Бахшҳо

Ҳоло замони ин ҳарфҳо нест?! Бояд ҳарф бизанем...

Далер Шарифов, рӯзноманигор

Ҳар миллате, ки аз ҳарф задан мемонад марги тадриҷиаш фаро мерасад. Ин ҷумла хулосаи бештари назарияпардозон ва мутафаккиронест, ки ба омӯзиши рушд ва такомулу таназули миллатҳо машғуланд.

Суҳбату муошират ва ҳарф задани бо ҳам сари ҳар масъалае нишона аз як инсон, гуруҳ, ҷамъият ва миллати огоҳест, ки дар ин аср худро месозад.
Кишварҳое ҳастанд, ки дар ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд. Баъзеашон дар сатҳи минтақа ва дигарҳо барои расидан ба ин ҷойгоҳ кӯшиш доранд.Ингуна кишварҳо аввал тамоми шароитро фароҳам месозанд, то дар дохили кишварҳояшон шаҳрвандон миёни ҳам бидуни кадом тарсу ҳаросе сари ҳар масъалае ҳарф бизананд. Озодона гуфтани фикру андеша ва пешниҳоду хостаҳояшон дар ВАО фароҳам оварда мешавад. Ва давлат тарзе рафтор мекунад, ки ҳеч нафаре аз ибрози андеша эҳсоси хатар накунад.

Ҳоло суҳбат бо волидайн, рафиқ, ҳамсоя ё суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарогир бо тарс аст. Фарқ надорад, ки ин суҳбат сари асъори хориҷист ё бозии футбол... Ҳама дар чеҳраи якдигар ҷосусеро меҷӯяд. Дар мавриди суҳбатҳои телефонӣ ё муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷои ҳарф нест.

Ҳамарӯза калимаҳое чун терроризм, экстремизм, боздошт, фишор, ифротгароӣ,ҷанг, маҳалгароӣ,барангехтани кинаю адоватӣ миллӣ, мазҳабҳои ғайр,бегонапарастӣ, фасод, куштор, фиреб, хиёнат ба ватан...бо ҳар муносибате аз боғчаи бачагон, мактаб, донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма, оила, муассисаҳои тиббӣ, минбари масҷид... ба такрор садо медиҳанд. Аз бачаи мактабхон то муйсафеди ҳаштодсола ҳамаро як нигаронӣ ва тарс фаро гирифтааст. Аммо аз чӣ?

Ин тарс ибрози ҳама гуна андешаеро, ки чизҳои наву созандаро ба вуҷуд меорад, аз байн мебарад. Донишмандон,олимон, зиёиён ва ҷавонон наметавонанд, доир ба масаъалаҳое андеша кунанд ва онҳоро барои омма пешниҳод кунанд, то дар ин маврид муоширати ҳамагонӣ ба вуҷуд биёяд. Оқибаташро ҳазорҳо бор фикр мекунанд, ҳатто то ҷое, ки шояд андешаашон оиди як масъалаи оддӣ бошад. Охири ҳар назар ба ин ҷумла хулоса мешавад. Ҳоло замони ин ҳарфҳо нест. Вале мушаххас нест кадом ҳарфҳо?

Ҳарфе аз ишқ, муҳаббат, созандагӣ, гузашт, бахшиш, таҳаммул, технологияҳои муосир, кашфиётҳои нав, идеяҳо, назарияҳо, баҳсу муколамаҳо сари ҷолибтарин мавзӯҳо... кам гуфтаву навишта мешавад.

Дар ҷомеа ин андеша, ки “дигар хондану гуфтану навиштан фоида надорад” ба шиор табдил мешавад. Хондану навиштану гуфтан маҳаки ҳар ҷомеаи солим аст. Мағзи ҳар милат ин хондану навиштану гуфтан аст. Ҳар ҷомеае, ки ошкору пинҳон мегуяд “эй бародар дигар хондану гуфтану навиштан фоида надорад”, дучори маризие шудааст, ки мисли саратон худашро мехӯраду фурӯ мебарад.

Шояд натиҷаи пайдоиши чунин шиор, ин тарс ва хомӯшии худтанзимкунанда бошад. Тарс ин ногуфтаҳое, ки бояд гуфта шаванд. Тарсро ба вуҷуд овардан ин куштани идеяҳо, андешаҳо ва назарияҳоест, ки боиси пешрафти миллат мешавад. Хомӯшӣ ва ё сукут на ҳамеша ба маънои розӣ будан ё фирор аз масъала аст. Хомӯшӣ, ин пушти лабҳо бастани ҳарфҳоест, ки бояд кайҳо гуфта мешуд, то мо лаззати шириниҳоро аз талхиҳо фарқ мекардем. Хомӯшӣ ва нагуфтанҳо, ҳарфҳои дурусту созандаро ба кинаю нафрат ва адоват табдил медиҳад, ки ҷойи дигар мерезанд ва аз ин ҷомеа зарар хоҳад дид.

