Артиши Сурия аз қатли як фармондеҳи тоҷики ДИИШ гузориш дод
Артиши ҳукуматии Сурия гузориш додааст, ки дар пайи даргирии шадид барои ноҳияи Ас-Синъаи музофоти Дейруззор беш аз 75 ҷангҷӯи ДИИШ, аз ҷумла як фармондеҳи зодаи Тоҷикистон нобуд шудааст.
Расонаҳои Сурия ва Русия аз қавли артиши Башор Асад гузориш додаанд, ки 20-уми апрел аз ҷониби гуруҳи 104-уми нерӯҳои десантӣ, бо дастгирии нерӯҳои мудофиаи миллӣ ва қабилаи Шайтат 75 ҷангҷӯи ДИИШ нобуд карда шуда, ноҳияи Ас-Синъаи Дейруззор дубора ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ гузашт: “Ас-Синъа ҳамагӣ 16 соат дар ихтиёри ҷангҷӯёни ДИИШ қарор дошт”.
Хабари кушта шудани як фармондеҳи тоҷик дар Дейруззор бидуни зикри номаш дар ҳолест, ки ба иттилои ахири мақомоти Тоҷикистон дар сафи ДИИШ 1092 ҷангҷӯи тоҷик меҷанганд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |