Бахшҳо

Тирхӯрии Каримов баъди суоли “муҳтарамҳо, таксӣ фармудед?” (АКС)

Ҷумъахон Каримов, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Маскав ба мусофиркашӣ машғул будааст, ҳадафи тир қарор гирифтааст.

Ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” мегӯяд, ҳамла ба Каримов соати 10:00-и шаби 3 апрел аз сӯи се нафар, бо шумули як корманди пулис сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҷумъахон Каримов бо як шаҳрванди Русия издивоҷ кардаву ду фарзанд дорад: "Ӯ иҷозатномаи муваққатӣ барои иқомат дошта, дар ноҳияи Рузскийи вилояти Маскав ба мусофиркашӣ машғул будааст. Шаби сеюми апрел фармоиш мегирад, ки ба маҳаллаи Тучков, кӯчаи Лебеденко, хонаи 28 ҳозир шавад. Баъди расидан ба суроғаи мазкур, ронандаи тоҷик ҷониби одамони истода гуфтааст, ки “муҳтарамҳо, таксиро даъват кардед?”. Дар посух яке аз мизоҷони эҳтимолӣ, ронандаи тоҷикро “чурка...” хитоб карда, бо лаҳни таҳқиромез фармудааст, ки аз мошин берун барояд. Дар ин вақт яке аз ду нафари дигар, ки каме дуртар истода будаанд, бо силоҳи навъи карабини думила ҷониби ӯ тир холӣ намудааст. Ҷумъахон Каримов бо вуҷуди ҷароҳати бардошта, ба ҳамлагарон муқовимат нишон додааст. Баъди аз дасти яке аз ҳамлагарон афтидани силоҳ, онҳо фирор мекунанд".

Сомонаи ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” менависад, ҷабрдидаро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳри Рузаи вилояти Маскав интиқол додаст. Дар ҳоле, ки муҳоҷири тоҷик дар беморхона бистарӣ шудааст, ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Рузаи вилояти Маскав ариза пешниҳод кардаанд, ки гӯиё ҳадафи ҳамлаи як нафари зоҳиран осиёӣ қарор гирифтанд ва барои ҳимоя аз худ силоҳи оташфишонро кор бурданд. Ин се нафар шаҳрванди Русия буда, яке аз онҳо корманди пулис будааст. Айни ҳол ҳамаашон дар озодӣ мебошанд.

Ҳамсари Каримов -- Ксения Белоглазова барои ба назди Ҷумъахон омадани падару бародараш мошини ӯро фурӯхтааст. Дар ҳоли ҳозир ҳамсар ва наздикони Ҷумъахон Каримов барои ҷарроҳии дуюми ӯ маблағ ҷамъоварӣ доранд.


Тирхӯрии Каримов баъди суоли “муҳтарамҳо, таксӣ фармудед?” (АКС)

Тирхӯрии Каримов баъди суоли “муҳтарамҳо, таксӣ фармудед?” (АКС)
Мӯҳр
рустам
бечораи мухочири точик

nabi farhor
Ин ходисахое,ки шудаистодааст бисёр аламовар аст.Чаро шахрванди Англия,Фаронса,ИМА,Канада ва дигар давлатхоро тахкиир намекунанд,ба катл намерасонад.Барои,он ки вайхо пуштибон доранд.То ба кай ин хомуши.Ман Р.Озодагон ва Р.Озодиро бе танафус хамаи нашрияхояшонро мутолиа мекунам.Кариб ки бехбуди нест,факат проблема.Худоё мухочирони моро дар панохат нигох дор.

точикистони нав
инро макомот мехонда бошанд чаро заррае номус намекунанд ?

Мурод
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)