Дар Париж ҳодисаи мудҳиши террористӣ рух дод, ки садҳо одам куштаву захмӣ шуданд. Тамоми матбуоти Париж ва қитъаи Аврупо ҳамагӣ се рӯз дар бораи ин ҳодиса навиштанду намоиш доданд. Аммо дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ҳафтаҳо ин ҳодиса дар ВАО мечархид. Баъди чанд рӯзе мардуми Фаронса ба кӯчаҳо рехт, аммо на ба хотири он ҳодисаи террор, балки барои маош, мактаб, ҷойҳои кор ва ояндаи беҳтар!

Яъне ба мардум имкон надоданд, ки бештар дар бораи терроризм ва экстремизм биандешанд, ё бо чунин шиорҳо ҷомеаро пур кунанд. Балки онҳо зуд афкори оммаро боз ба сӯи рушд тараққиёт ва инсонсозӣ дар шароити беҳтар ҷалб карданд, то онҳо сари ин масъалаҳо ҳарф бизананд.

Шояд баъзе ҳарфҳо талх, дигараш ширин ва ё беҳуда бароянд. Дар ҳар сурат бояд гуфта шаванд. Бояд бо ҳам ҳарф бизанем то аз бурду бохти ҳамдигар огоҳ шавем. Бояд ҳарф бизанем, то ҳамдигаро бештар бишиносем. Бояд ҳарф бизанем, то бидонем ба куҷо равонаему роҳамон то куҷо дуруст аст.

Хулоса чунон ҳарф бояд зад, ки афкори мардумро ба сӯи рушду тараққиёт бурд, на онҳоро бо шиорҳои даҳшатафканӣ ва нигаронии номаълум дар чаҳорчӯбаи тарсу ҳарос нигоҳ дошт.

Мутмаин бошем, ҳар миллате, ки хондану гуфтану навиштанро ба маънои комили масъала ёд мегирад аз ҳама гуна вазъият ба осонӣ хоҳад баромад ва бақои худро дар ин ҷаҳони пуртаззоду тағйирёбанда нигоҳ хоҳад дошт!
Мӯҳр
Шероз
Сухандонию хушхони намеварзанд дар Шероз,
Биё Ҳофиз мо то худро ба мулки дигар андозем.хулоса дия

Точики асл
Рости мкола ё матлабро хонда сари як чиз андеша кардам, ки чаро хатто рузноманигорони мо, ба монанди муаллифи ин матлаб хатто, ки онхоро мо хамчун ашхоси нозукбин босавод ва оинаи чомеа медонем то хол мукоиса кардана ёд нагирифтаем???!!! Чаро мо зуран бар сари мардуми точик ин фикрро мачбуран бор мекунем, ки онхо хамеша худашонро бо Амрикову Фаронсаву Аврупо мукоиса кунанд??? Далер бисёр нагз кайд кардааст, ки Аврупо ину кишвархои чахони сеюм ин. Аммо намеандешем, ки барои чи мо имруз ба ана хамин давлатхои олами сеюм ворид хастем??? Ин аст чавоб ба суол ва набояд фаромуш кард, ки барои мукоиса 3 ба 3 ёфтан лозим на ин, ки 1 ба 3.

АБДУЛЛОҲ
Б.р.р.Оре дуруст гуфтед.Дар ин ҷо ман як суханро қайд карданиям ки ягон давлату давлатдори бе сиёсат намешавад аммо имруза сиёсатмадорони мо ҳуқуқи миллатро поймол кардан ки намешавад бо ин амал миллат пешрафт кунад..Ин суханро ҳамаи мо медонем .Пас чаро мо миллати худро нобуд мекунем? Чаро...чаро...чаро...?

Dust
Bale dustam.Holo tarsu khomushiro yksu boyad guzosht! Bedor boyad shud!

Дар 5-6 соли охир дар мо режиме ташаккул ефта истодааст, ки тарси одамон хама аз хамин аст. Окибатша Худованд ба хайр биорад.

ЧИзе ки фаронса кардааст аз колхозникони мо талаб кардан ё мукоиса Аслан бемантикона аст. Мо набояд аз он чизе ки хаст алон дар кишвар зиедтар талаб кнем чун инон Аслан кобилияти тагиру андеша надоранд.хамин забони куваро хуб медонанд ба кор бурдаистодаанд. Хулоса чилу челакта чам мениву мери ягонсу замини худо кушод)). Чун дигар рохшам нест(.
Шероз,

Оқилзода
Ҳама гап занад хуб мешавад. Бечораҳо як кас ду кас гап мезананд махкамшон менан. Дигар ҳички онора суроғ намекуна. Кай ин мардум сухани роста мефаҳмида боша! Шероз,

Ба кавли сарояндаи машхури Афгонистон Фарходи Дарё "об бе сиёсат мехурдем, нон бе сиёсат мехурдем, одамвор мемурдем" вале имруз нону чой хурдани мо хам сиёси шудааст. афсус афсус!!!

Тоҷик
Маърифат нест дар ин қави худоро мададе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар... Гуфтем, гуфтанд ва боз мегӯянд, аммо рӯз то рӯз гуфтан ҳам бефоида шуда истодааст, пас чӣ хомӯш ва чӣ ором будан????!!!!!!

