Бахшҳо

Посухи муфтӣ: Чаро ноиби вазир бо баҳои ҷон зидди давлат хест?

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аз кулли ҷавонони кишвар даъват ба амал овард, то аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ки ҳадафи асосиашон ноором кардани давлатҳост, худдорӣ намоянд.

Ҷаноби Абдулқодирзода ин нуктаро имрӯз, 8 апрел зимни мавъизааш дар намози ҷумъа изҳор дошта гуфт, ҳаммаи ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, ки имрӯз боиси нооромии ҷаҳони Ислом гаштаанд, аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ мешаванд, ва ҳадафашон нобуд сохтани Ислому мусалмонон аст.

Абдулқодирзода барои мисол аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта ёдовар шуда гуфт, аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда ошубҳоро ташкил карданд “Муовини вазири мудофиа зидди давлат мехезад, ҷонашро ба хатар мегузорад. Барои чӣ? Барои он ки муттаҳам аст. Барои ин ки пул гирифтааст”.

Абдулқодирзода инчунин аз баромадҳои аъзоёни ин ҳизб дар гӯшаву канори дунё ёдовар шуда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки фирефтаи чунин суханҳои дуруғ, ки барои ноором кардани ҷомеа садо медиҳанд, нагарданд: “Худо нокарда нооромие шавад, онҳо омада зиндагии шуморо обод намекунанд, аз пайи кору бори шумо намешаванд. Онҳо танҳо дар фикри нооромианд”.

Муфтии Тоҷикистон гуфт, абарқудратҳо давоми солҳо миллион медиҳанду баъдан миллиард карда мегиранд. Ба гуфтаи муфтӣ абарқудратҳо ҳамеша барои нобуд кардани мардуми мусалмон ҳадаф доранд, барои ба даст овардани манфиатҳои хеш мекӯшанд: “Аз рӯзе, ки мардуми мусалмон ба гуруҳҳову фирқаҳо тақсим шуданд, мусибату сарсонӣ дар миёни онҳо пайдо шуд. Иллати ин ҳама дар Ислом нест. Иллати ин ҳама дар мусалмон аст. Зеро ислом 1400 сол боз инсонҳоро ба сӯи ваҳдат даъват мекунад, на ба чангу хунрезӣ”.

Абдулқодирзода дар идомаи мавъизааш аз боби мазҳаби ҳанафӣ суҳбат карда, гуфт, равияву фирқаҳое ки фаъолияташон манъ шудаанд, ҳадафашон танҳо дар байни мусалмонон ихтилоф андохтан аст.
Мӯҳр
Мухтарам Озодагон! Дигар суханронихои ин Муфти Саидмукарама намонед илтимос. Хамин кадар одамои сиёси гуфтаистоданд. Аминияту милисаю корупцияву прокуратураву суду хокимиияти махаливу ва гара бас будагист охир. Мулоро чию сиёсат чи...

Хами пул чи зи хуб будаст ки одамо чони худро ба хатар мемондаанд...

ilhom
Муфти рост мега, хоричихо омода дару деволи тура рангу бор намекуна, лекин зану хохарта рангу бор мекунан ба умеди хоричихо нашавен.

nabi farhor
Онхое,ки дар бораи ободонии ватан сахме гузоштаанд,сухан кунанд мезебад.Дар пеши худ суол гузоред,ки оё нихоле сабз кардаанд.

Икбол
И муфти ягон вазифаи давлати гирифтанияй чи?

хочи
домулло гапи хака заданд як матал аст ки агар аз дастат хуби наойяд гандаги накун

точик
Аз варакча берун хам хичиз медонистабошан????!!!!

И муфтира нафахмидем мега ислом сиёсат надора амо худаш ҳамиша сиёси ҳарф мезана авал инки инқад дуруг нагу ки ислом сиёсат надора

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)