Бахшҳо
06 апр 2016 11:44Тоҷикистон / Сиёсат

Зуҳуров ба вазир: Касе супориши Пешворо иҷро намекунад, бояд равад...

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фоидаи ками кишвар аз пахтаю алюминий интиқод намуда, таъкид кард, ки фоидаи асосиро аз ин маҳсулоти Тоҷикистон хориҷиҳо мебинанд.

Зуҳуров, имрӯз, 6 апрел истеҳсоли ҳудуди 290 ҳазор тонна пахтаро дар Тоҷикистон кам хонда, коҳиши истеҳсоли пахтаро ба фоидаи ночизи он рабт дод. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, дар ҳоле пахтаи мо дар дохил бо нархи ночиз фурӯхта мешавад, дар хориҷ аз ҳар кило пахтаи Тоҷикистон то 300 доллари амрикоӣ фоида мебинанд: “Мо ҳамагӣ 6 фоизи пахтаи истеҳсолкардаи Тоҷикистонро дар дохил коркард мекунем, боқимонда содирот мешавад”.

Зуҳуров дар хитоб ба Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди фароҳам нашудани корхонаҳои коркарди пахта суол кард. Ӯ гуфт, масъалаи коркардаи пахта, мева ва дигар маҳсулот дар дохили Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои Миллат борҳо таъкид шудааст, аммо дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидаанд: “Ҳар нафаре, ки супориши Пешвои миллатро иҷро намекунад, бояд равад”.

Раиси Маҷлиси намояндагон фоидаи кишварро аз пахтаю алюминий дар маҷмуъ ҳудуди 100 миллон доллар гуфта, хеле кам хонд.

Дар посух Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эродҳои Зуҳуровро бамаврид хонда, илова намуд, ки барои беҳбуди коркарду истеҳсолот ниҳодаш пешниҳодҳои худро ироа хоҳад кард.
Мӯҳр
Фархори
Мухтарам Зухуров. Хами масъалаи АНДОЗу ГУМРУК-ро бинед. Ба Худо миёни ТОЧИКИСТОН-и азизамонро хамин ду кумита шикастааст. Нархи гумрукро Баланд кардем фоидаш кам шуд метавонед аз хисоботхои Палатаи Хисоб бинед. АНДОЗ бенихоят бисёр аст. Агар даст ба сохибкори бизани аз дасти андоза фоида намебини. Барои хамин бисёр корхона ру ба муфлисшави мераванд ё фоидахошона пинхон мекунанд. Агар андоз кам бошад, СОХИБКОРхо чои кори холи бисёр ташкил мекунанд. Хохишмандам АНДОЗ аз маошро гиред. Ба халк аз 450 сомони то 1200 сомони маош медихем. ИН маош хатто ба донишчу басанда нест. Аз руи хисоботхо маоши минимали бояд дар ТОЧИКИСТОН 2500 сомон бошад ки корманди давлат (бе зану фарзанд) рузашро гузаронида тавонад. Охирон хохишам ин аст, ки нархи кувваи барк бенихоят баланд аст, хохишмандам то 6 дирам оварда шавад. ДАР ПАНОХИ ХУДО БОШЕД, баракат дар касбу коратон.

Рафиқ Зуҳуров, чаро Раими Маҷлис шуда, худатон талаб намекунед?!
Шумо мақоми қонунгузор ҳастед, ҳукумат вазифааш аст ки ҷонунҳои шуморо иҷро кунад. Агар дуруст иҷро накард, шумо бояд нисбати ӯ нобоварӣ изҳор кунед ва Раиси Ҳукумат ӯро сабукдуш карда номзади дигарро пешниҳод кунад.
Ё метарсед дар чашми пешвои миллататон доғдор нашавед?
Аз чунин Маҷлису Раиси Маҷлис шармам меояд, ба номи Худо!

Текстилкомбинат пура аз кор мондааст ва сардораш ин комбинате, ки 50 фоизи мардуми кишвар дар се бахс дар он кор мекард, ба дигар корхо машгул. Чунин корхонахои бузург набояд фурухта мешуд. 5% кор кунад барои сохибмулки он барои хурондани оила ва маишаташ басанда аст. У чи худро гам медихад, ки ба мисли пештара ба з бас кор кунад. Корхонахои бузурги кишвар ба монанди текстилкомбинат, заводи нурихои менерали, фрудгоххо ва дигар ба инхо монанд, ки прихватизация шудааст пас гардонида ба чамъият яъне давлати карда шавад. Нагз мешуд заминхо низ ба колхозу савхоз дохил карда ва колхозу совхозхо ташкил шавад.

