Бахшҳо

Freedom House мегӯяд, сатҳи демократия дар Тоҷикистон поин меравад

Freedom House ё Хонаи Озодӣ, Созмони ғайридавлатии амрикоӣ мегӯяд, соли гузашта дар Тоҷикистон “бадшавии фоҷиабор”-и нишондодҳои демократӣ мушоҳида шудааст.

Дар гузориши тозаи ин созмон гуфта мешавад, Тоҷикистон дар масъалаи рушди демократия аз кишварҳои дигари минтақа қафо мондааст. Гузориши Хонаи Озодӣ, “Кишварҳои давраи гузариш-2015” ном дошта, имрӯз, 12 апрел нашр гардид ва авзои 29 ҷумҳурӣ аз Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад.

“Freedom House” дар ҳар кишвар вазъро бар пояи 7 нишондоди калидӣ -- интихобот, вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, осебпазирии расонаҳо, сатҳи фасодкорӣ, сифати раҳбарии миллӣ ва маҳалливу мустақилияти низоми судӣ баррасӣ кардааст. Арзёбӣ тавассути раддабандии ҳафтдараҷагӣ анҷом шуда, баҳои 7 бадтарин мебошад.

Нейт Шенкан, яке аз гузоришгарон гуфтааст, Тоҷикистон дар соли гузашта ба таври бесобиқа ба мухолифон фишор овард. Ба қавли ӯ, Қазоқистон ва Қирғизистон ба манзури назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ бо истифода аз таҷрибаи Русия қонунҳоеро бо “навовариҳои маҳдудкунанда” қабул карданд.
Мӯҳр
Мундукбой
Охир хамун хонаи озодиро кораш чи юа мо..Ин озодиву демократияе ки дар Точикистон аст дар ягон давлати дуне нест..Зиндаву пояндаву човид боши ватани азизам Точикистон!!!!Бигузор душманонат хору залил гарданд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)