Бахшҳо

Исломшиноси №1-и Президент: Барои паҳлӯи ҳам шинондани Кабирию Абдулқодирзода узр хостанд

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ташкилкунандагони конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Эрон барои паҳлӯи ҳам шинондани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода узрхоҳӣ кардаанд.

Баротзода, яке аз намояндаҳои Тоҷикистон дар ин конфронси байналмилалӣ дар суҳбат бо “СА ТВ” нороҳатияшро аз ҳузури Кабирӣ дар ин конфронс баён доштааст.

Ӯ изҳор дошт, ки гумон карданд, ҳадаф аз баргузории конфронси “Ваҳдати исломӣ” таъмини ҳамоҳангӣ миёни мазҳабҳои гуногуни исломӣ аст: “Мо надонистем, ки бо кадом ғарази сиёсиву идеологӣ ин роҳбари ҳизби террористии мамнӯъшуда дар паҳлуи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи умумӣ ҷойгузин карда шуд. Мо фикру андеша ва эътирози худро ба масъулини ин ҳамоиш баён доштем ва албатта онҳо аз мо бахшишу пӯзиш хостанд”.

Раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо Эрон дар арсаи сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ истиқбол карда, таъкид намуд, ки “ба назари мо рафтори намоишкорона дар ҷаласае, ки иштироки ҷаноби раисиҷумҳури Эрон дар он ҷо пешбинӣ шудааст, ба манфиати рушди ояндаи дӯстии ду кишвар нахоҳад буд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ бо “нота” эътирозашро аз ҳузури Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” баён дошта, таъкид намуд, ки Кабирӣ барои талоши табаддулоти давлатӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад.

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабр дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
Барои чи Хукумат аз будани Кабирй дар Туркияву Аврупо нола намекунад аз Эрон хафагй дорад?

Пешниход мекунам; Ирон аз чониби Точикистон тахрими иктисоди карда шавад... Икисоди мо smile smile дар дунё баъди Чин дар чойи севвум аст... fellow

Дуруғай гапҳотон озодагон чоп кун ту озод нести

Дилноза
Худованд нигохбонат бошад устод Мухидин Кабири

joni
Аз ки узр хостанд аз хукумат

хандидам
Ба Кабири ку аслан кордор нестам, лекин матлаби зеринро хонда қиссаи наълкунии аспу қурбоққа пеши чашмонам омад, Эрон давлати абарқудрат, соҳиби силоҳи атомӣ, шумо куҷову Эрон кучо, Айоз ҳадди худо бишнос, чоруқот дар болои кос...

Файзулло Бобоев
Шумо исломшиноси шумораи аввал, исломро шинохтед,вале фалсафаи исломро намедонед. Агар мантики дини мубини исломро медонистнд, хеч гох аз узрхохии эрониён лаб намекушодед.Агар эрониён узрхохи карда бошанд хам, ба маънии он сарфахм хам нарафтед.
Бехтараш ба баргардони китобхои эрониён аз форси ба сириллик машгул мешудед.

Дар дунёи ислом Точикистонро бо Саид Абдуллои Нурй (чояш чаннат бошад), оли Турачонзодахо ва Кабирй мешиносанд.

чон
Бояд ин се шахсияти дар конфронс иштирок када гапро якта карда баъд ба Точикистон меомадаанд ман медонам аввал аз Чаноби оли метарсед дуум аз мансабатон ва сеюм аз Худо метарсед ОФАРИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)