Қушунҳои сарҳадӣ: Марзбонони тоҷик зиндаву саломатанд
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди кушта шудани марзбонҳои тоҷик дар марз бо Афғонистонро беасос мехонад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод имрӯз, 18 апрел ба “Озодагон” гуфт, марзбонони тоҷик бо ҳеч неруе задухӯрди мусаллаҳона надоштанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои бархе расонаҳои марбут ба неруҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар пайи бархӯрди мусаллаҳонаи сарҳабдонон бо неруҳои номаълум дар минтақаи марзии ноҳияи Панҷ чанд сарбози тоҷик кушта шудааст. Аммо ҷаноби Улуғхоҷаев гуфт, “ҳама сарбозону афсарон зиндаву саломат дар марз қарор доранд. Ба сарҳади Тоҷикистон ягон хатар таҳдид намекунад ва ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Сухангӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон афзуд, неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар минтақаҳои марзии кишварашон алайҳи ҷангҷӯёни “Толибон” амалиётҳои низомӣ анҷом медиҳанд: “Сарраёсат вазъро зери назорат дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |