Бахшҳо

Модари ҷавоне, ки ба ДИИШ пайвастааст: Гуфт, номам акнун Аҳмад аст

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон мегӯянд, ҷавонтарин аъзои гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” аз ин ноҳия 22 сол дорад.

Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ин нафар Боймурод Холов буда, бино ба иттилои муқаддамотӣ аз Русия ба сафи ДИИШ пайвастааст: “Моҳи январи соли 2015 нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло дар кофтукоб қарор дорад”.

Боймурод, ки дар Донишгоҳи технологии Русия (шаҳри Воронеж) таҳсил кардаву мебоист имсол онро хатм мекард, аз моҳи августи соли 2015 бедарак шуда, охирон маротиба моҳи феврали соли равон ба модараш тамос мегирад. Садбарг Эшмуродова, модари Боймурод имрӯз, 13 апрел ба “Озодагон” гуфт, писараш шабона ба ӯ занг зада, гуфтааст, дар Покистон қарор дорад ва акнун исмаш на Боймурод, балки Аҳмад аст: “Ман илтиҷо кардам, ки таслим шуда, ба ватан баргардад. Ӯ гуфт, ки тоҷикистониҳо маро фурухтанд, агар аз ин ҷо равам 10 сол ҳабс мекунанд”.

Хонуми Эшмуродова мегӯяд, ҳадафи писарашро аз ин суханҳо нафаҳмид, аммо субҳи он рӯз ба телефон бо ин мазмун СМС-паёмак омад, ки “ба амалиёт меравам” ва баъди ин ҳеч иттилое дар бораи фарзандаш надорад.

Ба гуфтаи ӯ, писараш аслан шахси мазҳабӣ набуд: “Соли 2014 вақте бори охир аз Русия ба Тоҷикистон омада, 40 рӯз инҷо буд, ягон рафтори ғайриодӣ надошт. Суханҳои динӣ ҳам намегуфт”.

Аммо Садриддин Холов, падари Боймурод мегӯяд, писараш як шахси зудбовар ва хеле дилсӯз буд ва ба эҳтимоли зиёд ба доми фиреб афтодааст.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳамадонӣ танҳо дар соли 2015 11 сокини ноҳия ба сафи ДИИШ пайвастаанд, ки ҷавонтаринашон Боймурод мебошад.


Модари ҷавоне, ки ба ДИИШ пайвастааст: Гуфт, номам акнун Аҳмад аст


Охирин аксе, ки Боймурод ба модараш фиристодааст
Мӯҳр
Саломшо
Хас каму чохон пок, бигзор хамон чо нобуд шаванд, гами инхоро нахуред, ки агар баргарданд дар кучаву махаллаи мо таркиш мекунанд, боз мову кудаку бародари бегунохи мо мемирад.

Точики асл
ин ифротихо бояд хаммаш ба Пактиёи Афгонистон ва ё Вазиристони шимолии покистон бадарга карда шавад мо бояд насли нави точикро тарбият кунем ки бештар ба акли худ такя кунад иду фарханги бостонии худро зинда нигох дорад ва албатта дар амал Худои поку тавоноро ки аз замоне ки аклу шуур пайдо кард ин миллати бихрад мепарастидем онро парастад инсонро ба мусулмону гайримусулмон намозхону намознохон ва сатриву гарисатри чудо накунад мо конуне ик дар Точикистон дар конституция дорем ба он пайраив намуда безор хастем аз конунхои дини

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)