Бахшҳо
08 янв 2016 14:19Тоҷикистон / Сиёсат

Муфтӣ Кабириро террористи №1 хонд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон имрӯз, 8 январ зимни мавъизааш дар намози ҷумъа бори дигар аз иқдоми Эрон, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба конфронси байналмилалӣ даъват кард, интиқод намуд.

Ҷаноби Абдулқодирзода зимни мавъизааш дар намози ҷумъа изҳор дошт, даъвати сафири Эронро барои иштирок дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” бародар ва дӯстона қабул кард, аммо ба гуфти ӯ, ҷониби Эрон хилофи дӯстӣ амал намуда, "Муҳиддин Кабирӣ, террористи рақами 1, раҳбари ошӯбҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистонро дар паҳлӯи ҳайати тоҷикистонӣ шинонд".

Муфтии Тоҷикистон гуфт, дар пайи ин амалкард бо ташкилкунандаҳои конфронси "Ваҳдати исломӣ" суҳбат карда, таъкид намудааст, ки 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ҳаминҳо кушта шуд ва Кабирӣ ошӯбҳои моҳи сентябрро роҳбарӣ кардааст. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки билохира фаҳмидаанд, ки "дар пушти ин ҳизб, кӣ меистаду кӣ маблағгузорӣ мекунад".

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Даъвати Кабирӣ ба ин ҳамоиш бо интиқоди Душанбе рӯбарӯ шуд. Вазорати умури хориҷӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон "нота" супурд.
Мӯҳр
имом
Журналистон балоед, масчид барои намоз меравед ё хабар кардан?

Илтимос озоди озод боши чоп кун Мукарам масҷид ҷои намозгузори аст ту милиса набоши подшоҳ набоши корат чист дар кори давлат

Муфти дар масҷид намоз намехона журналист мехондай масҷиди маркази маҷлисгоҳи ҳукумат шидагиай илтимос чоп кун

Ҳами мукарама вазири корҳои хориҷи интихоб кунен ҳамиқа сиёсата дуст медора ки ҳато намоз аз ёдаш меравад

Ачоиб! ин кабирира ба БЕн ЛОДАН акун баробар карден !? о агар Амрико ира фахмен ба Точикистон армиша медурорен !!!!!????? Хушёрии сиесиро аздаст натен !!!!!

АЗ ОБУ САРОБИ МО ГУНОХ МЕЧУЯНД !!! АЗ САБРУ ШИТОБИ МО ГУНОХ МЕЧУЯНД !!! ИН ХОЛ БУБИН, КИ ДАР ГУНОХ ГАРКШУДАГОН !!! ХАТТО АЗ САВОБИ МО ГУНОХ МЕЧУЯНД !!!...

Ватандӯст
Бале, дӯсти азиз, муфтӣ ин милиса нест, подшоҳ ва ё Президент ҳам нест, лекин ӯ танҳо ва танҳо як шаҳрванди ватандӯст аст, ки дилаш ба миллату Ватанаш месӯзад. Ҳамаи мо бояд ҳамин гуна бошем на танҳо муфтӣ!

ironi
Hahahah, pas chero kenorash neshasti? Chero bo Kabiri dast dodi? Natarsidi terorat kunad?!!!

Самад
Раиси собик ХНИТ Мухидин Кабири хост, ки бо хамрохии хочи-Халим дар Точикистон табадулоти давлати ташкил намуда, ба сари хокимият оянд, чаро, ки дар Эрон уро бологузар менамоянд? Охир у дар чустучуи интерполи байнулмилали карор дорад ку!

ПАЙК аз Кулоб
Хар нафаре, ки инсони комил аст, нангу номус дорад ва ба Ватан содиќ аст, ба ин ходисахои хунхорона бетараф буда наметавонад. Зеро касоне, ки ба халалдор сохтани оромии ба ивази чони хазорон точик муяссар гардида даст мезананд, танхо сазовори лаънати халќи точик хастанду халос.

Рустами Хайрандеш
Як андеша кунед, ки хамин Каабири бо хизби ХНИТ-аш дар давоми фаъолияташ барои рущду равнаки Точикистон чи сахм гузоштааст? Дуруст ягон чи. Мохи сентябри соли равон боз намояндагони хамин хизб бо рохбарии генерали хоин Назарзода А. кушиши табадуллоти давлати карданд.

Рахмат ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки Мухиддин Кабириро террористи №1 номид. Чунки Мухиддин Кабири хамчун рохбари ташкилотхои террористии ХНИТ ба мисли "Усома Бини Лодан", "Муло Умар", "Хаттаб", "Абубакри Багдоди" ва гайрахо муаррифи шудааст.

ватандуст
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,
Фируз,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)