Кандота зан бародар Далер Шарифов! Бародар он чи шумо гуфтед, ягон вазир ё раиси нохия намедонад. Дар ин бора гуфтанихо, хато мумкин рисолаи илми навишт. Дуруст кайд кардед дар масъалаи терори Париж ва бади он оиди маошу пешрави баромадашон. Агар хукумат дар хубии мардуми кишвар бошад чунин мекунад ва баръакс тарсу вохимаро бо чунин отвлекаюший монёворхо аз акли мардум мебарад. Дар Точикистон баракс аст. Бештар чуноне ки шумо кайд кардед, дар бораи ояндаи хатарнок ва хатар аз ину он ва аз ин тарафу он тараф. Ин монёвор барои мардумро тарс додан аст. Дар намози чумъаи гузашта дар масчид бечора имом, аз минбар эълон кард, ки мавзуи имрузаи мо сафари сардори давлат дар нохияхои вилояти Сугд. Чи оё дар хакикат мо чунон шудем, ки сардори давлатро ба пайгомбар ё наузубилох худо шабохат дихем? Дар масчид бояд сухан аз амри маъруф ва нахи мункар ва гуфтахои Худо ва расули у шавад. Вакто, ки дар ин мавъизахои масчиди гуфтаю кардаи сардори давлат маъруза мешавад, пас инро чи хел фахмид? Биёед пас гуфтахои уро низ хадис номбар кунем. Хукумати Точикистон аз ухдаи идораи давлат ва пешбари итисоди намебарояд, барои хамин хамеша ХНИТ, ошуби Хочи Халим вадигарон солхо гуфтаю мардумро бо ин рох метарсонанд. Дар ин сурат интизори пешрави нашавед. Озодагон илтимос пура чоп кунед!!!

ХАМИН БАРОДАР ЧИЗЕ ГУФТАНИ ХАСТУ... ГУФТА НАМЕТОНА. БАРОДАР ТОЧИКИСТОН АСТ ИН ЧО, СУХАН ГУФТАН НА ОСОН АСТ ИН ЧО...

мехмон
Ахсан!!!! Ин навиштахоро хонда дар фикр мондам , дар кадом сохти давлатдори мо зиндаги дорем ??
Мо аз якдигар метарсем барои он ки нодуруст зиндаги мекунем. Айби шахсони мансабдору пулдорро дида чашм мепушем, сухани хак аз мо дур шудааст ва кариб кулли мардум хушомадгу шудаанд.

Инсон харис аст ба он чизе, ки манъ карда шудааст. Ин кавли машхуро мехохам бо як мисоли сода байон кунам. Масалан агар ба кудак ва хатто нафари калонсол гуи, ки то омадани ман ин чуздони маро бигир вале уро накушо!. Хатман баъди рафтани мо хислати хариси дар он нафар пайдо мешавад ва худ ба худ мегуяд, ки барои чи вай маро таъкид кард ки чуздонро накушоям. Шояд дар дарунаш чизи кимматбахо бошад ва даххо фикри дигари пайдо шуда уро мачбур месозад, ки он чуздонро кушшояд. Бо ин мисоли сода ва кавли андарздоштаи дар боло зикршуда мехохам гуям, ки мо ва хеч кас наметавонем мардумро бо рохи тарсу вохима аз коре ва ё аз рохе ба пурраги боз дорем. Барои равшан шудани масъала як мисоли дигар меорам. Чан сол аст, ки дар васоити ахбори оммаи чахон ва Точикистон масъалаи тероризм ва ифротгарои ва масъалахои марбут ба он аз хама зиёд матолиб нашр мешавад ва ба кавле ин масъала забонзада шудааст. Албатта харяке аз ин васоит масъаларо ба таври худ халлу васл ва барраси мекунад. Вале чаро руз то руз тероризм ва ифротгарои домани худро пахн карда истодааст. Хатто дар Точикистон хам ин ифротгароён руз то руз зиёд мешавад. Бе муболига имруз фикр мекунам хатто агар аз кудаки богча, то кампири куча доир ба ифротгарои ва окибархои он пурсон шави маълумоти зарури дастрас мекуни. Пас забонзада кардани як масъала рохи хали он нест. Чаро, ки дар чомеа афроди зиёде хастанд, ки бо шунидани хабар дар паи дарёфти маълумоти бештари он мешитобанд вале нахамаи онхо хакикатро дар меёбанд. Аксари чавононеки ба сурия рафтанд, хисси хакикатчуи онхо не, балки хислати хариси онхоро ба ин дом андохт. Чавоне аз саргузашти сафараш ба сурия ва шомил шуданаш ба гуруххои ифроти мегуфт, ки дар фикри рафтан набуб вале уро хар замон атрофиён мегуфтанд мабодо ба сурия рави ва баён мекард, хисси хариси уро ба ин рохи хато бурдааст. Пас...

Ҳофиз
Бародари азиз Далерҷон!
Мегӯянд, ки "Озодии баён барои парандагон".

Dev
Hele hubu okilona navisti ,barodar. Tars in nishoni dard ast, nishoni marg ast.Ajnan hamin dardro mo dorem, jomeai tojik dorad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)