Аз терроризм то “Салафия”: 36-сол ҳукми 4 шаҳрванди Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 4 нафарро дар терроризм, ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ, зархаридӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Салафия” муҷрим шинохта, дар маҷмӯъ барои 36-сол равонаи зиндон намудааст.
Ҷӯрабек Ширинзода, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии ин чор нафар ба “Озодагон” гуфт, ҳукми ин афрод рӯзи панҷшанбеи 14 апрел содир шуд. Ба иттилои ӯ, Ромиш Бобоев 16-сол, Отабек Азимов 14-сол ва Абдураҳмон Исмоилову Хуршед Суванов ҳар кадом се солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд: “Ба ҷуз Отабек Азимов, се судшавандаи дигар -- Ромиш Бобоев, Абдураҳмон Исмоилов ва Хуршед Суванов худро пурра гунаҳкор ҳисобиданд. Дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ гуноҳи Азимов низ пурра исботи худро ёфт”.
Ба иттилои манбаъ, Ромиш Бобоев ва Отабек Азимов муҳлати ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш шадид пушти сар мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |