Табибон: Саломатии кӯдаке, ки 6-моҳа таваллуд шуд, хуб аст
Табибони таваллудхонаи ноҳияи Восеъ мегӯянд, аввали ин ҳафта зане дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ фарзанд ба дунё овард ва ғайриинтизори онҳо солиму бардам аст.
Ба гуфтаи онҳо, одатан чунин кӯдаконро “норасид” мегӯянд ва ҳолатҳои хеле каме иттифоқ меафтад, ки онҳо баъди таввалуд зинда монанд ё бидуни нуқс бошанд: “Ин кӯдак 18 апрел ба дунё омад. Саломатиаш хуб аст ва ягон нуқс ҳам надорад. Рӯзи гузашта аз беморхона ҷавоб додем”.
Табибон мегӯянд, ин кӯдак як кило вазн дошта, қадаш ба 34 см мерасад. Зуҳро, модари ин тифл ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин панҷумин фарзандаш мебошад ва ҳоло саломатии худашу кӯдакаш хуб аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |