Бахшҳо

Ифшои робитаи домоди Каримов бо “дуздон”-и пахтаи Тоҷикистон дар Латвия (ВИДЕО)

Расонаҳои Латвия дар пайи ифшои асноди нави фасодкории мақомоти Узбакистон аз робитаи Темур Тиллоев, домоди раисиҷумҳури Узбакистон бо муттаҳамон дар дуздии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 миллион евро дар Латвия хабар доданд.

Тавре сомонаи Kompromat.lv менависад, Темур Тиллоев, шавҳари Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов бо муттаҳамон дар дуздии пахтаи Тоҷикистон дар Латвия робита дорад.

Тибқи навиштаи ин расона соли 2006 дар Юрмола ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Euro West Invest” ба қайд гирифта шуд, ки ба иттилои пойгоҳи “СrediWeb.lv” ба ширкати “WestTrade ImpEx Corp”, тааллуқ дорад: “Раҳбари раёсати “Euro West Invest” Темур Тиллоев, домоди Ислом Каримов мебошад”.

Тибқи навиштаи пойгоҳи “СrediWeb.lv” соли 2009 Хадамоти даромади давлатии Латвия шаҳодатномаи андозсупоранда аз даромади иловагии “Euro West Invest”-ро бозхонд кард: “Бо вуҷуди он, ки Euro West Invest тайи солҳои охир ҳисоботи молиявӣ намесупорад, фаъолияти он қатъ нашудааст”.

Манбаъ мегӯяд, суроғаи расмии Euro West Invest, ки таҳти роҳбарии Темур Тиллоев қарор дорад, дар бинои мутааллиқ ба соҳибкор Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, муттаҳами асосӣ дар дуздии пахтаи Тоҷикистон ҷойгир мебошад. Ба ҳайси аудитор дар “Euro West Invest” Лариса Карпенко ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамроҳи Ғуломӣ дар сохтакории аснод ва азхудкунии маблағҳои зиёд муттаҳам мешавад.

Яке аз парвандаҳо алайҳи Муҳаммад Ғуломӣ дуздии 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 миллион евро мебошад, ки мурофиаи он феълан дар додгоҳи Латвия пушти дарҳои баста давом дорад.

Қаблан расонаҳои Латвия хабар доданд, ки дар дуздии пахтаи Тоҷикистон, се нафар – соҳибкор Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, соли таваллудаш 1965, ҳамсараш Валентина Ғуломӣ, соли таваллудаш 1968 ва як зани дигари 43-сола муттаҳам мешаванд: “Онҳо бо пешниҳоди санадҳои тақаллубӣ дар мавриди тағйири соҳиби мол ин пахтаро аз анбори гумруки Латвия гирифта, аз худ намудаанд”.

Ғулом Муҳаммад Ғуломӣ, соҳибкори афғони муқими Латвия аст, ки дар ин кишвар инчунин дар чанд парвандаи пурсарусадои дигар, аз ҷумла додани пораю тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад. Ӯ ба қавли вакили дифояш дар парвандаи гум шудани пахтаи Тоҷикистон худро гунаҳкор эътироф накардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон Ғуломӣ ҳамоно яке аз чеҳраҳои асосии тиҷорати Узбакистон дар Латвия боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои Латвия хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои латвиягияш-Андрис Берзинш хостааст, барои ёфтани пахтаи гумшуда муосидат кунад.

Мақомоти Латвия мушкили ин қазияро дар он гуфтаанд, ки бисёри ширкатҳои машғул ба додугирифти пахтаи Тоҷикистон дар минтақаҳои офшорӣ сабти ном шудаанд. Аз ҷумла ширкати “Реверс”, ки соҳиби пахтаи дуздидашуда арзёбӣ мешавад, ба навиштаи расонаҳои Латвия аз Тоҷикистон набуда, дар ҷазираҳои Панама сабти ном шудааст.

Қаблан Андрей Гришин, раҳбари пулиси криминалии Рига дар шарҳи ин ҷиноят гуфт, “он солҳои пеш содир шудааст, аммо пулис ариза дар ин бора охири майи соли 2014 гирифтааст. Ин ҷинояти хеле печидаи иқтисодист...”

Пахта ва алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Латвия буда, аз ин кишвар ба ватани мо доруворӣ, сӯзишвории минералӣ, маҳсулоти ширу гӯштӣ ва чӯб ворид мешавад.


Видеои таҳқири шоҳиди дуздии пахта аз ҷониби Ғуломӣ:



Дар акс Темур Тиллоев бо ҳамсараш Лола Каримова
Мӯҳр
н
Пахтаи точик нагуед. Он ба шахси конкретный таалук дорад, на ба хамаи мардуми точик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)