мехмон
Рафик Зухуров ин вазирон , фармони Аллохро ичро намекунанду аз кучо фармони шуморо ичро мекунанд???? Ин хама мачлисхоятон ва супоришхоятон ,, клоунизация в цирке" ном дорад !
Кай шумо ягон вазирро бо санадхои муайни порагири ва нофармони ба махкама кашидед? Аз кор гирифта боз вазифа медихед !!! Як доираи махсус шудаед хис мекунед??

Ба мехмон!!! Ин вазирони шумо гуфтаги фармони олоха ичро намекунанд вале фармони пешвояшонро ичро мекунанд. Барои онхо аз хама мукадас пешвохашон мебошад

Маишат
Узри бисер, мухтарам зухуров. Мегуфтед, фоидаи асосии квд талко ба кучо меравад ва ки аз он кайф мекунад? кайчиро як тараф партофта чоп кунед.

шахрванд
Корхонаи кабел, текстил, арматурный, холодилник, пойафзол ва хоказо кучо шуданд? ин корхонахо садхо нафар мардумро се смен бо кор таъмин мекарданд, холо дар ин корхонахо магар сад нафар коргар бошад е не.
озодагон чоп кунед

Вазир
Фархори,

Ҷаноби Фархорӣ, агар дар Фархор ягон дарё монанди дарёи Панҷ дошта бошед ҳамон хоби "паст кардани андозу, баланд бардоштани маоши 2500 сомонаву паст кардани нархи қувваи барқа" дар назди ҳамон дарё гӯедда дури дураш барад.

Фархори,
Muhataram Zuhurov, darde ki meguyed doir ba nouhdabarorii hukumat 24 sol bo ayon ast! Sipos baroi takroran isbot kardani bayonotu dalelho! Yak bor ba nomi Khudo ba in vazironi noloiq namuna boshedu bo amalaton shumo ham raved! Iltimos! In yak kore meshad ki digaron az shumo ibrat girand!

Мухтарам Душанбинец хато мекуни.
Дар катори текстилкомбинат солхои кабли дар шахри Душанбе шелкомбинат, точикатлас ва бисер корхонахои дигар фаъолият доштанд. Имруз аз ин корхонахо хатто ному нишон нест. Танхо текстилкомбинат хаст, ки дар даврони Истиклолияти Точикистон аз фабрикаи ресандаги сар карда, баъд аз он дар фабрикахои бофандаги ва рангомези тачхизоти хозиразамони технологи насб кардааст. Илова бар ин дар текстилкомбинат фабрикаи хозиразамони дузандаги ба кор андохта шуда, духтани шиму костюм ва дигар намуди либоси мактаби ба рох монда шудааст. Холо дар текстилкомбинат зиёда аз ду хазор нафар кор мекунанд. Аз сабаби он ки кисми зиёди махсулоти корхона ба хоричи кишвар асаосан ба Европа содирот мешавад, кризиси молиявие ки тамоми чахонро фаро гирифтааст, ба кори текстилкомбинат хам таъсири худро расонд. Суханхои шумо оиди пурра аз кор мондани текстилькомбинат дуруг аст.
Дар макола дуруст кайд шудааст, ки Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмон борхо оиди дар дохили кишвар коркард намудани нахи пахта супориш дода буданд. Мо пешниход намудем, ки коркарди нахи пахта дар дохили кишвар аз 10% андози фуруши нахи пахта озод карда шавад ва барои ба хоричи кишвар содирот намудани пахта 10% бочи гумруки ворид карда шавад, вале ин пешниход дастгири нашуд.
Барои ташкил намудани кори манфиатноки текстилькомбинат ва дигар корхонахои саноати зарур аст ки нархи неруи барк хадди акал дар фасли тобистон барои корхонахои саноати бояд 6 дирам мукаррар карда шавад.

Бародари мухтарам текстилщик! Ман хама вакт ба кучое равам оиди кори корхонахои саноати дикат медихам. Текстил комбинате буд, ки шабу руз аз нохияхои атроф автобусхои он коргар мекашонд ва зиндагии коргаронро мегузаронд. Махсулоти кории шумо дар дохили чумхури истехсол мешавад. Дар бораи шиму костюмхои истехсолиатон , ки ба хорича мефурушед боврам намеояд. Як ду халату спецодежда медузед дар даромади дарвозаатон хаммавакт кашол аст. Дар бораи аз кор мондани комбинат пурра маълумот дорам, ки 2- мох боз фаъолият накарда истодаед. Агар ин нодуруст бошад як барномаи телевизиони ташкил шавад, ки фаъолияти комбинатро нишон дихад ва намунаи дигарон гардад, ба барномахои телевизони низ бовар надорам, ку ба хар хол. Чунки барномасозон омада ба навор мегиранду як 200-300 сомони гирифта таъриф карда нишон медиханд. Шумо як ду цехро ба хоричион ичора додеду аз хисоби ин каме даромад гирифта зиндагиро пеш мебаред. Ман ин информацияхоро аз кормандонатон медонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)