Ҷавоне, ки ба гулӯяш сирко рехтанд, даргузаштааст
Асрор Усмонзода, муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи ба гулӯяш рехтани сирко ва маҳлули аммиак дар бемористон қарор дошт, фавтидааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, Усмонзода соати 8:30 (ба вақти Маскав)-и имрӯз, 21 апрел ба ҳалокат расидааст. Ӯ бо такя ба иттилои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екетеренбург мегӯяд, шаби гузашта ҳолати Асрор хуб шуда будааст: “Тамоми санадҳо барои интиқоли ҷасад омода шудааст ва имрӯз ё фардо он ба ватан фиристода мешавад”.
Ин муҳоҷири 23-солаи тоҷик сокини вилояти Суғд буда, субҳи 9 апрел ба беморхона интиқол ёфтааст. Қаблан, Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” гуфта буд, ба гулӯи Асрор Усмонзода афроди номаълум баъди он сирко рехтаанд, ки барои пурсидани ҳақмуздаш ба ширкати “АкСтройКапитал” рафтааст. Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои русӣ мегӯянд, Асрор худаш сирко хӯрдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |