҳад…
Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева… ҳанӯз ҳам дар ин бино ҳастанд…
Либосашон он ҷост… парикашон он ҷост… аксашон… аз ҳама муҳим мактабашон… қалбашон… рӯҳашон… худашон…
Ин бино далели он аст, ки тоҷик 90 сол пеш театр дошт…
90 сол пеш актёр дошт…
Асар дошт…
Ҳунар дошт…
Ин бино Шекспирро аз Англия ба Тоҷикистон овард…
Сафоклро… Голдониро… Чеховро…
Ин бино дар таърихи тамаддуни форсизабонон бори аввал Рӯдакиро аз асри 10 ба 20-у 21 овард! Фирдавсиро… Рустамро… Лайливу Маҷнунро…
Ман инро ҳис мекунам… Шуморо намедонам…
Чанд моҳ боз хабари вайрон кардани бинои театри Шумо расонаӣ аст! Дар сомонаҳои иҷтимоӣ то 100 ҳазор тоҷикистонӣ ба Президент мактуби кушода карда, дар зераш имзо карда, хостанд пеши роҳи онро гиранд! Дар ҷумҳурӣ ягон нашрияе набуд (ҷуз лаббайгӯякҳо), ки дар ин мавзӯъ мавод нашр накарда бошанд! Яъне ҳанӯз мардум ба таърих ва қисмати маконҳои таърихӣ бетараф нестанд! Аммо кори шумо ма(о)ро дар ҳайрат гузоштааст. Дар Тоҷикистон ҳама зидди вайрон кардани ин биноҳо баромад, ҷуз худи ШУМО! Ҳама хост, ки театри Лоҳутӣ пойбарҷо бошад, ҷуз ШУМО!
Ман намедонам, шумо куҷо ҳастед!? Не дуруст, аст, ки агар ягон хабарнигор наздатон равад, базӯр ягон чиз ҷавоб медиҳед… аслан маълум нест, ки зид ҳастед ё тарафдор, ки ин таърихкадаро тикаю пора кунанд!? Ман ба Шумо ҳайронам!
Носир Ҳасанов!
Хайрӣ Назарова!
Марям Исоева!
Улфатшо Аҳмадшоев!
Тӯрахон Аҳмадхонов!
Гулсара Абдуллоева!
Ортиқи Қодир!
Саодат Азизова!
Қурбони Собир!
Саврӣ ва Соро Сабзаалиева!
Қиёмиддин Чақалов!
Асалбек Назриев!
Шералӣ Абулқайсов!
Мастура Ортиқова!
Ибодулло Машрабов!
Муҳаммадкарим Машрабов!
Бетарафхо...
Чаро то ҳол ягон мактуб ё изҳороте, ки зераш имзои Шумо бошад, нашр нашудааст? Чаро?
Ҳеҷ гумон надоштам, ки Ҳошим Гадо… ором меистад…
Барои сиёсатмадору меъмор таърих арзише надорад!
Аммо шумо -ку сиёсатмадору меъмор нестед! Чаро хонаатонро ҳимоя намекунед! Чаро исбот намекунед, ки ин бино бояд истад! Кош вайрон бошад! Кош бекор бошад, аммо бошад…
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояш аз Шумо, аз фарҳанг, аз театр аз ҳунар, аз санъат, аз таърих ҳимоя мекунад…
Шояд ӯ ягона роҳбар дар миёни раисҷумҳурҳои Осиёи Марказӣ бошад, ки театри миллӣ месозад…
Аммо ҳеҷ не, ки аз Шумо садое шавад. Кош ду- се танатон мисли ӯ барои таърих дилатон месӯхт. Кош дили вайронгарон месӯхт…
Медонед, пӯшида нест, ки…
…маҳз насли Шумо буд, ки театри тоҷикро ба арш баровард ва имрӯз ба фарш фаровард!
Шумо будед, ки мардум барои намоишномаҳоятон навбат истода чипта мехариданд!
Шумо ҳастед, ки имрӯз мардумро «баста» театр мебаред… бо вуҷуди ин ҳам намераванд…
Шумо будед, ки театр муқаддас буд…
Шумо ҳастед, ки театр масхара шуд!
Шумо зиёӣ ҳастед- интлегентсия – яъне нур!
Шумо машъалдолрони фарҳангед!
Шумо соҳибони фарҳангед!
Шумо мардумро аз қафоятон бояд баред!
Ҷасорат… матонат… шуҷоат… эҳтироми фарҳанг, дастовардҳои фарҳангӣ… таърихро аз шумо омӯзад. «Ман» ва «моли ман», «миллати ман» «фарҳанги ман» «ҳунари ман» «санъати ман» «театри ман» ва барои ҳимоя, нигоҳдории онҳо аз тамоми васила истифода карданро аз Шумо ёд гиранд!
Аммо Шумо бетарафед!
Маълум аст, ки қарор, ки қабул шуд театрро вайрон мекунанд!
Ягон кас на гапи шуморо гӯш мекунад на аз моро! Аммо барои таскин ақалан коре накардед! Мақолае нанавиштед! Ҷуз ду- се сӯҳбат, ки мавқеатон маълум нест! (ҳамаатон ба тарҷумаи ҳолнависӣ машғул! шояд вақт надоред, ки чор ҷумла барои ҳимояи театратон нависед!)
Ҳайф!
Бо театр тоҷикон солҳо пеш падруд гуфта буданд, сабабашро медонед?
Ва шумо бо биноатон падрӯд гӯед…
Ҳунар! Агар София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ато Муҳаммадҷоновро… дидӣ бигӯ, ки дар ватане, ки барояш ҳунар сохтед, фарҳанг сохтед, театри аврупоиро миллӣ кардед, яъне сохтед… мактаб сохтед ҳама фано шуд…
Бигӯ, ки шуморо қадр накарданд…
Бигӯ, ки ду -се сол пас ҳатто ёд намекунанд!
Бигӯ…
Бигӯ, ки он ҷо ҳеҷ кас парвои шуморо надорад!
Бигӯ!
Алвидоъ, ҳунар!
Салом шарлатанӣ… бетаърихӣ… бемактабӣ…
Алвидоъ, ғаюрӣ… ҷасурӣ… зиёигӣ…
Салом бетарафӣ…
Мӯҳр
Актиёр
Ахсан Одилчон! Боз фикр накуни, ки дар шарх нависихам актиёри дорам. Бе хазл мегуям ахсан! Амо чи гуем? чи нависем? чи гуна садо баланд кунем?, ки ба дахонамон мухр задаанд! Бовар дорам, ки маро дуруст мефахмед...

99
Бародари азиз, ҳақро навиштӣ.
Вале ба қавли мардум "Беору чанор" гуфтаанд.
Ин боз як бори дигар исботи он аст, ки мутасаддиён худ ба вайронкорӣ машғуланд ва гумон мекунанд, ки кори бузургеро ба анҷом расонида истодаанд!
Ва ин исбот он аст, ки мо интеллигенсияи мутасаддӣ надорем!
Ва мардуми оддиро касе гӯш намекунад!!!

Рахмат бародар! Сад дар сад хак гуфти. Дар теливизони Россия тамошо кардам, ки театре ки гуфта шуд Ленину Сталин ва тамоми котиботи ЦК КАПСС дар ончо иштирок кардаанд дар байни небоскребхои Россия хамчун ёдгории таърихи уро нигох дошта таъмир кардаанд. Дар мо рохбарони шахр ба маънои театр ва мукадасоти архитектуриро намедонанд. Онхо то давраи ба вазифа омаданашон театр надаромаданд. Онхо дар Душанбе калон нашудаанд, ки маънои ЦУМ, Чойхонаи Рохат, театри Маяковский ва Лохутиро донану хотирахое дошта бошанд. Филмхои кухнаро тамошо карда дилат гум мезанад, ки ин иншоотхо ки хотирахои мо бо онхо сахт вобаста аст, холо нест ва нест шудаистодааст. Мумкин хомушии кормандони театр низ дар он бошад, ки ин хукуматдорони худком касеро гуш намекунанд ва назари мардумро ба эътибор намегиранд. Хайф аз бемасуълияти ва худкомии хукуматдорон. Дар поиёни хар бино супермакетхо, мана олкамандии хукуматдорон.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
Беҳтарин таҳлилу интиқод. Унҳо метарсанд, ки аз унвони навбатӣ маҳрум мешаванд. Аз ҷону молашон, ҷои кори наздиконашон метарсанд....

шахрванд
Ана ин МАРДРО фарзанди миллат гуед хам меарзад. Офарин!!!

Самандар
И бача консерватор аст, кухнапараст аст, намедонам кист, ки хунармандонро чанг меандозад. О барои чй Главпочтамтро, як бинои калони чорошёнаро дар пеши парки Рудакй боз чандин чойхои таърихиро бе кавлуш вейрун кардан хап буд. Холи боша садо баланд мена. У театри наве ки бо ташаббуси Чаноби Олй месозан дар чахон хамто надорад. Э як бор ифтихор кун. !!

Тамошобин
Аз руи навиштаат маълум аст, ки макола "заказной" аст. Агар худат навишта боши.

Dev
Самандар,
Teatra bo glavpochtamt barobar nakun.HUdata zik ham nakun.Az omadanhoyat ba Dushanbe sadka, kaj omadi injo ?
Az homushshinii kishri peshi millat dilat mesuzad.

Мусофир
Дар давлатҳои ки ҳукмрон режими худкома аст на халқ чунин воқеаҳо пай дар пай рух додан мегиранд,чунки адолат нест ва ин актёроне,ки то дируз Шоҳу СОмонии давр гуфта ҷоғ мезаданд,имруз аз ҳоли мазлумон хабардао шудаанд ва рузе мешавад,ки он мардуме ки ин амалҳоро ҷонибдори мекунанд ин зулм ба онҳо мерасад.Ба гуфти халқ осиёб ба навбат!

Антисамандар
Аз Самандар пурсиданиам, вақте ки отаву очаат пиру куҳна шуданд, ту онҳро ба отаву очаи ёштару зеботар алиш мекунӣ? Мантиқи гапат ҳамин хел буд.

Луфулло
Одили Нозир, ҷонона навиштӣ! Ҷомеаи мо тафаккури гуломона дорад. Ҳунармандони мо мехоҳанд, ки онҳоро дигарон ҳимоя кунанд! Ҳукумати мо кару гунг аст. Вазорати фарҳанг вақте наметавонад осори таърихию фарҳангиро ҳифз кунад, чӣ даркор ин ниҳод? Раққосаву таййоркунӣ кори ин вазорат шудааст на ҳимояи фарҳанги миллӣ!

Гулбиби
Ба Антисамандар!!!Бародар отаву оча дар ин чо чи дахл дорад?Бузургон гуфтаанд:Махур гами гузаште.гузаште бар нагаште.ба фикри оянда бош...хулоса ки ояндаро фикр кардан лозим.Чахон хар соат тагир ефтаистодааст.Шумо бошед капидед хамун бинохои кухнаатонро.бас кунед айб аст.э тавба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)