Бахшҳо
19 апр 2016 15:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Манъи воридоти тухм ва пӯсти мурғ ба Тоҷикистон

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, воридоти тухм ва пӯсти мурғ ба Тоҷикистон мамнуъ гардида, ин қарор танҳо ба Эрон дахл надорад.

Тавре Мурод Ашӯров, сухангӯи "Тоҷикстандарт" ба “Озодагон” иттилоъ дод, ин иқдом ба хотири дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат роҳандозӣ шудаст.

Ашӯров афзуд, ки феълан барои манъи воридоти равғани нахл аз хориҷи кишвар тадбирҳо андешида шуда истодаанд: “Зеро тавре аз санҷишҳо бармеояд, ба Тоҷикистон асосан равғани нахли пастсифат ворид карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Қурбониён Ибодулло Карим, директори оҷонсии Тоҷикстандарт гуфт, воридоти пӯсти мурғро, ки дар таркибаш моддаҳои зарарнок дорад, манъ кардаанд, аммо бархе соҳибкорон онро тариқи қочоқ ворид намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ба гуфтаи Қурбониён пусти мурғро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия ворид шуда, дар истеҳсолоти ҳасиб истифода мешуд, мамнуъ эълон кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии қаблӣ истифодаи пӯсти мурғ дар маҳсулоти ҳасиб иҷозат буд: “Мо ҳуҷҷатҳоро санҷида, таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхтем, ки пӯсти мурғро дар маҳсулоти хӯрока истифода намебаранд. Мо дар якҷоягӣ бо вазоратҳои дахлдор воридот ва истифодаи пӯсти мурғро манъ кардем”.

Раиси агентӣ афзуд, бо вуҷуди гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо истеҳсолкунандаҳои ҳасиб 3-4 ширкат ба воридоти пӯсти мурғ даст заданд. Қурбониён афзуд, ки масъулини Агентӣ охири соли гузашта аз воридоти беш аз 80 тонна пӯсти мурғ ба бозори истеъмолӣ ҷилавгирӣ кардаанд.
Мӯҳр
Ман то хол пусти мургро дар фуруш надида будам. Магар пусти мург гуфта хамон акарачкаро дар назар доранд?

nabi farhor
То имруз дар кучо будед,коргарони точикстандарт.Магар дар тули 25-сол халки точик хамин хел махсулоти пастсифат истеъмол мекард.Ё,ин ки кадоме пулдор боз манаполия кардагист.

Рамеш
Бисер кори хуб шуд. Кучоед Шербачахои точик. Истехсоли ватаниро ба рох монда, мардуми худамонро ба кор кабул намоем.

Бобомурод
То им руз мардуми точикистон аз бачои хасиби гушти мурги хасиби пусти мурги мехурдаст. Кани инсофу кани мусалмонгари?

Ина хамин хасиб чи дар Точикистон чи дар Руссия ягон чойи соз надора , хамин як сагира чурам кор мекунад дар комбинати хасиби Алексеевски , у мегуяд ки ай як тон гушт панч тон хасиб мебурорем , давомаш ба фикрам хамаба фахмо, се чор сум илова када хубаш гушт гирен , --- оянда мода насли солим даркор --- ина Чаноби Оли гуфта буданд....

АБДУЛЛОҲ
Аксар ҳасибҳое ки дар Тоҷикистон мардум истеъмол мекарданд аз ҳамин пусти мурғ буд ва барои ҳамин килои ҳасиб 6.5 то7 сомон буд.Як бор худатон рафта корхонаҳои ҳасиббарориро бо чашми худатон бинед дигар ҳасиб истеъмол намекунед.

Али
Барои хамин тухм киммат шуда бошад.Воридоташ манъ шуда будааст.

Э бача гум куне аму пусти мурга, холи ами колбасахои магазинхо хамаш ай пусти мург будааст?? И эронию туркида фаркаш нестай ки зарар дора е не ба точикистон вайода факат капитал чамъ карданай. дар вакташ да ватан птицфабрикаи калони доштем хаму системара чори кардан даркорай тамом дига у чизои харома барои мардум наеран, хама касали рагу опухл мозг пур шидай дар ватан ай дастаи хавайера.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)